Бо ташаббуси Ҷамъияти ҷаҳонии бозомӯзӣ, ҳифз ва оммавигардонии мероси фарҳангии Ӯзбекистон (WOSCU) нашри силсилаи китоб-албомҳои «Катибаҳои ёдгориҳои Ӯзбекистон» роҳандозӣ шуд. Ҳоло ин ҷамъият беш аз 450 нафар олимони маҳаллӣ ва хориҷиро ба ҳам оварда, ҳамасола китоб-албомҳоро дар силсилаи «Мероси фарҳангии Ӯзбекистон» ва «Катибаҳои ёдгориҳои Ӯзбекистон» бо дастгирии ташкилӣ ва молиявии ҳукумат ба нашр мерасонад.
Масъалаи бозомӯзии мероси фарҳангӣ, ёдгориҳои этнографӣ, манзилгоҳҳои таърихӣ, ҳифз намудани онҳо ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад ва тӯли солҳои охир таҳти роҳнамоии Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев дар ин самт корҳои шоёни таҳсин амалӣ мегарданд.
Ин беҳуда нест. Чунки Ӯзбекистон аз лиҳози шумор ва арзишмандии чунин ёдгориҳои этнографӣ яке аз мамлакатҳои пешсафи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки ҳар як ёдгорӣ, мавзеи таърихӣ ва ҳар як катибаву навиштаҷоти обидаҳои сарзамини мо таърих, мазмун ва муҳтавои ба худ хос дорад.
Ин буд, ки бо ташаббуси Ҷамъияти ҷаҳонии бозомӯзӣ, ҳифз ва оммавигардонии мероси фарҳангии Ӯзбекистон (WOSCU) нашри силсилаи китоб-албомҳои «Катибаҳои ёдгориҳои Ӯзбекистон» роҳандозӣ шуд. Ҳоло ин ҷамъият беш аз 450 нафар олимони маҳаллӣ ва хориҷиро ба ҳам оварда, ҳамасола китоб-албомҳоро дар силсилаи «Мероси фарҳангии Ӯзбекистон» ва «Катибаҳои ёдгориҳои Ӯзбекистон» бо дастгирии ташкилӣ ва молиявии ҳукумат ба нашр мерасонад.
Бояд гуфт, ки дар асрҳои миёна аз ҷониби ниёи бузурги мо намунаҳои бошукӯҳи обидаҳои меъморӣ офарида ва то кунун ҳифз шудаанд. Девору пештоқҳои қадимаи ин биноҳои боҳашам бошад, бо катибаву навиштаҷоти зебои хаттӣ оро ёфтаанд. Албатта аксар одамон мехоҳанд донанд, ки гузаштагони мо дар онҳо чӣ гуна панду андарз ва суханони ҳакимонаро сабт намудаанд.
Маҳз бо ҳамин мақсад, яъне бозомӯзии мазмуну мундариҷаи чунин катибаҳои девори масҷид, пештоқи дарвоза, санги мақбара ва дигар ёдгориҳо аз соли 2010 гурӯҳи эҷодӣ катибаҳои ноёби ёдгориҳоро бодиққат омӯхта, натиҷаҳоро ҷамъ ва лоиҳаи нашри силсилаи китоб-албомҳои «Катибаҳои ёдгориҳои Ӯзбекистон»-ро ба роҳ монданд. Бояд гуфт, ки дар ягон давлати ҷаҳони ислом барои мутолиаи пурраи катибаҳои ёдгориҳои таърихӣ ва нашри онҳо чунин корҳои густурда сурат нагирифтааст.
Дар натиҷаи меҳнати чандинсолаи аҳли илм, донишмандон, мутахассисони соҳа китоб-албомҳо таҳти унвони «Катибаҳои ёдгориҳои Ӯзбекистон» бахшида ба катибаҳои ёдгориҳои меъмории Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Андиҷон, Бухоро, Қашқадарё, Навоӣ, Намангон, Сурхондарё, Фарғона, Хоразм, Тошканд ва шаҳри Тошканд, инчунин, албомҳои маҷмааҳои таърихии меъмории Регистон ва Шоҳизиндаи Самарқанд, бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ бо теъдоди 220 ҳазор адад рӯйи чоп омаданд.
Дар доираи тадқиқотҳои марҳилаи якуми лоиҳа зиёда аз 1,5 ҳазор катиба (аксари онҳо бори аввал) мутолиа ва тарҷума шуданд. Беш аз 200 шеър, панду насиҳат, суханҳои ҳикматомез, номи зиёда аз 100 усто ва хаттот, 300 навиштаҷоти динӣ, 150 санади бахшидашуда, 150 санаи таърихӣ, 100 амри ҳукмдорон ва дигар катибаҳо аз ин ҷумлаанд.
– «Катибаҳои ёдгориҳои Ӯзбекистон» сарчашмаи муҳими таърихӣ мебошанд, – иброз дошт муҳаққиқ, мутахассиси забони арабӣ ва форсӣ-тоҷикӣ, яке аз мусаҳҳеҳони китоб-албомҳо Файз Маҳмудов. – Камина дар бозомӯзии катибаҳои чанд шаҳру вилоят шахсан иштирок кардам. Мо бисёр қабр, обида, маҷмаа, ёдгориҳои меъмориро омӯхтем. Катибаҳоро интихоб, тасниф, тарҷума ва гирдоварӣ намуда, ба шакли китобҳои алоҳида овардем. Вақте дар бораи «Катибаҳои ёдгориҳои Ӯзбекистон», ки ба вилояти Қашқадарё бахшида шудааст, мегӯем, бояд таъкид кард, ки ин вилоят аз рӯи шумораи ёдгориҳо баъд аз Самарқанду Бухоро дар кишвар ҷойи сеюмро ишғол мекунад. Дар Қашқадарё манбаъҳои зиёде мавҷуданд, ки то ҳол тадқиқ нашудаанд. Бахусус, катибаҳо. Ҳанӯз мо аз даҳ як ҳиссаи онҳоро омӯхтему халос. Агар ҳамаи катиба ва навиштаҷотро ҷамъ оварем, китоби даҳҷилда хоҳад шуд. Вақте ба катибаҳои Қашқадарё диққат мекунем, қадимтарини онҳо ба давраи Қарохониён рост меояд. Қисми асосии онҳо ба асрҳои XV-XVI тааллуқ доранд. Ҳангоми тадқиқ матнҳои гуногун пеш меоянд, ки аз тавонмандии баланди ниёи мо дар соҳаи хаттотӣ шаҳодат медиҳанд. Ин амали хайр минбаъд низ идома меёбад. Мақсад аз ин ба насли оянда расонидани мазмуну мундариҷаи катибаҳои таърихӣ мебошад. Зеро дар онҳо таърихи мо ниҳон аст.
Бино ба таъкиди Ф.Маҳмудов қисми асосии катибаҳое, ки дар вилояти Қашқадарё дарёфт шудаанд, бо забонҳои форсӣ-тоҷикӣ, арабӣ, туркӣ ва қароқалпоқӣ сабт гардидаанд. Аз ҷумла, дар сандуқи чӯбини гулкорӣ, ки бино ба асноди таърихӣ дар он Хирқаи муборакаи Паёмбар нигаҳдорӣ мешавад ва ҳоло он дар манзили яке аз сокинони Катталангар – Муҳаммад Раҷабалӣ маҳфуз аст, бо хати зебои настаълиқ чунин абёти таърихӣ навишта шудааст:
Дар замони шоҳи одил, к-ӯ шоҳонро сарвар аст,
Остони кишвараш Нӯшервону Қайсар аст.
Сандуқи олӣ мураттаб шуд — маҳалли файзу нур,
Хуш биное – боиси таъзиму олиманзар аст.
Аз барои сандали чӯбаш бубин дар субҳу шом,
Тавф дорад осмон гирдаш..., магар дарди сар аст?
Дар мазиди иштиёқи ошиқонаш ҳолҳо,
Рӯйи ӯро лаълу ёқуту зуммуррад ҷавҳар аст.
Бо чӣ напсандад каромат, аз чӣ напзирад хирад?
Он биное, ки мақоми Хирқаи Пайғамбар аст.
Банияш кони сахову исми он (ӯ) Абдулҳаким,
З-илтифоти шоҳ, олами мансабаш: «Мирохур» аст.
Соли таърихи бинояш аз хирад пурсида шуд,
Гуфт: адабро по ниҳода, «Ҷомаи пайғамбар» аст!
Ёдовар мекунем, ки нахуст китоб-албоми «Катибаҳои нодири ёдгориҳои Ӯзбекистон» рӯйи чоп омад. Дар он катибаҳои зеботарин, ки дар минтақаҳои мамлакатамон ҳифз шудаанд, интихобан гирдоварӣ шуданд. Нашри ин китоб дар ярмаркаҳои ҷаҳон эътироф гардид ва ин ба гурӯҳи эҷодӣ, аз ҷумла муаллифи лоиҳа Фирдавс Абдухолиқов, роҳбари лоиҳа Шерзодхон Қудратхоҷаев ва муҳаррирони илмӣ, ҳайати таҳрир, ҳамоҳангсозон, тарҷумону мусаҳҳеҳон барои идомаи ин лоиҳаи судманд такон бахшид ва то ҳол, яъне дар марҳилаи якуми лоиҳа 20 ҷилди китоб-албомҳо нашр шуд.
Ф. ЙӮЛДОШЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».