Ҷашнвораи байналмилалии ҳунармандӣ чӣ хел мегузарад?

Иттиҳоди ҷумҳуриявии «Ҳунарманд» бахшида ба омодагии Фестивали III байналмилалии ҳунармандӣ, ки 19-21 сентябри соли ҷорӣ дар Қӯқанд ва Форуми II байналмилалии кулолгарӣ, ки дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғона баргузор мегардад, дар Маркази матбуоти миллӣ нишасти матбуотӣ доир намуд.

Дар нишаст раиси Иттиҳоди «Ҳунарманд» Расулҷон Мирзоаҳмадов, академики Академияи фанҳои Ӯзбекистон Акбар Ҳакимов, роҳбарони бахшҳои иттиҳодия, ҳунармандон, санъатшиносон иштирок намуданд.

– Дар доираи корҳои омодагӣ ба фестивал як қатор чорабиниҳо, ба монанди  таҳияи лоиҳаи  маблағгузорӣ ба фестивал ва форум, таҳияи барномаи серӯза, нақшаи ҷойгиршавии павилонҳо дар майдони «Ӯрда»-и шаҳри Қӯқанд ва Маркази байналмилалии кулолгарии ноҳияи Риштон, муайян намудани ҳайати гурӯҳҳои хурди корӣ, таҳияи лоиҳаҳои диплом ва сертификатҳое, ки ба ғолибон ва иштирокчиёни ҷашнвора  супорида мешаванд  ва нашри барномаҳои чорабиниҳо дар сомонаи расмии иттиҳодия амалӣ мешаванд, – гуфт Расулҷон Мирзоаҳмадов.

Имсол иштироки 278 нафар меҳмони хориҷӣ аз 70 давлат пешбинӣ шудааст. Аз онҳо 232 нафар дар фестивали Қӯқанд иштирок мекунанд, ки 155 ҳунарманд, 14 маърузачӣ, 35 меҳмони расмӣ ва 28 намояндаи ВАО-ро дар бар мегиранд. Дар форуми ноҳияи Риштон бошад, 46 иштирокчӣ ширкат меварзад.

Дар фестивал ва форум ҳамчунин 412 ҳунарманди маҳаллӣ аз тамоми минтақаҳои кишвар ширкат мекунанд.

– Яке аз навгониҳои муҳими ҷашнвораи имсола ин аст, ки бо ташаббуси Иттиҳоди «Ҳунарманд» бори аввал агентҳои байналмилалии савдо, коршиносони ҷаҳонӣ дар соҳаи брендсозӣ, мутахассисони маъруфи мӯд аз Париж, мутахассисони тиҷорати электронӣ (e-commerce), ансамблҳои байналмилалӣ ва директори иҷроияи Ярмаркаи байналмилалии санъати амалии халқӣ (IFAM) аз Санта-Фе даъват шудаанд, – таъкид намуд академик Акбар Ҳакимов. – Ин ташаббусҳо барои боло бурдани нуфузи байналмилалии ҷашнвора, мустаҳкам кардани мавқеи маҳсулоти ҳунармандӣ дар бозори ҷаҳонӣ, таблиғи онҳо ҳамчун бренд ва вориди онҳо ба майдони байналмилалӣ аҳамияти калон доранд.

Дар доираи фестивал, дар Театри давлатии драмавии Қӯқанд таҳти мавзӯи «Ояндаи рушди ҳунармандӣ ва санъати амалии халқӣ» ва дар Маркази байналмилалии кулолгарони Риштон таҳти мавзӯи «Ҳифз ва рушди кулолгарии анъанавӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» конфронсҳои байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор мегарданд. Дар конфронсҳо иштироки 28 маърӯзачӣ дар назар аст. Конфронсҳо барои таҳқиқоти илмӣ, мубодилаи таҷриба ва ғояҳо дар соҳаи ҳунармандӣ ва тақвияти ҳамкорӣ аҳамияти муҳим доранд.

Ҳунармандони маҳаллӣ дар самтҳои кулолгарӣ, заргарӣ, мисгарӣ, дӯзандагии миллӣ ва нассоҷӣ маҳсулоти худро намоиш дода, ба тарғиби маҳсулоти миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ саҳм мегузоранд.

Дар доираи фестивал ва форум намоишгоҳҳои маҳсулоти ҳунармандӣ ва кулолгарӣ, намоиши мӯд, озмуни ҳунармандон, ярмаркаҳои савдо, баромади ансамблҳои миллӣ ва гурӯҳҳои эҷодӣ, муаррифии брендҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ баргузор мешаванд. Ҳамчунин, машғулиятҳои амалӣ ва мастер-классҳо бо иштироки устоҳои таҷрибадор, барномаҳои эҷодӣ барои кулолони ҷавон, вохӯриҳои эҷодӣ ва намоишҳои анъанавии миллӣ доир мегарданд.

Гулҷаҳон Кабирова,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: