Суханронии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими тантанавӣ бахшида ба 34-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Ассалому алайкум, ҳамватанони азиз!

Меҳмонони муҳтарам!

Хонумон ва ҷанобон!

Шумо, азизонро, халқи сермиллатамонро, ҳамватанони бурунмарзиро бо санаи пуршарафи 34-умин солгарди истиқлолияти Ӯзбекистон аз таҳти дил табрик мекунам.

Иди истиқлол барои ҳамаи мо муборак бошад!

Дӯстони муҳтарам!

Имрӯз, дар чунин рӯзҳои муборак, ҳамаи мо як ҳақиқати ҳаётиро амиқ эҳсос мекунем. Ба туфайли ислоҳоти бузурге, ки мо дар асоси ғояи “Ӯзбекистони Нав” оғоз кардем, ҳар як ҳамватани мо ҳуқуқ ва озодиҳоеро, ки истиқлолият додааст, дар ҳаёти худ амиқ эҳсос намуда, аз ин ин имкониятҳо васеъ истифода мебаранд.

Маҳз дар асоси ҳамин ғояи накӯ мо таъриху фарҳанги ғании сеҳазорсолаи худро дубора дарк намудем.

Анъанаҳои Эҳёи якум ва дувуми сарзамини худро инкишоф дода, ҷониби Эҳёи сеюм қадамҳои устувор мегузорем.

Бовар дорам, ки дар ин роҳ давлати Ӯзбекистони Нав ва ҷомеаи Ӯзбекистони Нав ҳамчун пули мустаҳкам, ки таърихи бузурги моро бо давраи наву боз ҳам бузурги эҳё ба ҳам мепайвандад, хидмат мекунад.

Дар ин андешаи бобокалони бузурги мо Мир Алишер Навоӣ, ки «Мақсад аз офариниши ин олам — инсон буд, хушбахт дидани ӯ буд», гуфтаанд, маънии амиқ нуҳуфтааст.

Арҷ гузоштан ба қадри инсон, хушбахт намудани он, ки халқамон дар давоми асрҳо орзу намуда, барои он мубориза бурдаанд, имрӯз мазмуну муҳтавои ҳамаи ислоҳоти моро ташкил мекунад.  

Ғояи “Барои қадри инсон, барои бахти инсон”, ки ба тамоюли накӯи Ӯзбекистони Нав асосноконида шудааст, дар амал ба як ҳаракати пурқудрат табдил ёфт.

Сарфи назар аз вазъияти мураккаби ҷаҳонӣ, рушди устувори иқтисодиёти мо бо суръати зиёда аз 6 фоиз аз он далолат медиҳад, ки халқи мо аз роҳи интихобкардаи худ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Аҳолии кишварамон ҳамасола ба ҳисоби миёна 700-800 ҳазор нафар зиёд мешавад. Ҳар сол ба бозори меҳнат 500-600 ҳазор ҷавонон ворид мегарданд.

Бозомӯзии чунин шумораи зиёди одамон, соҳиби касбу ҳунар ва ҷойи кор намудани онҳо, албатта худ аз худ намешавад. Барои ин низоми муттасил корбаранда, сармоягузории кафолатнок ва инфрасохтор зарур аст.

Маҳз бо дарки амиқи ин ҳама, мо дар ин самт барномаҳои дақиқро қабул кардем. Мо то ба маҳалла поин омада, низомеро созмон додем, ки аз чун соҳибкор худро бо шуғл фаро гирифтан сар карда, то ба тиҷорати калон, ҳаммашро дар асоси тамоюли алоҳида дастгирӣ мекунад.

Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки дар Ӯзбекистони Нав соҳибкорӣ ба нерӯи бузурге тадбил ёфт ва метавонад иқтисодиётро ба ҷунбиш оварад, ба пеш роҳнамун созад. Ба рақамҳо эътибор диҳем: дар ҳашт соли охир маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 2 баробар афзуда, соли гузашта ба 115 миллиард доллар, ҳаҷми содирот ба 26 миллиард доллар расид. То анҷоми сол маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 130 миллиард доллар хоҳад расид.

Бори аввал дар таърих захираҳои тилло ва асъори хориҷии аз 48 миллиард доллар афзуд. Дар ҳашт соли сипаришуда ба кишвари мо қариб 130 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид.

Оё ин ҳама самараи ислоҳот, кафолати мустаҳками рушд ва эътимоди баланди институтҳои бонуфузи молиявӣ ва ширкатҳои хориҷӣ нест?

Дар пеши назари халқи мо ҳазорон корхонаҳои муосир ва иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ-иқтисодӣ қад рост мекунанд. Эътибор диҳед, ки танҳо дар соли равон бар ивази ҷамъ 35 миллиард доллар сармоя қариб 9 ҳазор корхона ва маҷмааҳои хизматрасонии нав бунёд мегарданд.

Дар арафаи ҷашни аз ҳама бузургамон 79 иншооти бузург ба маблағи 4 миллиард доллар ба кор дароварда шуд.

Дар муддати сипаришуда танҳо шумораи соҳибкорони хурду миёна 2 баробар афзуд. Имрӯз дар ин соҳа беш аз 10 миллион шаҳрвандони мо меҳнат карда, даромад ба даст меоранд.

Мо дар оғози сол бо кор таъмин намудани 5,5 миллион нафар аҳолиро пеши худ мақсад гузошта будем. Танҳо дар ҳашт моҳ нақшаи 5 миллиониро иҷро кардем.  Муҳимтар аз ҳама, бо эътимод ба ислоҳоти мо, танҳо дар ҳамин сол 700 ҳазор нафар шаҳрвандони мо, ки дар хориҷ кор мекарданд, бар ватан – ба канори оилаи худ баргаштанд.

Чун анъана, дар ҳафтаи гузашта бо соҳибкорон мулоқоти кушод гузаронида, намояндагони тиҷорат чӣ гуна масъаларо ба миён гузошта бошанд, роҳи ҳалли мушаххаси ҳамаи онҳоро муайян кардем. Аз рӯйи ҷудо кардани беш аз 50 триллион сӯм барои захираҳо, имтиёзот ва сабукиҳои нав ба онҳо созиш намуда, қарорашро низ қабул кардем. Мо ин корҳоро қатъӣ идома медиҳем.

Пас аз он ки Ӯзбекистон ба ҷаҳон васеъ боз шуд, соли гузашта шумораи сайёҳони хориҷӣ аз 10 миллион нафар, содироти хизматҳои сайёҳӣ бошад, аз 3 миллиард доллар афзуд.

Корҳои сохтмон ва ободонӣ дар маҷмааҳои бузург ва нодире чун Маркази тамаддуни Ислом ва зиёратгоҳи Имом Бухорӣ дар Самарқанд, ки бо мақсади эҳёи таърих, худшиносии миллии мо бунёд мегарданд,  ба анҷом мерасанд.

Боварии комил дорам, ки чунин ёдгориҳои нотакрор, ки ба салоҳияти маънавии халқи мо ҳамаҷониба сазовор ҳастанд, барои аҳолӣ ва ҷамъияти ҷаҳонӣ ба маконҳои наву ҷолиб табдил хоҳанд ёфт. Ин маҷмааҳо барои соҳибкорони мо дар ҷалби боз ҳам бештари сайёҳон имкониятҳои иловагиро фароҳам меоваранд.

Боз як мақсади мо – дастгирии соҳибкорони ҳалолкор, тавсеаи имкониятҳои онҳо мебошад.

Бинобар ин, дар асоси шиори «Меҳнати ҳалол — гарави ҳаёти хотирҷамъ ва ҷамъияти фаровон» ҷиҳати ҷилавгирии иқтисодиёти «пинҳонӣ» чорабиниҳои муҳимро амалӣ менамоем. Дар ин раванд институтҳои шаҳрвандӣ, субъектҳои назорати ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори оммавӣ, парлумон ва шӯроҳои маҳаллӣ боз ҳам фаъол иштирок мекунанд.

Ҳамватанони муҳтарам!

Бо рушди иқтисодиёт ва баробари афзудани шумораи аҳолӣ, талаб ба захираҳои барқи бехатар ва устувор меафзояд.

Дар ҳашт соли сипаришуда шумораи истеъмолкунандагон ба 25 дарсад, яъне, иловатан 1 миллиону 600 ҳазор нафар, ҳаҷми истеъмол бошад 54 фоиз ё ба таври иловагӣ 25 миллиард киловатт-соат афзудааст. Аз ин рӯ, мо рушди ояндаи худро дар инкишофи иқтисодиёти “сабз” мебинем.

Пеш аз ҳама, барои зиёд кардани ҳиссаи энергияи «сабз» қадамҳои бесобиқа гузоштем. Дар натиҷа, иқтидори тавлиди нерӯи барқ аз 59 миллиард киловатт-соати соли 2016 ба 85 миллиард киловатт-соат расид ва соли оянда ин аз 97 миллиард киловатт-соат бештарро ташкил хоҳад кард.

Танҳо дар ҳамин сол 6,5 миллиард киловатт-соат энергияи « сабз» истеҳсол гардид. Муҳимтар аз ҳама, дар ҳаҷми умумии тавлиди нерӯи барқ ҳиссаи энергияи « сабз» ба 30 фоиз расид.

Мо то соли 2030 аз ҳисоби 35 миллиард доллар сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ҳиссаи энергияи «сабз» ба 54 фоиз мерасонем.

Тавассути муносибати пурмеҳр ба табиат ба наслҳои оянда мерос гузоштани Ватани зебоеро, ки соҳиби замини ҳосилхез, оби мусаффо ва ҳавои тоза мебошад, вазифаи муқаддаси худ медонем.

Бо ин мақсад, корҳои худро дар доираи лоиҳаи умуимиллии “Макони сабз” боз ҳам васеъ мегардонем. Дар ин бора барномаҳои бузурги мо, ки дар Соли ҳифзи муҳити зист ва иқтисодиёти “сабз” амалӣ мегарданд, аҳамияти калон  доранд.

Дар ҳашт соли охир дар кишварамон зиёда аз 31 миллион метри мураббаъ ё қариб 12 ҳазор бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ бунёд гардид, ки ин як қадами таърихӣ шуд.

Танҳо ҳамин сол дар “Ӯзбекистони Нав” ва дигар мавзеъҳо боз манзилҳои замонавии дорои 130 ҳазор хонадон сохта шуда, ба аҳолӣ супурда мешаванд.

То соли 2030 дар ҳамаи шаҳрҳоямон дар асоси стандартҳои “шаҳри сабз”, ки дар саросари ҷаҳон мавриди амал қарор доранд, сатҳи сабзазоркунӣ ба 30 фоиз расонда мешавад.

Дар натиҷа, мамлакатамон бо энергияи устувор таъмин мегардад, таъсирҳои зарарнок ба экология, саломатии мардум дар сатҳи назаррас кам мешавад.

Ҳамзамон, дар асоси нақшаҳои мастерӣ ба ҳар як деҳа ва маҳаллаҳо шароити мусоиди шаҳрҳоро ворид менамоем. Шаҳрҳои хурдро дар асоси инфрасохтори замонавӣ рушд дода, онҳоро ба марҳилаи нав мебарорем.

Ҳамватанони азиз!

Мо дар кишварамон модели комилан нави сиёсати ҳифзи иҷтимоӣ офаридем.

Ин низом то ба сатҳи ҳар як хонадон роҳ ёфта, кор бо аҳолии ниёзманд ба таври инфиродӣ ба роҳ мондем, Марказҳои хидматҳои иҷтимоии “Инсон”-ро ташкил кардем, ки ин ҳама ба ташаккули ҷомеаи фарогири дорои имкониятҳои баробар хидмат мекунад.

Ҳамаи мо бояд як ҳақиқатро иброк намоем: дар кишвари мо одами бегона ҳам, кӯдаки бегона ҳам нест. Ҳамаи мо фарзандони кишвари ягонаем, барои равнақи Ватани ягона хидмат мекунем.

Ба ин маъно, тақдири ҳатто як нафар ҳамватани мо, ки ба вазъи ногувор афтодааст, бояд ҳамаи моро як хел ба ташвиш оварад.

Зеро бузургтарин қудрати халқи мо – меҳру оқибат, саховат ва ҳамбастагӣ аст.

Дар ин самт, тибқи “Барномаи ҳамроҳӣ” бо таълим, касбу ҳунар, варзиш фаро гирифтани 11 ҳазор кӯдакон, ки аз меҳри падару модар маҳрум шудаанд, натиҷаи муҳим шуд. Ба беш аз 2,5 миллион нафар аъзои оилаҳои эҳтиёҷманд расонидани 110 намуди кӯмак ва хидматҳо роҳандозӣ шуд.

Умуман, танҳо дар ин сол барои ҳимояи иҷтимоии аҳолии ниёзманд 19 триллион сӯм маблағ равона карда мешавад. Ин ҳама самараи худро дода, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар ба 6,8 фоиз коҳиш ёфт. Агар 5-6 сол ин нишондиҳандаро дар сатҳи 35 фоиз арзёбӣ кардани ташкилотҳои байналмилалиро ба назар гирем, аён мегардад, ки дар муддати кӯтоҳ мо дар ин самт чӣ гуна роҳи бузургеро тай кардаем.

Мо ба корҳои худ ҷиҳати рушди соҳибкорӣ, дастгирии пиронсолон, зану духтарон, ҷавонон ва шахсони ба ҳифзи иҷтимои низёманд, ихтисори камбизоатӣ шиддати нав мебахшем.

Ислоҳоти мо дар роҳи фароҳам овардани шароити муносиб барои халқ як дақиқа ҳам бознамеистанд.

Дӯстони муҳтарам!

Таълиму тарбияи босифат, саломатии аҳолӣ – масъалаи муҳимтарине мебошанд, ки тараққиёти ояндаро ҳал менамоянд.

Дар ҳашт соли охир якҷоя бо бахши хусусӣ шумораи ҷойҳоро дар кӯдакистонҳо ба 2,5 миллион, сатҳи фарогириро ба 78 фоиз расондем. Аз ҳисоби бунёди мактабҳои нав ва васеъ намудани мактабҳои мавҷуда, 1 миллион ҷойи иловагӣ барои хонандагон фароҳам гардид.

Дар асоси китобҳои дарсии замонавӣ, технологияҳои пешқадами педагогӣ таълим дар мактаб ба худ мазмуни нав, сифати нав касб кард.

Дар ин давр дар таҳсилоти олӣ низ дигаргуниҳои бесобиқаро татбиқ намуда, сатҳи фарогириро аз 9 фоиз ба 42 фоиз расондем. Бахусус, 53 дарсади донишҷӯёнро зан ва духтарон ташкил мекунанд, ки ин натиҷаи сазовори диққат аст.

Ҳоло дар донишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳон зиёда аз 2 ҳазор нафар донишҷӯёни мо таҳсил мегиранд. Аз онҳо 750 нафарашон тавассути Бунёди «Эл‑юрт умиди» аз ҳисоби давлат таҳсил доранд.

Соли гузашта ҷавонони кишварамон аз рӯйи қабул ба донишгоҳҳое, ки дар рӯйхати TOP‑500 қарор доранд, дар Осиёи Марказӣ мақоми аввалро соҳиб шуданд, ки боиси шодмонӣ аст.

Бахусус, хурсандии падару модаронеро, ки фарзандонашон дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсил доранд, бо сухан наметавон ифода кард.

Дар ҳамин маврид мехоҳам як воқеияти хеле калони мусбатро, ки аз имсол дар мактабҳоямон мушоҳида мешавад, алоҳида таъкид намоям. Яъне, се мактаби кишварамон аз рӯйи қабул ба муассисаҳои таълими олӣ натиҷаи 100 фоизро қайд карданд. Инҳо – мактаб-интернати ноҳияи Қоракӯл, мактаб-интернати махсуси рақами 1-уми шаҳри Навоӣ ва мактаби эҷодии ба номи Ҳамид Олимҷон ва Зулфия дар шаҳри Ҷиззах мебошанд.

Албатта, ин ифодаи амалии ғояи накӯи “Ӯзбекистони Нав аз остонаи мактаб сар мешавад” мебошад. Бовар дорам, ки аз чунин натиҷаҳои дигар мактабҳои кишварамон низ ибрат мегиранд. Ба тамоми муассисаҳои таълимӣ нафаси Ренессанси сеюм боз ҳам пурзӯртар ворид мегардад.

Дар солҳои охир маблағгузориро ба соҳаи тиб 6 баробар зиёд намудем, хизматрасониҳои босифати тиббиро то ба сатҳи маҳаллаҳо расонидем.

Мардуми мо пештар барои хидматҳои тиббии баланди технологӣ танҳо ба пойтахт меомаданд. Ҳоло зиёда аз 400 намуди чунин амалиёти тиббӣ дар худи вилояту ноҳияҳо анҷом дода мешаванд.

Ба пешгирии бемориҳо ва пойдорсозии тарзи ҳаёти солим миёни аҳолӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.

Дар натиҷаи беҳтар шудани шароити зиндагии мардум, сатҳи миёнаи умр аз 73,8 сол ба 75,1 сол дароз шудааст.

Мо барои таълиму тарбия, барои саломатии аҳолӣ, дастгирии омӯзгорон ва шифокорон ҳар қадар қувва ва чӣ қадар маблағе, ки лозим бошад, ҳамаашро сафарбар мекунем!

Дӯстони муҳтарам!

Ғоя ва ташаббусҳо, неру ва хоҳиши зиёди ҷавононамон ҳарчи бештар имрӯз дар тамоми ҷанба ва соҳаҳо эҳсос мегарданд. Ин чизҳо орзуҳои дерина ва ормонҳои халқамонро ба воқеият табдил медиҳад.

Имконоти фаро гирифтани дониш ва касбҳои муосир аз ҷониби насли ҷавон, амиқ омӯхтани забонҳои хориҷӣ дар баробари забони модарӣ вусъат меёбад.

Ман имрӯз дар ин тантанаамон аз дидани ҷавонон ва духтарон, ки дар саноат, соҳаи хидматрасонӣ, хоҷагии қишлоқ, дар ҷанбаи IT, илм, маданият ва варзиш ба дастовардҳои бузург ноил мегарданд, шод ҳастам.

Дастаи мунтахаби миллиамон оид ба футбол бори аввал дар таърихи мамлакат ба чемпионати ҷаҳон роҳхат ба даст оварда, орзуи деринаамонро ба ҳаёт татбиқ намуд.

Ҷавонони донишҷӯи Ӯзбекистон дар Универсиадаи байналхалқии тобистона бори аввал ба беҳтарин мунтахаби 15-гона дар байни 116 давлати иштирокдор дохил шуда, дар Осиёи Марказӣ ҷои аввалро ишғол намуд.

Дар остонаи ҷашни Истиқлолият муштзанҳоямон дар тоифаҳои синни 19 ва 22 ба унвони олии чемпионҳои Осиё соҳиб гардида, бори дигар шарафи мактаби бокси Ӯзбекистонро собит намуданд.

Бо мақсади тарбияи насли рушднамудаи солим ва мутаносиб, ба қудрати варзишӣ табдил додани Ӯзбекистон мо дар Тошканд шаҳраки нодири Олимпиро барои варзишгарони ҷавони истиқболнок бунёд намудем.

Бори аввал дар таърихи мамлакат Академияи замонавии футбол бунёд гардид, ки дар он таълим ва сабақи босифат пешниҳод мегардад.

Бовар дорам, ки ин намунаҳои нодири меъмории замонавии варзишӣ барои садҳо чемпионҳои ояндаамон майдони оғоз хоҳад гардид.

Танҳо дар соли ҷорӣ дар олимпиадаҳои фаннии байналхалқии бонуфуз ҷавонони Ӯзбекистон 2 медали тилло, 8 нуқра, 5 биринҷиро ба даст оварданд. Дар байни кишварҳои ИДМ ҷавононамон аз кимиё ҷои дувум, аз математика ва иқтисодиёт – 3-юм, аз IT ва география – 4-умро касб намуданд, ки дар онҳо мо Хоразмӣ, Берунӣ, Ибни Синоҳои навро мебинем.

Чунин ҷавонони боистеъдод ва азмкунанда, ки чунинҳо дар мо зиёд мегарданд, ин насли тиллоии Ӯзбекистони Нав, ифтихори мо мебошад.

Дар ин лаҳзаҳои нотакрор мехоҳам ба тамоми ҷавонони Ӯзбекистон муроҷиат намоям.

Фарзандони азизи мо, ҳамеша дар ёд дошта бошед:

Бахт танҳо ба онҳое насиб мегардад, ки сӯи мақсад кӯшиш мекунад, ғалаба танҳо ба касоне насиб мегардад, ки мубориза мебаранд!

Ояндаро шуҷоъҳо бунёд месозанд, таърихро – ғолибон.

Ҳамеша ба пеш азм намоед!

Ватан, халқ, Президент ҳамеша барои шумо такягоҳи муътамад ва дар корҳои некатон дастгирӣ менамояд.

Ҳамватанони муҳтарам!

Ӯзбекистони Нав ҳамин ҳоло ҳам ва минбаъд низ давлати ҳуқуқӣ боқӣ мемонад, ки дар он ҳуқуқ ва озодӣ, манфиат ва фараҳмандии инсон аз ҳама воло мебошад.

Барои таъмини суди одил мо дар бобати пурра рақамисозии корҳои суд, кам кардани авомили инсонӣ, васеъ кор бурдани зеҳни сунъӣ фаъолона барои пурра рақамӣ намудан кор мебарем. Дар ҷамъомадҳо оид ба парвандаҳои иқтисодӣ ва маъмурӣ дар зали суд ҳозир будан ногузир намегардад – ҷонибҳо дар он онлайн метавонанд иштирок кунанд, рӯшодӣ ва шаффофияти мурофиаи суд таъмин хоҳад гардид. Хулоса, мамлакатамон дар остонаи «асри рақамӣ ва суди одил» қарор дорад.

Дар се соли охир барои 70 фоизи маҳкумшудагон ҷазо тавре муқаррар шуд, ки онҳо аз озодӣ маҳрум нагарданд. Нисбати 3 ҳазор шаҳрвандон ҳукми сафед кардан содир гардид. Амали авф нисбат ба бештар аз 3 ҳазор маҳкумшуда, ки муддати ҷазоро мегузаштанд ва қатъиян ба роҳи ислоҳ ворид гаштаанд, татбиқ гардид.

Чанд рӯз пеш ман Фармонро дар бораи ба оилаҳояшон баргардондани боз 523 ҳамватанамон имзо кардам.

Ҳамаи ин кори мувақатӣ нест, балки қисми ҷараёни бетанаффус дар дараҷаи сиёсати давлат аст. Мо дар ин соҳа корро ба дараҷаи нав мебардорем.

Муборизаро бар зидди иллатҳо мисли коррупсия, монополизатсия, бюрократия, шуҳратпарастӣ, хатарҳои маънавиву ахлоқии ҳаёти ҷамъият, ки ба рушди мамлакат ва некуаҳволии мардумамон таъсири манфӣ мерасонад, қатъиян идома медиҳем.

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи мо гувоҳи вазъияти бошиддати геосиёсӣ дар ҷаҳон мегардем. Роҳи сиёсии Ӯзбекистон дар чунин замони мураккаб чӣ гуна бояд бошад?  Мо барои соҳиб гардидани ҷойгоҳи муносиб дар ҷаҳони зудтағйирёбанда чӣ кор бояд кунем? Табиист, ки чунин саволҳо ҳар як ҳамватани моро ба фикр кардан водор месозад.

Вазъияти мураккаби имрӯзро ба инобат гирифта, мо минбаъд низ тамоми қувва ва имконотро барои мустаҳкам намудани истиқлолият, сулҳ, мусолиҳаи байнимиллӣ ва байнидинӣ дар мамлакат равона месозем.

Имрӯз садои Ӯзбекистон дар арсаҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ боварибахш садо медиҳад. Мамлакатамон яке аз марказҳои сиёсии ҷаҳон гардид, ки дар он ҳамоишҳои зиёди бонуфуз, анҷуманҳои байналхалқӣ баргузор мегарданд. Чунин ҳамоишҳо ин ҳидояти бошарафи Ӯзбекистон ба халқҳои сайёра дар бобати сулҳ ва ҳамкорӣ мебошад.

Бинобар ин мехоҳам бори дигар мавқеи сиёсии хориҷиамонро таъкид намоям.

Пеш аз ҳама муносибатамонро бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ба дараҷаи сифатан нав мебардорем, ки дар рӯҳи риштаҳои дӯстонаи қадима ва некҳамсоягӣ, шарикии стратегӣ ва эътимоди ҳамдигар мустаҳкам мегардад.

Бо мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай алоқаҳои анъанавӣ, бисёрҷанба ва шарикии стратегиро боз ҳам вусъат мебахшем.

Ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, молиявӣ, сармоягузорӣ ва технологиро бо ИМА, мамлакатҳои Аврупо ва дигар давлатҳои мутараққӣ инкишоф медиҳем, шарикии бисёрҷанба ва алоқаҳои амалиро мустаҳкам месозем.

Ба фароҳам намудани долонҳои нақлиётиву логистикӣ барои ҳамкории барои ҳама муфид дар самтҳои нав ва истиқболнок бо мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ, Шарқи Наздик ва Миёна, Африқо эътибори алоҳида менигаронем.

Бо назардошти он, ки Афғонистон омили муҳими бехатарии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба шумор меравад, татбиқи ҳамкории конструктив ва амалиро бо ҳукумати ин мамлакат ногузир мешуморем.

Мо бори дигар мавқеи қатъии худро собит менамоем: халқи Фаластин бинобар резолютсияи собитнамудаи СММ барои барпо намудани давлати мустақили худ ҳуқуқ дорад.

Халқ ва мамлакатамон ҳамеша ба шахсони бегуноҳ кӯмаки беғараз мерасонад, ки дар вазъияти мураккаб дар шароити ҷанг ва нохушӣ қарор дошта бошад.

Ба анъанаи инсонпарваронаи худ содиқ монда, мо Фармони махсусро дар бораи мадади ногузири иҷтимоӣ, моддӣ ва маънавӣ расондан ба шахсоне, ки ба сифати меҳмононамон, чун шаҳрвандони Фаластин омадаанд, қабул намудем.

Бовар дорам, ки халқи боҳиммат ва меҳрубонамон нуктаҳои Фармонро комилан дастгирӣ менамояд, дар татбиқи онҳо фаъолона иштирок мекунад.

Дар маркази диққати мо ҳамкории зич бо ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ ва минтақавӣ, институтҳои молиявӣ ҳамеша қарор хоҳанд дошт.

Дар рӯзҳои наздик мо боз дар як анҷумани бонуфуз – ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай дар Чин ва инчунин чандин мулоқот ва чорабиниҳо дар доираи он иштиирок хоҳем кард. Бинобар ин, имрӯз ҷашни Истиқлолиятро якҷоя бо шумо, бо тамоми халқамон қайд намуда, ният дорем, ки фардо барои иштирок дар ин ҳамоиш равем. Бешубҳа, ҷамъбасти он инчунин барои мустаҳкам намудани нақш ва мавқеи Ӯзбекистони Нав дар арсаи ҷаҳон, ба даст овардани мақсадҳои стратегии сиёсати хориҷии гуногунсамтамон хидмат менамояд.

Аз фурсат истифода намуда, иштирокдорони ин тантана сафирони муҳтарами давлатҳои хориҷӣ, вакилони ташкилотҳои байналхалқиро аз таҳти дил самимона хайрамақдам мегӯям, барои ҳамкории босамарашон миннатдории таҳтидилна иброз мекунам.

Дӯстони муҳтарам!

Сарфи назар аз машаққат ва озмоишҳо, мо қатъиян амиқсозии ислоҳоти демократӣ, мустаҳкам намудани ваҳдати миллӣ ва ҳамбастагиро идома медиҳем, ҳеч гоҳ аз роҳи таъмини ҳаёти муносиби халқамон барнамегардем. Ва ҳатман корҳои неки оғознамударо, ки ба истиқболамон нигаронда шудааст, то охир мебарем.

Мо, шаҳрвандони Ӯзбекистон – халқи ягона, мамлакати ягона, оилаи ягона.

Тақдир ва ояндаи мо бахт ва дастовардҳоямон ягона мебошад.

Агар мо ба қоидаи ҳаёт риоя намоем: муваффақияти ҳар як ҳамватани ман – муваффақияти ман, ғами ӯ – ғами ман, он гоҳ муваффақиятҳоямон изофа мегардад, ғамҳоямон – кам.

Мутаассифона, дар ҷаҳон таҳдид ва хатарҳои гуногун кам нест. Аммо мо чун қувваи ягона ба онҳо муқовимат намоем, албатта пирӯз мегардем.

Агар дар роҳи мақсади нек дасти ҳамдигарро гирифта равем, самимона барои он кӯшиш кунем, албатта пирӯз мегардем.

Бовар дорам, ки ҳар як ҳамватани мо, ин талаби муҳим ва мураккаби замонро амиқ эҳсос намуда, шуҷоатмандона ба Ватани азизаш ба хотири шукуфоии он хидмат менамояд.

Дар ҷашни имрӯзаи бузург аз таҳти дил ба халқи меҳнатқарину меҳрубонамон, ба ҳар касе, ки ба сохтмони Ӯзбекистони Нав саҳми муносиб мегузорад, миннатдории самимии худро изҳор менамоям ва сари таъзим фуруд меорам.

Ҳамватанони муҳтарам!

Бори дигар аз таҳти дил шуморо бо Рӯзи истиқлолият табрик менамоям, ба ҳамаатон беҳтарин таманноҳоро изҳор медорам.

Бигзор, Худованд ҳамеша Ватани моро ҳифз кунад!

Бигзор, ҳар як одам, ҳар як оила дар мамлакатамон дар сулҳ ва оромӣ, бахт ва фараҳмандӣ ба сар барад!

Зинда бод, Ӯзбекистони азизи мо!

Зинда бод, халқи Ӯзбекистон!

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: