Ифтитоҳи бинои нави корхона

Дар арафаи ҷашни истиқлоли давлатӣ ба истифода супоридани объекти нави истеҳсолӣ ва хидмати маишӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

Соли ҷорӣ низ ин анъанаи нек амалӣ гардид. Дар вилояти Намангон якчанд объекти нав ба фаъолият шурӯъ кард.

Аз ҷумла, дар маҳаллаи Норинкапа корхонаи хусусии “Норинкапа-манор” фаъолият мебарад. Дар ин ҷо дару тирезаҳои алюминӣ ва МДФ ва пардаҳои замонавӣ истеҳсол намуда, ба мизоҷон хидмат мерасонанд. Дар арафаи 34-солагии иди истиқлол  роҳбари корхона боз як бинои нав барпо карда, 10 нафарро бо кор таъмин намуд.  Барои корҳои сохтмон аз тарафи ташаббускор 650 млн. сӯм маблағи шахсӣ сарф шуд. Корхона соле ба маблағи 550 млн. сӯм маҳсулоти  харидоргир истеҳсол карда, ба мизоҷон месупорад.

Шоҳида ДАМИНОВА,

мухбири “Овози тоҷик” дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: