Шавкат Мирзиёев ба Осорхонаи миллии Ӯзбекистон асос гузошт

  • Шавкат Мирзиёев ба Осорхонаи миллии Ӯзбекистон асос гузошт
  • Шавкат Мирзиёев ба Осорхонаи миллии Ӯзбекистон асос гузошт
  • Шавкат Мирзиёев ба Осорхонаи миллии Ӯзбекистон асос гузошт
  • Шавкат Мирзиёев ба Осорхонаи миллии Ӯзбекистон асос гузошт
  • Шавкат Мирзиёев ба Осорхонаи миллии Ӯзбекистон асос гузошт
  • Шавкат Мирзиёев ба Осорхонаи миллии Ӯзбекистон асос гузошт
  • Шавкат Мирзиёев ба Осорхонаи миллии Ӯзбекистон асос гузошт
  • Шавкат Мирзиёев ба Осорхонаи миллии Ӯзбекистон асос гузошт
  • Шавкат Мирзиёев ба Осорхонаи миллии Ӯзбекистон асос гузошт
  • Шавкат Мирзиёев ба Осорхонаи миллии Ӯзбекистон асос гузошт

Президент Шавкат Мирзиёев 27 август ба сохтмони Осорхонаи миллии Ӯзбекистон санги асос гузошт.

Истиқлолияти кишвари мо ба пояи эҳёи худшиносии миллӣ ва амалӣ шудани орзуҳои нек табдил ёфт. Иди имрӯзаи Истиқлол, мисли солҳои гузашта, бо рӯйдодҳои фараҳбахш мегузарад. Яке аз чунин рӯйдодҳои таърихӣ оғози бунёди Осорхонаи нави миллӣ гардид.

Ҳангоми боздид аз майдони сохтмон ба Президент дар бораи тарҳи бино, хусусият ва марҳилаҳои сохтмон маълумот пешниҳод карда шуд.

Тарҳи осорхона аз ҷониби дафтари меъмории Ҷопон Tadao Ando Architect & Associates бо ҳамкории ширкати олмонии Atelier Brückner таҳия шудааст. Симои меъморӣ дар худ мураббаъ ва секунҷаро дар бар мегирад, ки рамзи ҳамоҳангии фарҳангҳои Шарқу Ғарб мебошад. Маҷмаа аз осорхонаи сеошёна, ду ошёнаи зеризаминӣ ва биноҳои ёридиҳанда иборат хоҳад буд. Пудратчии асосии сохтмон ширкати чинӣ CSCEC International Construction мебошад.

Дар шаҳри Тошканд маросими бахшида ба оғози сохтмон баргузор шуд. Дар майдони назди Боғи миллии Ӯзбекистон аҳли фарҳангу ҳунар, олимон, нависандагон, собиқадорон ва намояндагони ҷомеа ҷамъ омаданд.

Президенти мамлакат ҳозиринро бо Иди Истиқлолият табрик намуда, таъкид кард:

– Ҳамзамон бо рушди тамоми соҳаҳо мо барои эҳёи арзишҳои худ талош меварзем. Маҷмааҳои бузургеро, ба мисли Маркази тамаддуни исломӣ, маҷмааи Имоми Бухорӣ, Шаҳраки олимпӣ месозем. Ҳадафи асосӣ аз он иборат аст, ки ин биноҳо ба моликияти мардум табдил ёбанд. Имрӯз мо сохтмони як иншооти таърихии дигар – Осорхонаи миллии Ӯзбекистонро оғоз мекунем. Ин осорхона ба маркази илм, маърифат ва фарҳанг табдил ёфта, мероси сеҳазорсолаи ғании моро ба мардум, ҷомеаи байналмилалӣ ва наслҳои оянда мерасонад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Тавре таъкид шуд, имрӯз дар 30 осорхонаи Тошканд зиёда аз як миллион нигораҳо нигоҳдорӣ мешаванд. Аз онҳо 100 ҳазор ба Осорхонаи давлатии санъат тааллуқ дошта, вале ҳамагӣ 2,4 ҳазор ба намоиш гузошта шудаанд. Беш аз 97 ҳазор асарҳои нодир бинобар набудани майдонҳои намоишӣ дар анборҳо нигоҳ дошта мешаванд.

– Осори нодири санъат, ки фарҳанги Осиёи Марказӣ, Чин, Ҷопон, Ҳиндустон ва Аврупоро таҷассум мекунанд, на танҳо сарвати бебаҳои миллати мо, балки тамоми башарият мебошанд. Нигоҳдории ин арзишҳо барои наслҳои оянда ва нишон додани онҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ қарзи муқаддаси мост, – таъкид намуд Президент.

Ин гуна осорхонаи бузург бори аввал дар таърихи кишвари мо бунёд мегардад. Масоҳати умумии он 40 ҳазор метри мураббаъро ташкил хоҳад дод. Дар толорҳои намоишӣ, китобхона, озмоишгоҳҳои барқарорсозӣ ва анборҳо шароити муосиртарин фароҳам оварда мешавад.

Ин имкон медиҳад, ки дар як ҷой нигораҳои пароканда аз осорхонаҳои пойтахт – осори қадимӣ ва муосир, ашёҳои таърихӣ гирд оварда шаванд. Ҳамзамон дар ин ҷо то 10 ҳазор экспонат ба намоиш гузошта мешавад.

Ғайр аз ин, дар масоҳати 4 ҳазор метри мураббаъ толорҳои конфронс, синфхонаҳо, тарабхонаҳо ва майдончаҳои кӯдакона ҷойгир мешаванд.

Пас аз ба истифода додан осорхона бо мадрасаи Абулқосим, Қасри дӯстии халқҳо ва Боғи миллии Ӯзбекистон як композитсияи ягонаи меъморӣ ташкил медиҳад. Инчунин, он ба маркази сайёҳии мавзӯӣ табдил ёфта, барои ҳамватанон ва меҳмонони хориҷӣ ҷолиб хоҳад шуд.

Дар оянда ба нақша гирифта шудааст, ки ҳамкории зич бо Лувр, Осорхонаи Метрополитен, Осорхонаи Бритониё ва дигар муассисаҳои маъруфи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуда, намоишгоҳҳо ташкил ва экспонатҳои нодир оварда мешаванд.

– Боварӣ дорам, ки маҷмааи сохташаванда нақши кишвари моро дар таърих ва тамаддуни ҷаҳон боз ҳам равшантар нишон медиҳад. Он на танҳо як сол ё даҳсолаҳо, балки ба даҳҳо насл хидмат мекунад, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев дар анҷоми суханронии худ.

Сипас, Сарвари давлат ба пояи асос капсуларо гузошта, расман оғози сохтмонро эълон намуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: