Чаҳорумин форуми миллии омӯзгорон

Дар арафаи соли нави хониши 2025-2026 дар шаҳри Учқудуқ чун анъана чаҳорумин форуми миллии омӯзгорони вилояти Навоӣ баргузор гардид.

Машғулотҳои аввалини форум дар мактаби рақами 20 оғоз гардида, дар он роҳбарони мактабҳо ва мураббиёни соҳа, дарсҳои намунавӣ гузарониданд.

Ҷамъомади умумии иштирокдорони форум дар хонаи маданияти «Учқудуқ» баргузор шуд. Дар кори он ҷонишини ҳокими ноҳия Нурладин Муратов иштирок намуд ва ҳозиринро бо фарорасии иди бошукӯҳи Истиқлол ва оғози соли нави хониш табрик намуд.

Дар поёни ҷамъомад омӯзгорони соҳибтаҷриба ва мураббиён бо тӯҳфаҳо мукофотонида шуданд. Ҳамчунин ба кӯдаконе, ки соли равон ба мактаб меоянд, тӯҳфаи Президент иборат аз 13 намуд ашёи хониш супорида шуд. Соли равон 946 нафар кӯдакон бори аввал ба остонаи мактаб қадам мегузоранд.

Имрӯз 27 фоиз омӯзгорони ноҳия дорои тоифаи олӣ, 28 фоиз дорои тоифаи якум, 15,7 фоиз дорои тоифаи дуюми тахассусӣ мебошанд. 40 нафар омӯзгор аз имкониятҳои муҳайёнамудаи сарвари давлат баҳраманд гардида, аз 1000 то 1500 доллари амрико маош мегиранд.

Дар ноҳияи Учқудуқ кори таълиму тарбия хуб ба роҳ монда шудааст. Ноҳия нисбати холҳои ба дастовардаи хатмкунандагон ҳангоми дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Ӯзбекистон байни 208 ноҳияву шаҳр дар даҳгонаи аввал мустаҳкам мавқеъ гирифтааст.

Ӯзбакбойи Раҳмон,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: