Ҳоло тантанаҳои ҷашни 34-умин солгарди Истиқлолият дар саросари кишвар идома доранд. Дар баробари шаҳру ноҳияҳои вилояти Тошканд, дар ноҳияи Бӯка низ таҳти шиори «Барои Ватан, барои миллат, барои халқ!» чорабинии мутантан баргузор гардид.
Дар чорабинии идона, ки дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Бӯка баргузор гардид, меҳмонон ва шаҳрвандони ноҳия иштирок карданд. Дар оғози ҷашн сараввал ҳокими ноҳия Бахтиёр Бегматов меҳмонон ва иштирокдоронро бо Иди истиқлолият табрик гуфта, оиди дастовардҳои ноҳия дар тӯли даври гузашта сухан ронд.
Дар қисми мадании ҷашнвора ҳофизони шуъбаи фарҳанги ноҳия, ҳунармандони номвари ҷумҳурӣ ва баромади варзишии ҷавонон ба иштирокдорони ҷашн рӯҳи болида бахшид.
– Дар мамлакатамон барои тамоми миллату элат ва халқҳои гуногунзабон баробарҳуқуқӣ ва шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, – мегӯяд намояндаи Маркази миллӣ-мадании қирғиз, режиссёри театри лӯхтаки «Ифора» Ислом Турдиқулов. – Имрӯз ҳар як шаҳрванд, қатъи назар аз миллаташ дар рушду ободонии Ватан саҳми худро мегузорад.
Дар охири чорабинӣ мушакҳои гуногунҷило осмони варзишгоҳро фаро гирифта, намои идона бахшиданд.
М. Қодирзода,
вилояти Тошканд.