Тарғибгарони забону миллат

Инсон дар ҳамаи давру замон ба таълиму тарбия ниёз дорад. Агар ба гузаштаи дуру наздики халқамон назар афканем, мебинем, ки фарзандони аҷдоди мо дар мактабҳои гуногун таълиму тарбия гирифтаанд.

Кас ҳаёту фаъолияти намунаи ибрати аҳли илму адабро пеши назар оварда, ҳайрон мемонад, ки онҳо дар мактабҳои тангу тор, дар равшании шамъу чароғ бо кадом усул тарбия гирифта бошанд, зеро шеъру ҳикоя, қиссаҳои аҷоиб ва рисолаҳои илмиашон аз нигоҳи мантиқ ва тарзи баён камбудие надоранд. Имрӯз ба таълиму тарбия ҳамаи шароит фароҳам аст, омӯзгорони маълумоти олидор дар синфхонаҳои васеъ ва равшан ба талабаҳо дарс медиҳанд, вале мебинем, ки баъди номаи камол гирифтан на ҳамаи хонандагони мактабҳо ҷумлаеро дуруст навишта метавонанд...

Дар солҳои охир бо ташаббус ва саъю кӯшишҳои Президенти мамлакат дар ҳама соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла таълими халқ дигаргуниҳои назаррас рӯй доданд, қарору фармонҳои таърихӣ қабул карда шуданд. Хусусан, ходимони муассисаҳои таълими томактабӣ, мактабӣ ва таълими олӣ – мураббиён, омӯзгорон, устодони донишкадаву донишгоҳҳо, ҳатто одамони одӣ ин навгониҳоро мебинанд ва ҳис мекунанд. Барои хонандагонро ба китобхонӣ, варзиш ва дигар машғулотҳо ҷалб намудан озмунҳо эълон гардид ва ғолибон бо мукофотҳо рағбатнок гардонда шуданд, дар натиҷа хонандагони мактаб беш аз пеш ба китобхонӣ рӯ меоваранд.

– Роҳбари давлат дар яке аз табрикҳояш чунин гуфта буд: «Омӯзгори имрӯза бояд мутахассиси универсал бошад, ҳам омӯзад ва ҳам омӯзонад, яъне дар бораи худ муттасил кор кунад, доимо ҷӯяд. Аз ҳама муҳимаш, омӯзгор бояд ватанпарвари ҳақиқӣ бошад». Қарори Президент «Дар бораи чорабиниҳо доир ба таъсис додани мактабҳои президентӣ», дар роҳи рушди таълиму тарбия қадаме ба пеш шуд. Соли ҷорӣ аз мактаби мо 12 нафар ба муассисаҳои таълими олӣ, ду нафар ба мактаби Президентӣ дохил шуданд, – мегӯяд дар рафти суҳбат директори мактаби миёнаи рақами 82-юми ноҳияи Сариосиё Саодат Сангинова.

Дар роҳи мутолиаи китоб ва рӯзномаву маҷалла, ки бо ин васила маънавиёту маърифати инсон, хусусан насли наврас рӯ ба беҳбудӣ менигарад, омӯзгор нақши муҳим мебозад. Дар саҳифаҳои «Овози тоҷик» низ омӯзгорону мураббиёни эҷодкор бо хабару мақола, шеъру ҳикояҳои худ фаъоланд. Аз ҷумла, аз вилояти Сурхондарё омӯзгорон Латофат Исматова, Саодат Сангинова, Турдиқул Ҳасратов, аз ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона Ҳотамалӣ Раҳматов, Бунёд Шоматов, аз ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ Элмурод Рӯзиев, Дилмурод Қӯзиев, аз ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах омӯзгори собиқадор Собир Эргашев, Раҳимшоҳ Шарифзода, аз вилояти Бухоро Лутфия Баҳронова, аз ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд Сулаймони Содиқ ва Алимурод Темиров аз вилояти Қашқадарё Рӯзибойи Қурбониён, Баҳром Чоршанбиев ва дигар омӯзгорони собиқадор бо шеъру ҳикоя ва навиштаҳои тарбиявии худ саҳифаҳои рӯзномаро рангину хонданибоб менамоянд. Дар давоми таътили тобистонаи хонандагон маводҳо таҳти рукнҳои « 90 рӯзи зарбдор», «Истироҳати бофароғати бачаҳо», «Китоб – манбаи дониш», «Рӯзи китобхонӣ» дар саҳифаҳои рӯзнома пайваста рӯйи чопро диданд. «Овози тоҷик» аз оғози соли ҷорӣ тавассути канали расмии «Овози тоҷик» миёни дабистонҳо ба навбат пурсишномаҳо гузаронд, то ки дар натиҷаи баҳогузории халқ вазъи кунунии мактабҳоямон муайян шавад ва сифати таълиму тадрис беҳ гардад, камбудиву мушкилот ошкор шуда, таҳаввулоте дар ин самт ба миён ояд. Доир ба фаъолияти муассисаҳои таълими олӣ ва мактабҳои ғолиб, омӯзгорон ва хонандагони он мақолаҳои ҷолиби диққат дар саҳифаҳои рӯзнома ба табъ расиданд.         

Бино ба фармони Вазорати таълими томактабӣ ва мактаби ҷумҳурӣ (аз 30 апрели соли 2025) бо мақсади муайян намудани кадрҳои педагогии соҳибихтисос санҷиши думарҳила эълон гардид. Дар рӯйхати довталабоне, ки аз марҳилаи якуму дуюми саракунӣ бомуваффақият гузаштанд ва дар давоми нӯҳ моҳ аз фонди вазири томактабӣ ва мактабӣ мукофотпулӣ дода мешавад, хушбахтона,  омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик низ ҳастанд. Онҳо Саноат Аҳадова – омӯзгори мактаби рақами 43-юми ноҳияи Самарқанди вилояти Самарқанд, Дилором Муродуллоева – мактаби рақами 12-уми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё, Санҷар Ҳисомов – мактаби рақами 2-юм ва Иқбол Бобоҳайдаров мактаби рақами 26-уми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона, Ҳилол Рӯзиев – мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ мебошанд. Доир ба ин омӯзгорони тарғибгари забон ва миллат «Овози тоҷик» таҳти рукни «Гиромидошти омӯзгор» маводҳои ҷолиб чоп намуд.

Суханони роҳбари давлат «Дар Ӯзбекистон бояд инсони баобрӯтарин муаллим бошад» омӯзгорони асили мамлакатро ба ояндаи мактабу маориф дилгарм сохт. Умед дорем, ки робитаи омӯзгорон бо рӯзномаи тарғибгари забону миллат боз ҳам қавитар мегардад.

Саодат Бекназарова,

муҳаррири бахши мактаб ва маънавияти «Овози тоҷик».    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: