2 сентябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи сафари расмӣ ба шаҳри Пекин бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян мулоқот анҷом дод.
Масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои амалии бисёрҷониба, пеш аз ҳама дар соҳаҳои савдою иқтисодӣ, молиявию сармоягузорӣ ва гуманитарӣ баррасӣ гардиданд.
Дар оғози мулоқот роҳбари давлатамон Сарвазири Шӯрои давлатии ҶМЧ ва тамоми мардуми ин кишварро бо 80-солагии Ғалабаи бузург ва баргузории бомуваффақияти нишасти Созмони ҳамкории Шанхай дар Тянҷзин самимона табрик гуфт.
Таъкид гардид, ки ба туфайли иродаи сиёсӣ ва талошҳои муштараки роҳбарони ду кишвар, муносибатҳои Ӯзбекистон ва Чин дар марҳилаи нав ба сатҳи шарикии стратегии ҳамаҷониба ва ҳамкориҳои «пухтаи» бисёрсамта расидаанд.
Соли гузашта ҳаҷми гардиши мол ба 14 миллиард доллар расид ва афзоиши устуворро идома медиҳад. Зикр гашт, ки бо афзоиши таъминоти маҳсулот ва таъмини тавозуни содирот ва воридот имконияти ба 20 миллиард доллар расонидани ин нишондиҳанда мавҷуд аст.
Бо ин мақсад, дар Ӯзбекистон барои ҳамоҳангсозии стандартҳо ва мувофиқи талаботи Чин сертификатсия намудани маҳсулот таъсис додани Маркази муштараки метрологияи квантӣ ва Маркази минтақавии стандартикунонии саноатӣ пешниҳод гардид.
Бастаи лоиҳаҳои муштарак беш аз 60 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Дар доираи омодагӣ ба сафари навбатӣ, пешниҳодҳои нави ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетикаи «сабз», геология, кимиё, коркарди амиқи металҳои нодир, кимиё, саноати ангишт, рақамисозӣ ва навсозии инфрасохтори нақлиёт, хоҷагии қишлоқ ва об, тухмипарварӣ ва агроволтаика таҳия гардиданд.
Ҳамзамон, бо мақсади пешбарии тадқиқоти илмӣ ва стартапҳои умедбахш, таъсиси Маркази рушди зеҳни сунъии Ӯзбекистон – Чин пешниҳод шуд.
Масъалаҳои густариши ҳамкориҳои амалӣ бо институтҳои пешбари бонку молиявии Чин низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба натиҷаҳои ҷамъомади махсуси кумитаи поёнӣ оид ба мубориза бо камбизоатӣ ва Форуми дуввуми минтақавӣ, ки имсол дар Ӯзбекистон баргузор гардид, баҳои баланд дода шуд.
Доир ба лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани стратегии “Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон” бо ҷалби ширкатҳои пудратии Ӯзбекистон корҳои амалӣ идома доранд.
Дар доираи сафари навбатӣ имзои созишнома дар бораи ифтитоҳи Марказҳои фарҳангии ду кишвар бо қаноатмандӣ зикр гардид.
Соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон Форуми дуввуми таълим доир мегардад. Дар шаҳри Чунсин бори аввал Форуми таҳсилоти касбу ҳунар баргузор гардид ва дар ин замина “Алянси Ӯзбекистон – Чин” таъсис дода шуд. Дар минтақаҳои Ӯзбекистон «Устохонаҳои Лу Бан» кушода мешаванд.
Таъкид шуд, ки институтҳои Конфутсий дар Тошканд ва Самарқанд фаъолияти самарабахш доранд.
Ҷонибҳо зарурати минбаъд зиёд кардани шумораи парвозҳои ҳавоӣ ва фаъолсозии мубодилаи сайёҳонро таъкид карданд.
Дар анҷом Президенти мамлакат аз Сарвазири Шӯрои давлатии Чин даъват намуд, ки ба Ӯзбекистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.