Дар «Боғи ҷавонон»-и маҳаллаи сайёҳии «Қурғон»-и ноҳияи Ғиждувон ба мақсади тарғиби анъанаҳои ҳунармандӣ, қадрият ва урфу одатҳои миллиамон фестивали «Пазандагӣ ва кулолгарии Ғиждувон» ташкил шуд.
Дар он ба сайёҳони хориҷӣ, меҳмонони шаҳр ва аҳолии маҳаллӣ мероси бой, ҳунармандии миллӣ ва санъати пазандагии мардуми Бухороро намоиш доданд.
Дар доираи фестивал дарсҳои маҳорати кашидадӯзӣ, кулолгарӣ ва намоиши асарҳои рассомони ҷавон, инчунин баромади ҷамоаҳои фолклорӣ ба иштирокчиён кайфияти хуш бахшиданд.
Мактаби машҳури кулолгарӣ ва таомҳои миллии Ғиждувон ба иштирокчиёни фестивал таассуроти калон гузоштанд.
Сурат ва лавҳаи аз канали расмии ҳокимияти вилояти Бухоро.