«... Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ!»

Тибқи маълумоти сохторҳои дахлдор соле тақрибан 1 миллиард тонна сӯзишвории стандартӣ сӯхта, садҳо миллион тонна оксиди азот, сулфат, оксиди карбон, дуд, хокистар ва чанг ба атмосфера партофта мешаванд.

Маълум аст, ки муҳит – макони зист ва олами табиии атрофи инсон ба шумор меравад. Мутаассифона, дар асри 21, ки асри техникаи навин маҳсуб меёбад, истеҳсолоти ҷамъиятӣ муҳити атрофро тағйир дода, ба он бевосита ё бавосита таъсир мерасонад. Ҳифзи табиат вазифаи аввалиндараҷа маҳсуб меёбад.

Баъди ба даст омадани Истиқлолият дар кишварамон маҷмӯи дастурҳо ва барномаҳо таҳти унвони «Муҳофизати табиат», «Макони сабз», маҷмӯи чорабиниҳо оид ба ҳифзи табиат, истифодабарии оқилона аз сарватҳои табиии Замин, аз ҷумла гуногунии намудҳои олами набототу ҳайвонот, сарватҳои зеризаминӣ, тозагии об ва ҳаво ба тасвиб расида, амалигардонии он зери назорати қатъист.

Вале, мутаассифона, хатари тағйирёбии бебозгашти муҳити табиии минтақаҳои алоҳидаи кураи Замин ба туфайли рушди фаъолияти иқтисодии инсон рӯ ба нестшавӣ мегардад. Назар ба маълумотҳо ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 1 намуди (ё зернамуд) ҳайвонот ва як намуди растанӣ зери хатари нобудшавӣ қарор дорад.

Тибқи маълумоти сохторҳои дахлдор соле тақрибан 1 миллиард тонна сӯзишвории стандартӣ сӯхта, садҳо миллион тонна оксиди азот, сулфат, оксиди карбон, дуд, хокистар ва чанг ба атмосфера партофта мешаванд. Обу хок бо партовҳои саноатӣ ва маишӣ, маҳсулоти нафтӣ, нуриҳои минералӣ ва пеститсидҳо, металлҳои вазнин (симоб, сурб ва ғ.) олуда мешаванд, яъне хавфи вайрон кардани экрани озони Замин вуҷуд дорад.

Бо дигар мисол метавон гуфт, ки хавфи тағйирёбии беназорати муҳити зист ва дар натиҷаи ин таҳдиди мавҷудияти организмҳои зинда дар рӯи Замин, аз ҷумла ба одамон барои ҳифз ва ҳифзи табиат чораҳои амалии қатъӣ дидан, тартиби ҳуқуқии истифодаи сарватҳои табииро талаб мекунад.

Барои ҳалли ин муаммо ташкили технологияи бепартов, иншоотҳои тозакунӣ, ба тартиб андохтани истифодаи баъзе моддаҳо, инчунин ба вуҷуд овардани минтақаҳои муҳофизати заминҳо дохил мешаванд. Бояд қайд кард, ки бо мақсади парвариши ҳайвонот ва растаниҳои нодир ва зери хатари нобудшавӣ рафтани баъзе растаниву дигар аъзои Замин Китоби Сурхи умумиҷаҳонӣ таҳия гардидааст.

Бояд гуфт, ки дар кишвари мо тадбирҳои ҳифзи муҳити зист дар замин, хоҷагии ҷангал, об ва дигар қонунгузории миллӣ пешбинӣ шудаанд, ки ҷавобгариро барои вайрон кардани меъёрҳои экологӣ муқаррар мекунанд. Дар миқёси байналмилалӣ дар баробари таъсиси созмонҳои гуногуни байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи табиат Барномаи СММ оид ба муҳити зист низ амал мекунад.

Дар ин навбат шаҳрвандон бояд бетараф набошанд ва бояд қайд намоем, ки муҳофизати табиат, ки имрӯз мушкилоти иҷтимоӣ гардидааст, вазифаи ҳар яки мост. Одитар карда гӯем, ҳифзи табиат ва муҳити атроф аз оила сар мешавад Ҳар як аъзои оила бояд ба он риоя кунад. Бигирем, биноҳои серошёнаро, ки аз вилоятҳо ва гӯшаву канори шаҳрҳо омада, сари кореро гирифта, аксарият иҷора мешинанд. Баъзе иҷоранишинҳо ба муҳити зист, атрофу акнофи худ хунукназаранд. Партовҳои худро дар роҳрав, атрофи бино, паси дар ва ҷӯйчаҳои ҳавлӣ мепартоянд.

Барои пешгирӣ кардани ин рафтори бешууронаву бетартибии онҳо, ба амал татбиқ намудани барномаи «Макони сабз» ва дигар масъалаҳо дар маҳаллаи «Янги Чоштепа»-и ноҳияи Янгиҳаёти пойтахт бо иштироки ҳокими ноҳия Ҳаёт Иноғомов, сардорони хонаҳои серошёна, фаъолони маҳалла ва маҳаллаҳои дигар чорабинӣ баргузор гардид. 

– Дар ошёнаи якум зиндагӣ мекунам. Аз қабатҳои болоӣ партовҳояшонро мепартоянд, ки он чанд рӯз дар таги тирезаи ман бӯй гирифта хоб мекунад. Ҳар доим партовҳои онҳоро худам гирифта, ба партовгоҳ мебарам. Ҳатто дар ба дар гашта он нохалафҳоро дошта натавонистам, – мегӯяд Фаридаапаи 70-сола.

– Фаридаапа дуруст мегӯяд. Фаррошон саҳарӣ рӯфта тоза мекунанд, то бегоҳ мебинӣ, ки аҳвол боз ҳамин тавр. Агар ҳар як оила, падару модар ба фарзандони худ маданияти тозагӣ, бо ин восита ҳурмат ба ҳамсояҳоро фаҳмонад, чунин ҳолатҳои нохуш, ба фикрам, пешгирӣ карда мешавад, – гуфт мушовири занону духтарон ва кор бо оилаи маҳалла Маҳмуда Орифова.

Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки ҳар як роҳрав аз ҷониби ҳар як сокини ҳамон бино ва сардори бино зери назорати қатъӣ гирифта шавад, дар даромадгоҳи роҳравҳо бояд дастгоҳҳои назоратӣ васл карда шаванд

Ба аҳолӣ, ба ҷавонон маданияти гигиена, ҳурмати якдигар, хусусан ҳамсояҳои девордармиёнро бояд омӯзонд. Рӯзе ба кор шитоб мекардам. Чашмам ба ҷавононе, ки даруни мошин нишаста аз тирезаи он пӯчоқи пистаро мепартофтанд ва зери ойнаи мошин пури пӯчоқ буд, афтид. Дар он сӯйи кӯча фаррошзани солхӯрда ба рӯфтан машғул буд. Дилам ба фаррошзан сӯхт ва ба ҷавонон нигоҳ карда гуфтам:

– Ба ҷойи фаррош модари худро гузор.

– Хола маош мегирад, – бепарвоёна ҷавоб дод ҷавон.

Аз рафтори ҷавонҳо нафасгир шудам ва садо баланд кардам: «Бетарбия, бемаданият!»

Оре, ҳар рӯз фаррошон ба пешвози субҳи нав роҳ тоза мекунанд ва ҳар яки мо бо табъи болида ба кору дигар машғулоти зиндагиамон оғоз мебахшем. Ҳар як инсони солимфикр бояд ба қадри меҳнати якдигар бирасад.

Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ барҳақ фармудааст:

Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ!

Саодат Бекназарова,

хабарнигори «Овози тоҷик».            

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: