Дар Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии ба номи Исҳоқхон Ибрати воқеъ дар мавзеи Намангони Нав хобгоҳи донишҷӯён барои 400 ҷой ба истифода дода шуд.
Хобгоҳи замонавӣ, ки дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ сохта шудааст, ба хонаи дуюми донишҷӯён табдил хоҳад ёфт. Дар хобгоҳ имконият ва шароитҳои ҳамаҷониба фароҳам оварда шудааст.
Дар маросими кушодашавӣ ректори донишкада Ривоҷиддин Каримов ба сухан баромада, таъкид намуд, ки ин хобгоҳи нав дар самаранокии таълим ва тарбияи донишҷӯён аҳамияти калон дорад.
Дар чорабинӣ ҷонишини ҳокими вилоят О.Бозоров, мудири шуъбаи ҷумҳуриявии Маркази маънавият ва маърифати вилоят М. Аппақов, намояндагони донишкада ва фаъолон иштирок намуданд.
Бояд таъкид кард, ки чунин бунёдкориҳо барои пурра қонеъ гардонидани талаботи таҳсили донишҷӯён дар доираи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» қадами пайваста мебошад.
Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.