Тошкандиён соле 40 ҳазор тонна ангур мефурӯшанд

  • Тошкандиён соле 40 ҳазор тонна ангур мефурӯшанд
  • Тошкандиён соле 40 ҳазор тонна ангур мефурӯшанд
  • Тошкандиён соле 40 ҳазор тонна ангур мефурӯшанд

Дар деҳаи Заркенти ноҳияи Паркенти вилояти Тошканд дар сайрҳои маҳсулоти полизӣ навбат ба ангур расид.

Маълум аст, ки Паркент ба ангурҳои пурнавъу болаззати худ машҳур мебошад. Аз ин боис, дар сайри ин меваи биҳиштӣ на танҳо навъҳои ба ин маҳал хос, балки ангурпарварон бо маҳсулоти худ аз дигар минтақаҳо низ ширкат намуданд. Дар сайри ангур на фақат меваи маҳсули дасти деҳқон, балки ҳар чӣ аз ангур ва шарбати он омода мегардад, ба бинандагон пешкаш гардид. Хусусан, шаробу мактабу усулҳои шаробпазӣ ба таври васеъ пешкаш гашта буд.

Аз пойтахт намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, сайёҳон низ ба дидани ин базми ҳосил шитофтанд.

Дар айни ҳол дар вилояти Тошканд аз 19 ҳазор гектар соле 40 ҳазор тонна ангур ба 11 мамлакат фурӯхта мешавад.

Аксбардор: Рашид Галеев.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: