Имрӯз дар мактабҳои ҳамагонии саросари мамлакат таҳти шиори “Барои Ватан, барои миллат, барои халқ” чорабинии “Занги аввал” доир гардид.
Оғози соли нави таҳсил дар мактаби таълими умумии рақами 11-уми ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Чашмаи ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона низ бошукӯҳ таҷлил шуд.
Муовини ҳокими ноҳия Муслимбек Мавлонбеков, корманди шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳия Аҳрорҷон Тоҷибоев, раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳалла Фаррух Мамаҷонов, директори мактаб Ҳабиб Ҷӯраев ва дигарон ба сухан баромада, омӯзгорон ва донишомӯзонро бо оғози соли нави таҳсил шодбош гуфтанд ва дар ҷодаи фаъолияту таҳсил комёбиҳо таманно карданд.
Дар идома, 50 адад китобҳои бадеӣ, илмиву оммавӣ, ки аз ҷониби идораи “Овози тоҷик” барои пирӯзии мактаб дар назарсанҷӣ, ки бо мақсади муайян кардани беҳтарин мактаби тоҷикии мамлакат дар саҳифаи расмии рӯзнома дар телеграм гузаронида шуда буд, ирсол гардид, ба китобхонаи мактаб ҳамчун тӯҳфа эҳдо шуд.
Директори мактаб Ҳ.Ҷӯраев сипосгузории худро ба аҳли таҳририят иброз намуда, таъкид кард, ки минбаъд низ робитаҳои ҳамкориро бо матбуот, бахусус, “Овози тоҷик” тақвият хоҳанд дод.
Донишомӯзон дар васфи Ватан, Истиқлол ва таълим шеъру таронаҳо гуфтанд. Сипас, ба 75 нафар донишомӯзони синфи якум “Тӯҳфаи Президент” ба таври мутантан супорида шуд.
Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ, мухбири ҷамоатии рӯзнома