Дар майдони Мустақилии ноҳияи Бешариқ бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон чорабинии доманфарохи идона ташкил карда шуд, ки он таҳти шиори «Барои Ватан, барои миллат, барои халқ!» дар саросари ҷумҳурӣ васеъ ҷашн гирифта мешавад.
Дар он собиқадорони меҳнат, соҳибкорону роҳбарони хоҷагиҳои фермерӣ, сохтмончиён, аҳли адабу фарҳанг, намояндагони истеҳсолот, фаъолони маҳаллаҳо ширкат намуданд.
Ҳокими ноҳия Расулҷон Ҷӯраев иштирокчиёнро бо ҷаш-ни 34-солагии касби истиқлолияти давлатӣ табрику шодбош гуфта, ҳа-маро ба садоқат ба Ватану Президент, ваҳдату ҳамгироӣ ва меҳнати зарбдорона даъват кард.
– Ҳар як сокини ноҳияи мо сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро бо камоли майлу эҳтиром ва эътиқод дастгирӣ мекунад ва барои шукуфоии ин Ватани азиз бо ҷид-ду ҷаҳд талош менамояд. Боиси ифтихор аст, ки мо дар чунин кишвари ободу зебо ва фаровон зиндагӣ мекунем. Бигзор дар ҳар хонавода шукӯҳ ва шодиву тараб ҳукмрон бошад, – гуфт Расулҷон Ҷӯраев.
Ҳоло ҷашну тантанаҳо бахшида ба рӯзи истиқлолияти давлатӣ дар саросари вилоят доман густардааст.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.