22-24-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия кинофестивали байналмилалии VI «Lendoc Film Festival» шуда гузашт.
Чорабинии фарҳангӣ аз ҷониби киностудияи «Лендок» ва созмони ғайритиҷоратии «Кинокултура» бо дастгирии Вазорати фарҳанги Русия ва Кумитаи фарҳанги Санкт-Петербург баргузор гардид.
Дар барномаи озмун филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатии дар солҳои 2023-2025 офаридашудаи кинорежиссёрони бомаҳорати Русия ва кишварҳои ИДМ намоиш дода шуданд. Ҷолиби диққат аст, ки дар ҷашнвора филмҳое ба намоиш гузошта шуданд, ки намунаҳои дурахшони кинематографияи Ӯзбекистон мебошанд. Махсусан филмҳои «Дар ҷустуҷӯйи баҳор», (коргардон Аюб Шаҳобиддинов), «Тайметов. Сафири ғалаба» (коргардон Элдор Йӯлдошев), «Ба хона баргаштан» (коргардон Дилшода Қосимова) ва «Хона» (коргардон Ҷамшед Нарзиқулов) аз тарафи тамошобинон бо шавқу ҳаваси калон пешвоз гирифта шуданд. Ин, дар навбати худ, бори дигар неруи баланди касбии кинематографистонамонро тасдиқ кард.
Дар доираи фестивал вохӯриҳои эҷодӣ бо устодони синамо, дарсҳои маҳорат бо иштироки коргардонҳои пешқадам, мизи мудаввар бо мутахассисон ташкил карда шуданд.
Аз рӯйи натиҷаи озмун филми «Дар ҷустуҷӯйи баҳор» дар ду номинатсия ғолиб дониста шуд. Аз ҷумла, Эркин Аъзам барои «Беҳтарин сенария» ва Раъно Шодиева барои «Беҳтарин нақши зан» ҷоиза гирифтанд.
АИ «Дунё»,
шаҳри Санкт-Петербург.