Дар вилояти Самарқанд имсол дар 60 ҳазор гектар замин пунбадона кишт шуда, аллакай дар баъзе майдонҳои ноҳияҳои ҷанубӣ ҳосили фаровони пахта ба чашм мерасад.
Бунёдкорони «тилло сафед» ният доранд, ки ба хирман 261 ҳазор тонна ашёи хоми саноатӣ ирсол намоянд.
Боиси ифтихору хушнудист, ки бо сиёсати оқилона ва дурандешонаи сарвари давлатамон дар ғунучини ҳосили кишоварзӣ, боғу ток ва пахта талабагону донишҷӯёни мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии миёна ва олӣ ҳамчун ҳашарчиёни «ихтиёрӣ-маҷбурӣ» иштирок намекунанд.
Ана барои чӣ диққату эътибори махсус ба техникаи пуриқтидор нигаронида шудааст.
Дар асоси Қарори сарвари давлатамон аз 19-уми феврали соли равон дар бораи ғунучини ҳосил бо усулҳои муосири техникӣ Бонки умумиҷаҳонӣ ва ширкати саҳҳомии «Ӯзагролизинг» ба хоҷагиҳои фермерӣ ва кластерии вилояти Самарқанд 36 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда шуд, ки 50 агрегати пуриқтидори замонавии пахтачинӣ аз Хитой харид карда шавад.
Мошинҳои тамғаи «Boshiran-7919» якбора аз чаҳор қатор дар як шабонарӯз 50 тонна пахта ҷамъоварӣ хоҳад кард.
Бояд таъкид намуд, ки ҳангоми кишт ҳаракати нақлиёти пахтачинӣ ба ҳисоб гирифта шудааст. Солҳои гузашта техникаи мазкур дар пахтазорҳои Самарқанд аз санҷиши ҷиддии мутахассисон гузаштааст.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.