Ҷавонони боистеъдод ҷамъ шуданд

Ба муносибати истиқболи 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатамон дар тамоми гӯшаву канори кишварамон таҳти шиори «Барои Ватан, барои миллат, барои халқ!» чорабиниҳои васеъмиқёси фарҳангӣ давом дорад.

Ҷавонони намангонӣ  низ дар чорабиниҳои маданӣ, ки таҳти ин шиор баргузор мегардад, маҳорати эҷодии худро нишон доданд.

Дар боғи ба номи Заҳириддин Муҳаммад Бобури шаҳри Намангон баромадҳои ҳунарии дастаҳои мактабҳо, ки дар марҳилаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳурявии озмунҳои «Театри мактаби Турон» ва «Ансамбли боистеъдоди мактаббачагон» ғолиб шудаанд, ташкил карда шуд.

Образҳои қаҳрамонони асарҳо ва сурудҳои дилнишин аз тарафи ҷавонон дар саҳна бо маҳорат иҷро шуданд. Иштирокчиёни тадбир онҳоро бо кафткӯбӣ пешвоз гирифтанд.

– Ин хел чорабиниҳои маънавиву маърифатӣ дар тарбияи насли наврас  дар  рӯҳи садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва маънавияти баланд аҳамияти калон дорад. Мо бояд фарзандонамонро бекор намононда, ба корҳои фоидабахш ҷалб кунем, баъди таҳсил  касбу ҳунар омӯзонем, ки дар оянда ба Ватан, ба халқи азизаш хидмат кунад, – гуфт омӯзгори фахрӣ Санобар Ҳошимова.

Чорабиниҳо дар ҳудудҳо давом дорад.

Шоҳида ДАМИНОВА,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: