Президент: ҳар як дастоварду натиҷа, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани шарафи инсон, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои ӯ хизмат мекунад

  • Президент: ҳар як дастоварду натиҷа, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани шарафи инсон, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои ӯ хизмат мекунад

Мутобиқи фармонҳои Президент Шавкат Мирзиёев бахшида ба 34-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ намояндагони соҳаҳои гуногун бо унвонҳои фахрӣ, ордену медалҳо сарфароз гардиданд. 27 август дар шаҳри Тошканд маросими супоридани ин мукофотҳо баргузор шуд.

Сарвари давлат ҳамаи ҳамватанонро бо Рӯзи истиқлолият табрик намуда, ба моҳияти ислоҳоту натиҷаҳои бадастомада муфассал таваққуф кард.

– Имрӯз ҳамаамон шоҳид ҳастем, ки ислоҳоте, ки дар Ӯзбекистони Нав характери бебозгашт гирифтаанд, чӣ гуна натиҷаҳои бузург медиҳанд. Дар ҳашт соли охир маҷмӯи маҳсулоти дохилии мо босуръат афзуд ва имрӯз ба 115 миллиард доллар расид. Бори аввал мехоҳам рақами дигарро эълон кунам: мувофиқи пешгӯии Сандуқи байналмилалии асъор, имсол ҳаҷми иқтисодиёт аз 130 миллиард доллар зиёд хоҳад шуд. То имрӯз чунин суръати рушд ва чунин баҳои баланд аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ дар мо вуҷуд надошт, – таъкид намуд Шавкат Мирзиёев.

Ин гуна натиҷаҳо бо шарофати дастгирии фаъолонаи соҳибкорӣ, сохтмони маҷмааҳои муосири саноатӣ, гузариш ба иқтисоди «сабз» ва инноватсионӣ, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, туризм ва хизматрасониҳои молиявӣ имконпазир гардиданд.

Дар кишвар шаҳрҳои муосир бунёд мешаванд, деҳот ва маҳаллаҳо обод мегарданд. Дар ҳашт сол зиёда аз 500 ҳазор хонаҳои бисёрошёна – чор баробар зиёдтар нисбат ба 25 соли аввали истиқлолият сохта шуданд. Барои беҳсозии инфрасохтори маҳаллаҳо, ободонии деҳот ва роҳҳо 60 триллион сум равона гардид. Бо сармоягузории 155 миллиард доллар беш аз 100 ҳазор лоиҳа татбиқ шуда, зиёда аз 7 миллион шаҳрванд манбаи даромад пайдо карданд.

– Ин дастовардҳои бузурги таърихӣ натиҷаи ислоҳоти васеъмиқёс ва амиқан андешидашуда, муҳимаш – тағйир ёфтани тафаккур ва ҷаҳонбинии мардум мебошанд. Биноҳои навбунёд, маҷмааҳои муосир, хонаҳои барҳаво, мактабҳо, кӯдакистонҳо, муассисаҳои тиббӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ қудрати иқтисодӣ ва иқтидори созандаи Ӯзбекистони Навро возеҳ нишон медиҳанд. Ва муҳимтар аз ҳама, новобаста аз он ки дар кадом соҳа комёбӣ бадаст меояд, ҳар як натиҷа пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани шарафи инсон, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои ӯ равона мешавад, – таъкид кард Сарвари давлат.

Дар ҳашт соли охир ба инфрасохтори иҷтимоӣ шаш маротиба бештар маблағ ҷудо карда шуд. Дар натиҷа, шумораи ҷойҳо дар кӯдакистонҳо аз 720 ҳазор то 2,5 миллион зиёд шуд. 466 мактаби нав сохта шуда, қариб як миллион ҷойи нави таҳсилӣ фароҳам оварда шуд. Шумораи донишҷӯён аз 279 ҳазор то 1,5 миллион афзуд, фарогирии таҳсилоти олӣ ба 40 фоиз расид.

Ҳафтаи гузашта бахшида ба Рӯзи соҳибкорон 168 намояндаи пешқадами соҳаи бизнес, кишоварзон ва деҳқонон бо мукофотҳои баланди давлатӣ сарфароз гардиданд.

– Ман ҳамеша чунин ҳамватанони фидокор ва ташаббусҳои онҳоро дастгирӣ ва ҳавасманд мекунам. Ин тасодуфӣ нест. Ҳамаатон хуб медонед: даҳ сол пеш мо асосан ашёи хом содир мекардем. Имрӯз ҳаҷми содироти саноатӣ аз 28 миллиард доллари соли 2016 то 62 миллиард афзуд. Мо бидуни фароҳам овардани шароит барои соҳибкорон ба чунин натиҷаҳо мерасидем? Албатта, не, – гуфт Президент.

Таъкид гардид, ки имрӯз соҳибкорон ба такягоҳи воқеии иқтисод табдил ёфтанд. Кифоя аст ба соҳаи сохтмон нигарем: пештар бо чунин суръат рушд намекард. Агар пеш сохтмон танҳо бо фармоиши давлатӣ амалӣ мегардид, имрӯз шумораи ширкатҳои хусусии сохтмонӣ аз 30 ҳазор гузаштааст, ҳаҷми истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ба 6 миллиард доллар наздик шуд. Ӯзбекистон ба як майдони бузурги сохтмонӣ табдил ёфтааст. Танҳо соли гузашта корҳои сохтмонӣ ба маблағи 23 миллиард доллар – чор баробар зиёдтар нисбат ба соли 2016 иҷро шуданд.

Тағйироти бузург инчунин дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати нассоҷӣ, электротехника, мошинсозӣ ва дорусозӣ ба амал меоянд.

Ба рушди соҳаи хизматрасонӣ низ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад.

– Агар пеш ҳаҷми содироти туризм ҳатто ба 500 миллион доллар намерасид, имрӯз ин нишондиҳанда аз 3 миллиард зиёд аст. Ҳафт–ҳашт сол пеш на ҳар  кас ба имконияти содироти маҳсулоти IT ба маблағи як миллиард доллар бовар мекард. Муҳимаш он аст, ки ба ҳамаи соҳаҳо донишҳои нав ва технологияҳои муосир ворид шуданд. Ин боиси таъсиси садҳо ҳазор ҷойҳои корӣ ва омода шудани артишҳои мутахассисони баландихтисос гардид. Дар ҳар соҳа стратегияи худ ва мактаби таҷрибаи Ӯзбекистони Нав ташаккул ёфт.

– Дар офаридани чунин таърихи нав, симои навини кишвари мо саҳми арзандаи шумо низ ҳаст, ҳамватанони азиз. Барои ин ба шумо изҳори миннатдории амиқ мекунам, – афзуд Сарвари давлат.

Президент ҳамчунин шаҳрвандонеро, ки дар минтақаҳо мукофот гирифтанд, табрик намуд.

Баъдан, ба сарфарозшудагон нишони унвонҳои фахрӣ, ордену медалҳо ботантана супорида шуданд.

– Ҳадафи олитарини истиқлолияти мо – таваҷҷуҳ ба инсон, баланд бардоштани шарафу меҳнати ӯ ва беҳсозии зиндагии халқи шарифамон аст. Ҳамаи мо махсусан дар ҳамин лаҳзаҳо инро амиқ эҳсос мекунем. Бигзор бахти бузург – дидани қадрдонии шоистаи заҳмат ва бархурдор шудан аз эҳтироми ҷомеа – ҳеҷ гоҳ шуморо тарк накунад, – гуфт Президент.

Сарфарозшудагон барои таваҷҷуҳи баланд изҳори сипос намуда, ба мардуми Ӯзбекистон таманниёти нек изҳор карданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: