Ҷасорати ниёи қаҳрамони мо дар мубориза барои Ватан, барои миллат ва барои халқ – мактаби бузурги ибрат

Вақте мо дар мамлакати мустақил, дар фазои озодӣ ва оромӣ зиндагӣ карда, ҷашнҳоро истиқбол менамоем, беихтиёр инсонҳое, ки чунин рӯзҳоро орзу кардаанд, барои он мубориза бурдаанд, ба ёд меоянд. Миллате, ки хотира, ифтихор ва виҷдон дорад, ҳаргиз фидокориҳои онҳо бар абас намеравад, ҳамеша аз ҷониби наслҳо арҷгузорӣ мешавад.

Рӯзи ёдбуди қурбониёни таъқиб, ки дар арафаи ҷашни Истиқлол баргузор мешавад, ҳамин маънои амиқро таҷассум мекунад.

Ба муносибати ин сана, 29 август намояндагони идораҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, пиронсолон ва зиёиён дар хиёбони “Хотираи шаҳидон” ҷамъ омаданд.

Дар маросим Президент Шавкат Мирзиёев иштирок намуд.

Ба хотири фидокорони Ватан Қуръон тиловат карда шуд. Ба мардум ош пешкаш гардид.

Дар канори қабри рамзии хиёбон низ тиловати Қуръон карда шуд. Дар ин ҷо бо уламову зиёиён дар бораи омӯзиши таърих, бозомӯзии он ба ҷавонон, қадр кардани истиқлол ва сулҳу оромӣ мулоқот доир гардид.

– Ҳар сол дар арафаи ҷашни Истиқлол барои падару бобоёнамон, ки ҷони худро дар роҳи озодии Ватан фидо кардаанд, дуо мекунем. Ҷасорати ниёи қаҳрамони мо, ки барои Ватан, барои миллат ва барои халқ мубориза бурдаанд, барои мо ҳамеша мактаби ибрат боқӣ мемонад, – гуфт Сарвари давлат.

Маълум аст, ки дар он солҳои даҳшатбор беш аз 100 ҳазор ҳамватани бегуноҳи мо мавриди таъқиб қарор гирифтаанд. Ҳазорон нафар ҳамватанонамон бо иттиҳоми ноҳақи “душмани халқ” парронда шуданд, бештар аз ин шумор бадарға гардиданд. Дар натиҷа ҳазорон зан бева ва кӯдакон ятим монданд. Аз байн қариб як аср гузашта бошад ҳам, он замонҳои мудҳишро бо изтироби амиқ ба ёд меорем. Таъкид гардид, ки ин ҳама моро барои қадр кардани зиндагии озоди имрӯз ва таҳкими истиқлол водор менамоянд.

– Дар роҳи гиромидошти фидокорони Ватан, абадӣ намудани хотираи онҳо корҳои зиёдеро анҷом медиҳем, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Дар ҳашт соли охир номи беш аз 1 ҳазору 200 нафар бобоёни ҷафокаши мо сафед карда шуд. Осорхонаи “Хотираи қурбониёни таъқиб” таъмир гардида, бо ҳазорҳо ҳуҷҷати нав ғанӣ гардид. Дар минтақаҳо низ чунин осорхонаҳо таъсис ёфтанд. Имсол 150-солагии сарвари ҳаракати ҷадидия – Маҳмудхоҷа Беҳбудиро ҷашн мегирем. Дар шаҳри Бухоро Осорхонаи давлатии мероси ҷадидҳо таъсис меёбад.

Акнун мазмуни ин ҳама ва таърихи “зинда”-и худро бояд васеътар ба халқамон расонем.

Аз соли гузашта сар карда, ҳар сол ҳафтаи аввали моҳи октябрро ҳамчун Ҳафтаи ёдбуди қурбониёни таъқиби сиёсӣ муқаррар кардем. Имсол ин чорабинӣ ҳамчун Ҳафтаи хотира ва тарбия гузаронида мешавад. Хуб, мо дар ин ҳафтаина ба мардум чиҳоро мерасонем, ба ҷавонон чиро меомӯзем? Якҷоя бо олимони таърихшинос, шоиру нависандагон дар ин бора амиқтар андеша карда, ба таври оммавӣ бояд ба роҳ монем. Метавонем дар мактаб ва донишгоҳҳо дарсҳои иловагиро роҳандозӣ кунем, дар шабакаҳои телевизионӣ барномаҳои махсус пахш намоем, дар байни ҷавонон озмунҳо гузаронем.

Мо бояд чӣ гуна неъмати бузург будани истиқлолро ва чӣ хел аҷдодони бузург доштани худро дар шуури мардум ҷо кунем. Агар ҷавонони мо аз ҷиҳати рӯҳӣ нерӯманд бошанд, дар назди худ ҳадафҳои бузург мегузоранд, фанҳоро низ хубтар меомӯзанд ва чун ашхоси бузург ба камол мерасанд.

Таъкид гардид, ки дар ин самт омӯхтани ҳаёти шахсиятҳои маъруфи миллат муҳим аст.

– Ҷадидони мо дар ҳар соҳа пешсаф буданд. Аввалин романи ӯзбекӣ, асарҳои театриву синамоӣ, китобҳои дарсӣ оид ба фанҳои гуногунро маҳз онҳо офаридаанд. Агар донишҷӯёни туркистонӣ, ки дар солҳои 20-уми асри гузашта дар Олмон таҳсил карда буданд, таъқиб намешуданд, тамоми ҷомеаро тағйир медоданд. Агар мо таърихи мавҷудаи худро дуруст расонем, ҷавонони мо дигар қаҳрамон намеҷӯянд, ниёи бузурги мо барои ин намунаи хубанд, – гуфт Президент.

Чунин пояи маънавӣ барои ягонагии умумимиллӣ ва суботи ҷомеа низ муҳим аст.

Имрӯз вазъият дар ҷаҳон пуртаҳлука мешавад. Ба истиқлоли давлатҳо таҳдидҳо ба вуҷуд меоянд. Ин ҳама аз мо доимо огоҳ ва ҳамҷиҳат буданро, пайгирона давом додани ислоҳотро тақозо мекунанд.

Худоро шукр, ки кишварамон осуда аст, мардум бо эътимод ба фардо зиндагӣ доранд. Ин – бузургтарин сарвати мо.

Уламоҳо барои пойдории сулҳу оромӣ, файзу баракат дар кишварамон дуо карданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: