Роҳнамо дар роҳи маърифат

Дар паси ҳар як муассисаи таълимии муваффақ, шахси фидоӣ қарор дорад – шахсе, ки бо дониш, таҷриба ва муҳаббати самимии худ роҳи ҳаёти садҳо шогирдонро равшан мекунад.

Дар замони пурпечутоби рушди ҷомеа, илму технология ва талаботи рӯзафзуни соҳаи маориф нақши сарвари мактаб беш аз ҳарвақта муҳимтар гардидааст. Мактаб имрӯз на танҳо маркази таълим, балки муҳити тарбияи шахсияти комил, созандаи ҷомеаи фардо ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин раванд роҳбари муосир ҳамчун раҳнамо ва танзимкунандаи асосии тамоми ҷараёнҳои таълимӣ ва тарбиявӣ баромад мекунад.

Рушди ҷомеа ва некӯаҳволии миллӣ ҳамеша бо тарбияи насли наврас, кадрҳои наве, ки донишҳои муосирро амиқ аз худ намудаанд, алоқаманд аст. Дар мамлакати мо тарбияи насли наврас, ташаккули ҷаҳонбинии онҳо дар асоси арзишҳои нав ба сатҳи сиёсати давлатӣ бардошта шуда, барои соҳиби маълумоти мукаммал шудани онҳо тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Натиҷаи ҳамин аст, ки хатмкунандагони шаҳру ноҳия-ҳои вилояти Намангон, ки ба сӯйи фардо ғайратмандона қадам мезананд, қуллаҳои баланди илмро фатҳ намуда, комёбиҳоро давом медиҳанд.

Яке аз чеҳраҳои намунавӣ, ки бо меҳнат, масъулият ва садоқат ба кори худ шуҳрат пайдо кардааст, директори мактаб-интернати давлатии тахассусонидаи 9-уми ноҳияи Косонсой – Маъмура Султонова мебошад.

М. Султонова зиёда аз 40 сол аст, ки дар соҳаи маориф фаъолият менамояд. Ӯ фаъолияти худро ҳамчун омӯзгори фанни математика оғоз намуда, 17 сол инҷониб сарварии мактабро бар ӯҳда дорад. Дар давоми фаъолияти роҳбарии худ дар мактаб тавонистааст як муҳити омӯзиши солим, муассир ва пурмаҳсулро барои хонандагон ташкил намояд.

Сарвари ҳақиқии мактаб на танҳо роҳбари маъмурии мактаб аст. Ӯ пеш аз ҳама омӯзгор аст. Омӯзгоре, ки акнун масъулияти даҳҳо омӯзгор ва садҳо насли наврасро бар дӯш дорад. Ҳар қарор, ҳар пешниҳоди ӯ метавонад ояндаи як шогирд, ё як синфро тағйир диҳад.

Зери роҳбарии Маъмура Султонова мактаб якчанд маротиба дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ сазовори ҷоизаҳо гардида, омӯзгорон ва хонандагон бо муваффақиятҳои назаррас номбардори маскани таълим гаштаанд. Шумораи донишҷӯёни дорои сертификатҳои байналхалқӣ аз забонҳои хориҷӣ сол аз сол меафзояд. Хонандагон инчунин дар барномаҳои муҳими иҷтимоӣ ва ихтироъ, аз ҷумла озмуни лоиҳаҳои навоварона ширкат варзида, бо пешниҳоди ғояҳои созанда сазовори диплом ва туҳфаҳои арзишманд гаштаанд.

Ин ҳама муваффақиятҳо на танҳо нишонаи иқтидори зеҳнӣ ва эҷодии хонандагон, балки пуштибонии ҳамаҷонибаи роҳбарият ва омӯзгорони муассисаи таълимӣ мебошанд.

– Саъю кӯшиши мо самараи хуб дода истодааст, – мегӯяд роҳбари мактаб. – Нахуст, дар ҳамкорӣ бо ҷамоаи мактаб, ки ба илмҳои дақиқ таваҷҷуҳи амиқ дорад, падару модарон якҷоя шавқу ҳавас, қобилият ва хоҳиши хонандагонро омӯхта, ба самтҳои мувофиқ ва синфҳои махсуси омодагӣ ҷудо намудем. Яъне мо бо онҳо як ба як суҳбат карда, шавқу ҳавасашонро омӯхтем. Дар ҳамин асос онҳоро ба гуруҳҳо тақсим кардем. Муҳимтар аз ҳама, мо ба он аҳамият медиҳем, ки омӯзгорони соҳибихтисос ба ин гурӯҳҳо дарс мегузаранд. Омӯзиши гурӯҳҳо барои омӯзиши амиқ аз дарсҳои СДТ ҷудо карда мешавад. Яъне дониши хонандагон дар вақтҳои холии онҳо боз ҳам мустаҳкам мегардад. Омӯзгорони вобасташуда то ба мактаби олӣ дохил шудани хонандагон ёрии зарурӣ мерасонанд. Дар амалӣ гардондани ин ташаббусҳо ба дониши кадрҳо низ диққати калон додем. Мо беҳтарин, соҳибихтисостарин ва ташаббускортаринро интихоб кардем. Ҳоло 86 фоизи муаллимони ҷамоаи мактаб дорои тоифаҳои олӣ ва якум мебошанд.

Ҷиҳати дигари қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки ҳамаи хатмкунандагон ба гирифтани сертификатҳои байналхалқӣ омодаанд. Муддати 5 сол аст, ки донишҷӯёни мактаб дар дохил шудан ба мактабҳои олии ватанӣ ва хориҷӣ ба натиҷаи 100 фоиз ноил мегарданд.

Тавре медонем, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба донишгоҳҳои хориҷӣ ва супоридани имтиҳонҳо аз мо куллан фарқ мекунад. Барои ин дар мактаб мутахассисони соҳибихтисос ҷалб шуда, ба донишҷӯён оиди пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба донишгоҳҳои хориҷӣ омӯзиш ташкил шудааст.

Инчунин мактаб бо Агентии баҳогузории дониш ва маҳорат дар вилояти Намангон ҳамкорӣ ба роҳ мондааст, ки то дар 3 моҳ баҳодиҳии дониши хатмкунандагон ва ошкор намудани хатогиҳо анҷом дода шавад. Аз рӯйи натиҷаҳои санҷише, ки дар муҳлати муқарраршуда гузаронида шудаанд, камбудиҳои дониши ҳар як талаба муайян мешавад.

Яке аз нишондиҳандаҳои асосии самараноки кори мактаб сатҳи дохилшавии хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ мебошад. Дар соли таҳсили 2024-2025 82 нафар дастпарварон мактабро бомуваффақият хатм карда, аз 31 фоиз 100 фоизаш дар асоси грант ба муассисаҳои таълими олӣ дохил шуданд.

Ин натиҷаи назаррас аз як тараф бозгӯи заҳмати пайвастаи омӯзгорон бошад, аз тарафи дигар шаҳодати таваҷҷуҳ ба корбарии самараноки сарвари мактаб – Маъмура Султонова дар самти баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи насли нав мебошад.

Маҷлиси видеоселекторӣ, ки 28-уми августи соли 2023 таҳти раёсати Сарвари давлат доир ба «Боз ҳам беҳтар намудани сифати таълим дар мактабҳо, зиёд намудани шумораи хонандагон, такмили ихтисоси омӯзгорон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои онҳо» баргузор гардид, дар ҳаёти Маъмура Султонова саҳифаи нав кушод. Вай дар вохӯрӣ тавассути студияи вилояти Намангон ширкат варзида, бо Сарвари давлат суҳбати самимӣ кард. Қаҳрамони мо дар ин бора бо эҳсосоти баланд нақл мекунад:

– Дар бораи дастовардҳои хонандагону омӯзгорони мактабе, ки сарварӣ мекунам, дар видеоселектор сухан рондам, аз ҷумла, дар давоми чанд сол паиҳам хатмкунандагони мо бо натиҷаи баланд ба мактабҳои олӣ дохил мешаванд. Муҳимтар аз ҳама, омилҳое, ки боиси ба даст овардани ин дастовардҳо гардиданд, ташаббуси ҷамоаи мо Президентро шод кард. Сипас, Сарвари кишвар «Имрӯз ба шумо мукофоти давлатӣ медиҳам, пас аз ҷаласа имзо мекунам» гуфтанд. Вақти зиёд нагузашта ба ман унвони «Корманди хидматнишондодаи маорифи халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро доданд. Аз чунин таваҷҷуҳ ва эҳтиром нисбат ба муаллими одии деҳот аз чашмонам ашки шодӣ рехт.

М. Султонова инчунин барои хидматҳои шоёнаш соли 2015 бо нишони сарисинагии «Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ва соли 2020 бо нишони «Мӯътабар аёл» сарфароз гаштааст.

Вақте ки мо бо таҷрибаи қаҳрамонамон шинос мешавем, шоҳиди он шудем, ки фароҳам овардани имконият барои ҷавонон ва ба даст овардани натиҷаи муассир ба ташаббус ва фаъолияти як роҳбари фидокор вобаста аст.

Яке аз омилҳои асосии ин комёбиҳо – сиёсати ҳадафнок ва ғамхории бевоситаи директор маҳсуб мешавад, ки бо эҷоди муҳити мусоиди омӯзишу рушди шахсӣ имконият медиҳад, ки ҳар як хонанда ва муаллим истеъдоди худро ошкор кунад.

Бо чунин муваффақиятҳо мактаб-интернат на танҳо ҷойи омӯзиш, балки маркази рушди истеъдод ва тарбияи шахсиятҳои шоиста шудааст. — Устоди мо – Маъмура Султонова шахси меҳрубон, вале дар айни замон фидокору адолатпеша мебошанд. Ҳар як шахс метавонад тавассути корҳои наҷибе, ки барои рушди ҷомеа манфиатовар аст, номи худро ба некӣ боқӣ гузорад ва байни мардум эътибор пайдо кунад. Устодамон аз ҷумлаи чунин шахсон буда, дар тарбия ёфтани садҳо кадрҳои баландихтисос саҳми арзанда гузоштаанд. Зеро шогирди хуб ифтихори муаллим мегардад, – мегӯяд хатмкардаи мактаб, докторанти Донишгоҳи забонҳои хориҷии Ӯзбекистон Шоҳида Ҷумъазода.

Бовар дорем, ки бо роҳбарии чунин устодони арзанда соҳаи маориф рӯз аз рӯз рушд мекунад ва мактаб-интернатҳо ба масканҳои воқеии тарбияи инсонҳои бомаърифат табдил меёбад.

Мағфират Мамаҷонова,

хабарнигори «Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: