Президенти Ӯзбекистон вазири корҳои хориҷии Ҷопонро қабул кард

  • Президенти Ӯзбекистон вазири корҳои хориҷии Ҷопонро қабул кард
  • Президенти Ӯзбекистон вазири корҳои хориҷии Ҷопонро қабул кард
  • Президенти Ӯзбекистон вазири корҳои хориҷии Ҷопонро қабул кард
  • Президенти Ӯзбекистон вазири корҳои хориҷии Ҷопонро қабул кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 27 август ҳайатеро таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Такэси Иваэ, ки бо сафари расмӣ дар кишвари мо қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Меҳмони олӣ паёми самимии салом ва табрикоти Сарвазири Ҷопон Сигэру Исибиро бахшида ба Рӯзи истиқлолияти Ӯзбекистон ба Сарвари давлати мо расонд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии байни Ӯзбекистону Ҷопон ва густариши ҳамкории бисёрҷанба баррасӣ гардиданд.

Бо қаноатмандии махсус таъкид шуд, ки тамосҳои фаъол ва рушди босуръати ҳамкории амалӣ идома доранд. Натиҷаҳои пурбаракати нахустин ҷаласаи Муколамаи стратегии вазирони корҳои хориҷии ду кишвар, ки имрӯз баргузор гардид, баланд арзёбӣ шуданд.

Ҳаҷми гардиши мол афзоиш меёбад, лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ бо иштироки ширкатҳои пешбари Ҷопон амалӣ мешаванд. 17 август чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи миллии Ӯзбекистон дар Намоишгоҳи ҷаҳонии «EXPO 2025» дар шаҳри Осака бо муваффақият доир гардиданд.

Ба амиқ намудани муколамаи сиёсӣ, пешбурди лоиҳаҳои мушаххаси ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, молиявию техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

Нақшаҳо оид ба густариши фаъолияти Маркази Ӯзбекистону Ҷопон ва дар оянда дар асоси он таъсис додани донишгоҳи муштарак бо иштироки донишгоҳҳои пешбари Ҷопон дастгирӣ ёфтанд.

Инчунин, оид ба масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла баргузории ҳамоиши дарпешистода дар формати «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» табодули афкор сурат гирифт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: