Дар мактаб ва кӯдакистонҳо дарсҳои “Соати оянда” доир мегардад

Ҳар ҳафта, рӯзи душанбе дар тамоми муассисаҳои таълимӣ дарсҳои махсуси “Соати оянда” ташкил гардида, воситаҳои таълимии зарурӣ барои ин дарсҳо тавассути платформаи milliytarbiya.uz дастрас мегарданд.

Дар асоси фармоиши вазири таълими томактабӣ ва мактабӣ аз 25 августи соли равон “Дар бораи баланд бардоштани самарабахшии корҳои маънавию маърифатӣ дар ташкилотҳои таълими томактабӣ ва ҳамагонӣ” таҳти рақами 308 аз соли нави таҳсил дар сохтори “кӯдакистон – мактаб – таълими олӣ” низоми ягонаи тарбияи ғоявӣ роҳандозӣ мешавад.

Ҳар ҳафта, рӯзи душанбе дар тамоми муассисаҳои таълимӣ дарсҳои махсуси “Соати оянда” ташкил гардида, воситаҳои таълимии зарурӣ барои ин дарсҳо тавассути платформаи milliytarbiya.uz дастрас мегарданд.

Инчунин, дар асоси фармоиш нақшаҳои намунавии чорабиниҳои маънавию маърифатӣ дар кӯдакистону мактабҳо барои соли таҳсили 2025–2026 тасдиқ гардид. Нақшаҳои намунавии чорабиниҳо барои фаъолияти равоншиносони мактабҳо ва рӯйхати мавзӯъҳои намунавии дарсҳои “Соати оянда” ташаккул дода шуд.

Ғайр аз ин, бо мақсади ҳавасманд кардани роҳбар ва педагогҳои муассисаҳои таълимӣ, ки ба корҳои маънавию маърифатӣ масъуланд, дар ҳар соли таҳсил озмуни ҷумҳуриявии “Тарғибгари арзишҳои миллӣ” баргузор мегардад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: