Инсон ва устоди фозил...

Фозилҷон Шукуров – Фозил Шукурӣ дар оилаи омӯзгори шоир – Муҳаммадҷон Шукуров соли 1967 таваллуд шудааст.

ЁДИ УСТОД

Муаллим Муҳаммадҷон Шукуров аз устодони хуби банда буданд, ки ба мо дар синфҳои болоии мактаби рақами 12-уми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё аз риёзиёт дарс додаанд. Омӯзгори самимӣ, оромтабиат... Нафареро сахт сарзаниш карданашонро ёд надорам, надидаам...

Пас аз солҳои 2000-ум китоби шеърҳояшон «Хоки пок» ба дастам расид. Ростӣ, ҳам хурсанд шудам, ҳам дар ҳайрат мондам. Ашъорашон дилпазир буд, дар онҳо хислатҳои неки инсонӣ мадҳ, амалҳои зишт мазаммат мешуданд... Сипас китобҳои дигарашон «Субҳи содиқ» (2004), «Нахли пурсамар» (2017) низ чоп шуданд. Китоби охиринашон бо номи «Ифшои роз» соли 2018 аз чоп баромад ва бо кӯшиши устод Абдуллоҳи Раҳмон 15 декабри ҳамон сол тадбири бошукӯҳи тақдимоти ин китоб, ҳамчунин ҷашни 80-солагии эшон дар толори фаъолони коллеҷи агросаноати Сариосиё баргузор шуд. Дар он аҳли қалами ноҳияву вилоят, меҳмонон аз Тирмизу Самарқанд иштирок намуданд.

Устод 30 июни соли 2020 дар синни 82 олами фониро падруд гуфтанд. Рӯҳи эшон аз шогирдон шод бошад!

Зери себ – себ меафтад

Фозилҷон Шукуров – Фозил Шукурӣ дар оилаи ана ҳамин омӯзгори шоир – Муҳаммадҷон Шукуров соли 1967 таваллуд шудааст. Солҳои 1974-1984 дар мактаби зикршуда, солҳои 1988-1993 дар факултаи ховаршиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил намуд. Чанд муддат дар литсейи академии шаҳраки Шарғун, инчунин дар мактаби рақами 12 ва 56 омӯзгорӣ кард. Корманди рӯзномаҳои «Садои Сурхон», «Сариосиё» буд. Аз соли 2013 дар рӯзномаи «Овози Самарқанд» хидмат мекунад. Ҳамчунин аз соли 2014 дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд фаъолияти омӯзгориашро оғоз кард, ҳоло доктори фалсафа оид ба улуми филологӣ (PhD), дотсенти кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқ аст. Падари як духтар ва ду писар, бобои меҳрубони набераҳои дӯстрӯст.

Фозил Шукурӣ  низ чун падари шодравонаш шоир, посдори ёди поки ниёгон ва пайвандонаш мебошад. Китоби аввалини ӯ «Тафсири дил» (Тирмиз – 1999) ба хотираи поки хоҳараш Инобат бахшида шудааст. Китобҳои дигараш «Оинавор»   (Самарқанд – 2005), «Ҷойи пойи ашкҳо» (Самарқанд – 2007), «Яъне, ту, эй хубӣ!» (Тошканд – 2014) мебошанд. Муаллифи рисолаи «Бисотии Самарқандӣ ва муҳити адабии Мовароуннаҳр дар асрҳои XIV-XV» аст. Устод Фозилҷон Шукуров соли 2023 китоби пурарзиши дарсии «Забонҳои Шарқ (арабӣ)»-ро нашр намуд. Ӯ муаллифи чандин мақолаи илмӣ, дастурамалҳои таълимию услубӣ низ мебошад.

Китоби наваш бо номи «Дилрӯшноӣ», ки соли 2024 дар Самарқанд чоп шуд, аз 5 боб иборат буда, аз шеърҳо, ғазалҳо ва байту фардҳо мураттаб шудааст. Мутолиаи китоб қалбро мунаввар ва воқеан ба дил рӯшноӣ ато мекунад. Офарин, шоири дилошно, килкат ҳамеша сабз бод!

Камина аз он ки бо шоир, рӯзноманигор, тарҷумон, забондон, луғатдон устод Фозил Шукурӣ дӯстӣ дорам, ифтихормандам. Ӯ дар ҳақиқат инсонест фозил, шоирест ориф, мардест одил, ки пиндору гуфтору кирдораш як аст. Ба дӯсту бародари азиз Фозил Шукурӣ саломатӣ, хушбахтии оилавӣ, ба фаъолияти омӯзгорӣ ва эҷодиашон комёбиҳо орзумандам:

Ҷаҳонат ба кому фалак ёр бод,

Ҷаҳонофаринат мададгор бод!

Маҳкам Ҷаъфаров,

вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: