Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи барномаи кории сафари расмӣ ба Чин, дар шаҳри Пекин раиси Шӯрои директорони ширкати “China National Building Materials” (CNBM) Чжоу Юйсянро ба ҳузур пазируфт.
Ширкати CNBM дар истеҳсоли масолеҳи сохтмон, рушди энергетикаи барқароршаванда ва пешниҳоди лоиҳаҳои муҳандисиву техникӣ чун яке аз бузургтарин конгломератҳо ба рӯйхати 500 ширкати беҳтарини ҷаҳонӣ шомил аст.
Дар мулоқот нақшаҳои татбиқи лоиҳаҳои умедбахш чун таҷдиди истгоҳҳои обкашӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои бодӣ ва офтобӣ, низомҳои захиракунии энергия, махаллисозии истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии иншооти энергетикаи алтернативӣ аз ҷониби ширкат баррасӣ гардиданд.
Ба иштироки ширкати чинӣ дар барномаи баланд бардоштани самаранокии барқ дар корхонаҳои саноатии мамлакатамон диққати махсус дода шуд.
Аз рӯйи суръат бахшидан ба созишҳои ҳосилшуда ва барои татбиқ қабул кардани “харитаи роҳ” супориш дода шуд.