Донишу маҳорат дар меҳвари асосӣ қарор дорад

Имсол аз 1 ҳазору 259 нафар хатмкунандагони 32 мактаби ноҳияи Сӯх 868 нафар ба донишгоҳҳо ҳуҷҷат супориданд. Хушбахтона, 250 нафари онҳо бо ба даст овардани холҳои зарурӣ донишҷӯи ин ё он донишгоҳи шаҳрҳои Тошканду Фарғона, Андиҷону Самарқанд ва Қӯқанд шудаанд.

 

Барои соли таҳсили 2025-2026 қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилотии олии мамлакат ба охир расид. Онҳое ба бахти донишҷӯӣ сазовор гардиданд, ки ба имтиҳонҳои қабул бо мароқу масъулият тайёрӣ дидаанд.

148 ҳазору 405 довталаб ба таҳсилоти рӯзона қабул карда шуданд. Инчунин дар шакли таълими шабона 28 ҳазору 732 нафар, дар шакли таълими фосилавӣ 18 ҳазору 195 нафар ҷавонон таҳсил хоҳанд кард. Аз ин шумор 35 ҳазору 500 нафар бо гранти давлатӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Дар шуъбаҳои тоҷикии муассисаҳои таҳсилоти олии Тирмиз, Самарқанд, Бухоро, Навоӣ, Чирчиқ ва Фарғона 305 нафар ба шарафи донишҷӯ соҳиб гардиданд, ки як қисми онҳо аз рӯи гранти давлатӣ ва боқимондагон бар асоси шартнома таҳсил мекунанд. 

Дар як қатор мактабҳои таълими умумӣ ва махсуси ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона шодиву нишот тантана мекунад ва ин бесабаб нест. Тавре ки мудири шуъбаи таълими халқи ноҳия Фозилҷон Мирзоев гуфт, имсол аз 1 ҳазору 259 нафар хатмкунандагони 32 мактаб 868 нафар ба донишгоҳҳо ҳуҷҷат супориданд. Хушбахтона, 250 нафари онҳо бо ба даст овардани холҳои зарурӣ донишҷӯи ин ё он донишгоҳи шаҳрҳои Тошканду Фарғона, Андиҷону Самарқанд ва Қӯқанд шудаанд. 57 нафари онҳо мувофиқи гранти давлатӣ ба ин шараф ноил гардидаанд.

– Дар ин самт саҳми мактабҳои таҳсилоти умумии рақами 2, 3, 21, 22, 25, 26, 28, 29 ва мактаби махсуси рақами 1-ум хеле калон аст. Ман аз байни ин мактабҳо бо ифтихор номи омӯзгорони мактабҳои рақами 2-юм, 3-юм, 21-ум ва 28-ум Санҷар Ҳисомов, Хусрав Мамашарифов, Турдиалӣ Ҳайдаров, Фозилҷон Абдулҳакимов ва Равшан Амаловро ба таври хос ба забон меоварам. Зеро онҳо ҳамеша талош мекунанд, ки шогирдонашон ҳам дар дарсҳо фаъол бошанд ва ҳам дар озмунҳои фаннӣ ғолибиятро ба даст оваранд, – иброз дошт Фозилҷон Мирзоев.

Ба гуфтаи мудир мактаби рақами 2-юм (директораш Ҷамшед Турсуналиев)-ро 63 нафар хатм кардаанд ва аз онҳо 20 нафар шомили донишгоҳҳо шудаанд, ки 3 нафар бар асоси гранти давлатӣ мебошад. Аз мактаби рақами 21-ум (директораш Турдиалӣ Ҳайдаров), ки онро низ 63 нафар хатм кардаанд, аз 20 нафар 7 нафар бар асоси гранти давлатӣ ба донишгоҳҳо дохил шудаанд.

– Бар асоси натиҷагириҳои охир аз рӯи фоиз мактаби таҳсилоти умумии рақами 3-юм бо 39 дарсад дар ҷои аввал қарор дорад. Аз 14 хатмкунандаи ин мактаб 5 нафар бар асоси шартнома дохил шудаанд. Мактаби таҳсилоти умумии рақами 1-ум низ дар ин самт ҷойгоҳи хосро ишғол мекунад. Аз 96 нафар хатмкунандагони он 24 нафар шомил шудаанд, ки 6 нафари онҳо гранти давлатиро ба даст овардаанд, – изҳор намуд Мирзоев.

Имсол низ аз панҷ нафар шогирдони мактаби ихтисосгардонидашудаи рақами 1-ум (директораш Фарҳод Ҷӯраев) ду нафар мувофиқи гранти давлатӣ ба донишгоҳҳо дохил шуданд. Мактаби таҳсилоти умумии рақами 26-ум (директораш Фарҳод Боборустамов), мактаби рақами 28-ум (директораш Дониёр Ҳакимов) ва мактаби рақами 29-ум (директораш Амирҷон Темиров) низ аз ҳар ҷиҳат намуна мебошанд.

Ногуфта намонад, ки гурӯҳе аз хатмкардагон ба донишгоҳҳои мухталифи Тоҷикистон ҳуҷҷат супурдаанд.

– Мо ҳанӯз ин теъдоди дохилшудагонро пурра аниқ накардаем. Аммо як нукта мусаллам аст, ки аксарияти онҳо бо натиҷаҳои дилхоҳ шомили донишгоҳҳои ин кишвари ҳамҷавор шуданд, – тазаккур дод Мирзоев.

Дарвоқеъ, дар солҳои охир баробари дохилшавӣ ба донишгоҳҳои гуногун, инчунин як идда донишомӯзони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва макотиби барои баъзе фанҳо махсусгардонидашудаи ноҳия ба гирифтани сертификатҳо низ муваффақ мешаванд. Директори мактаби рақами 10-ум Умедҷон Амалов иброз намуд, ки 8 хатмкунандаи мактаб ба донишгоҳҳои ватанӣ ва 5 нафари дигар ба донишгоҳҳои Тоҷикистон дохил шуданд.

– Муаллимони забон ва адабиёти тоҷик Фирӯз Шуҳратзода, Оятулло Озодзода ва Дилноза Ҳоҷиева, муаллимони синфҳои ибтидоӣ Ғайратҷон Дӯстматов ва Ғайратҷон Аъламов бо гирифтани тоифаҳои олӣ ва якум обрӯи мактабамонро дар ноҳия ва вилоят хеле боло бардоштанд, – мегӯяд Умедҷон Амалов.

Собиқадори соҳаи таълим Камолиддин Азизов ба донишкадаҳо дохил шуда натавонистани гурӯҳи довталабони ноҳияро ба ду омил марбут медонад. Ба гуфтаи ӯ пеш аз ҳама дониш, истеъдод ва кӯшиши худи талаба ӯро ба даргоҳи муассисаҳои таҳсилоти олӣ раҳнамун месозад.

 – Касе, ки саъй мекунад, меомӯзад ва пайваста заҳмат мекашад, бешубҳа, барои комёбӣ имкони зиёдтарро ба даст меорад. Баъзан тақдир ва тасодуф низ нақши худро мебозанд. Як саволи осон ё душвор, ҳолати рӯҳӣ дар рӯзи имтиҳон, бахт, ҳатто хатои ночизи техникӣ метавонанд натиҷаи имтиҳонро тағйир диҳанд. Чунин ҳолатҳо низ боис мегарданд, ки гоҳе ғайр аз донишу истеъдод ба ҷавонон тасодуф низ даст доданаш аз эҳтимол холӣ нест, – мегӯяд К. Азизов.

Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: