Президент Шавкат Мирзиёев 27 август бо фурудгоҳи нав, ки дар заминаи аэродроми «Тошканд-Шарқӣ» бунёд шудааст, шинос шуд.
Бо рушди кишвари мо ва таҳкими нуфузи байналмилалии он робитаҳо бо ҷаҳон рӯз то рӯз фаъолтар мегарданд. Дар ин замина оид ба рушди ҳамаҷонибаи инфрасохтори нақлиёт пайгирона чораҳо амалӣ мешаванд.
Яке аз чунин лоиҳаҳои стратегии муҳим маҷмааи авиатсияи бизнес дар заминаи аэродроми «Тошканд-Шарқӣ» мебошад. Сохтмони он соли 2017 оғоз ёфта буд. Ин лоиҳаи бузург, ки марҳилаҳои пандемия ва душвориҳои минбаъдаро паси сар кард, бомуваффақият ба анҷом расид.
Фурудгоҳ масоҳати умумии 561 гектарро дар бар мегирад. Шоҳроҳи парвозу фуруди дарозиаш 4 километр ва 3 роҳрави ҳаракат аз нав таҷдид шуда, имконият пайдо гардид, ки ҳатто ҳавопаймоҳои аз ҳама вазнинро низ қабул намояд. Перрон барои 20 «ҳавопаймо» сохта шуд. Барои ҳавопаймоҳои “Boeing 787”, “A-320”, ҷетҳои бизнес ва чархболҳо ангарҳо бунёд гардиданд. Ин ангарҳо шароит фароҳам меоранд, ки ҳавопаймоҳо дар зимистон гарм, дар тобистон салқин нигоҳ дошта шуда, амнияти онҳо таъмин гардад.
Дар фурудгоҳ терминалҳои VIP ва CIP сохта шудаанд. Дар толори меҳмонони олимақом тамоми шароит барои қабули расмӣ, гуфтушунидҳо ва брифингҳо фароҳам оварда шудааст. Терминали CIP, ки иқтидори қабули 100 мусофирро дар як соат дорад, дорои мағозаҳо ва нуқтаҳои хӯрокворӣ хоҳад буд.
Аз ҳама муҳимаш, фурудгоҳ бо системаҳои муосири радиотехникӣ ва метеорологии категорияи ICAO III-A муҷаҳҳаз мешавад. Ин имконият медиҳад, ки парвозу фуруд ҳатто дар шароити душвори обу ҳаво таъмин гардад.
Ба шарофати ҷойгиршавии қулай, фурудгоҳи нав ба гиреҳи муҳими нақлиётии пойтахт ва Тошканди Нав табдил меёбад. Имкониятҳо барои ташрифи байналмилалӣ ва сафарҳои тиҷоратӣ васеъ мегарданд, барои сармоягузорони хориҷӣ шароит беҳтар мешавад. Дар натиҷа фаъолияти иқтисодӣ меафзояд, соҳаи хизматрасонӣ такон мегирад ва ҷойҳои нави корӣ пайдо мешаванд.
Сарвари давлат ҳамчунин бо намояндагони ҷомеа ва калонсолон дар маҳал суҳбат анҷом дод.
– Пас аз омодагии тӯлонӣ мо фурудгоҳи навро бунёд кардем, ки сатҳи баланди хидматрасониро барои меҳмонони кишвари мо таъмин мекунад. Ин имконият медиҳад, ки фурудгоҳи байналмилалии Тошканд аз серборӣ сабук гардад. Барои он низ сохтмони маҷмааи бузург дар ҷойи дигар пешбинӣ шудааст. Умуман, дар ҳамаи минтақаҳо лоиҳаҳои азим амалӣ мешаванд. Бигзор ин иншоотҳои нав некӯаҳволии моро таҳким бахшанд ва ба халқ хизмат кунанд, дар кишвар ҳамеша сулҳу осоиш ҳукмфармо бошад, – таъкид кард Президент.