Дар натиҷаи музокироти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин, ки дар шаҳри Пекин баргузор гардид, маросими мубодилаи ҳуҷҷатҳои дуҷонибаи ба имзо расида баргузор шуд. Аз ҷумла:
- Барномаи ҳамкорӣ оид ба ҳамоҳангсозии Стратегияи «Ӯзбекистон-2030» ва ташаббуси «Як камарбанд ва як роҳ»;
- Созишнома оид ба таъсиси мутақобилаи марказҳои фарҳангӣ;
- Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хидматрасониҳои тиббӣ.
Ғайр аз ин, дар доираи сафари расмӣ ҳамчунин созишномаҳо ба имзо расиданд:
- оид ба тарҳрезии марҳилаи дуюми лоиҳа оид ба таъмин намудани Ӯзбекистон бо киштиҳои земснаряд;
- оид ба ҳамкории техникӣ ва иқтисодӣ;
- оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи арзёбии мутобиқат;
- оид ба талаботи фитосанитарӣ ҳангоми содироти харбузаи тару тоза ва бодоми Ӯзбекистон ба Чин;
- оид ба ҳамкорӣ дар истифодаи осоиштадои илмҳо, технологияҳо ва натиҷаҳои фаъолияти кайҳонӣ;
- оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати рақобат;
- оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи рушди захираҳои инсонӣ;
- оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисоди рақамӣ;
- оид ба барқарор намудани муносибатҳои шарикӣ байни вилояти Самарқанд ва шаҳри Тянҷзин;
- оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон ва Шӯрои Чин оид ба рушди савдои байналмилалӣ.