Президенти Ӯзбекистон бо раиси Корпоратсияи миллии ҳастаии Чин музокирот анҷом дод

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи барномаи кории сафари худ ба шаҳри Пекин мулоқоти навбатиро бо раиси “China National Nuclear Corporation” (CNNC) Шэн Янфен анҷом дод.

Корпоратсияи миллии ҳастаии Чин бузургтарин корхонаи давлатӣ дар соҳаи барномаҳои ҳастаии шаҳрвандӣ мебошад. Ширкат аз ҷустуҷӯ ва ғанигардонии уран, тамоми занҷираи лоиҳаҳоро то сохтмони нерӯгоҳҳои атомӣ дар Чин ва хориҷи кишвар амалӣ мекунад.

Дар оғози мулоқот роҳбари давлат раиси “CNNC” ва кормандони ширкатро ба муносибати 70-солагии саноати ҳастаии Чин самимона табрик намуд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои умедбахш дар Ӯзбекистон муҳокима гардиданд.

Ба масъалаҳои иштироки ширкати Чин дар мубодилаи технологияҳои муосир ва азхудкунии конҳои уран, анҷом додани корҳои ҷустуҷӯиву геологӣ дар майдонҳои истиқболнок, инчунин, густариши ҳамкорӣ дар соҳаи “энергияи ҳастаии осоишта” таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: