Президенти Ӯзбекистон бо сафари расмӣ ба Чин рафт

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзҳои 30 авгуcт бо сафари расмӣ ба ин мамлакат рафт.

Тибқи барномаи сафар роҳбари давлатамон рӯзҳои 31 авгуcт – 1 сентябр дар ҷамъомади навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва ҳамоиши формати “СҲШ плюс”, ки дар шаҳри Тянҷзин гузаронида мешавад, ширкат мекунад.

Масоили муҳим оид ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба дар самтҳои афзалиятнок дар доираи СҲШ ва такмили фаъолияти минбаъдаи созмон баррасӣ мегардад. 

Қабули Эъломияи Тянҷзин, ҳуҷҷат ва қарорҳои муштарак дар назар аст.

2 сентябр роҳбари Ӯзбекистон дар шаҳри Пекин бо Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин мулоқот, инчунин бо намояндагони расмӣ ва роҳбарони ширкатҳои пешбари Чин вохӯриҳо мегузаронад.

3 сентябр иштироки роҳбари давлатамон дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон дар назар аст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: