Мардуми вилояти Навоӣ 34-солагии иди Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои бузурги бунёдкориву созандагӣ, бо рӯҳбаландии бузургу шодмонӣ пешвоз гирифтанд.
Ибтидо, дар ҳамаи муассисаҳои таълимиву тиббӣ, ташкилоту корхонаҳо ҷашнгирии бо тантанаи иди истиқлол таҳти шиори «Барои Ватан, барои миллат, барои халқ» ботантана баргузор гардид. Пас аз ин ҷашн дар маҳаллаҳои вилоят истиқбол карда шуд.
Ҳамчунин, ҷашни 34-солагӣ дар марказҳои ноҳияҳои Кармина, Навбаҳор, Қизилтепа, Хатирчӣ, Томдӣ, Учқудуқ, Нурато, Конимех ва шаҳрҳои Зарафшону Ғозғон бо тантанаҳои бошукӯҳ пешвоз гирифта шуд. Ҳокимони ноҳия ва шаҳрҳо аҳолиро бо фарорасии 34-солагии Истиқлолият табрик намуданд.
Иштирок ва сароидани сурудҳо аз ҷониби сарояндагони шинохта ба шодмонии ҳозирин шодиву хушнудӣ зам кард.
Аз гӯшаву канори вилоят аҳолии зиёд ба боғи истироҳатии ба номи Навоӣ бо чеҳраи кушод ва чеҳраи пуртабассум ҳозир шуданд. Боғи истироҳатӣ бо шиору овезаҳо ва плакатҳои гуногун намои нав пайдо карда буд.
Ҳозиринро ҳокими вилоят Нормат Турсунов бо фарорасии ҷашни бошукӯҳи ҷумҳурӣ табрику муборак намуда, доири моҳият ва аҳамияти истиқлол ва комёбиҳои саноатӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ҳарф зад.
Ба ҳозирин намоишҳои театрикунонидашуда ва баромади сарояндагони хушовоз таасуроти наҷиб гузошт. Мушакпаррониҳо завқу шавқи беандоза дошт.
Дар Маркази ахбор-китобхонаи вилоят бо ташаббус ва ҳамкории шуъбаи вилоятии Иттифоқи журналистон, шуъбаи вилоятии Иттиҳоди нависандагон ва шуъбаи маданияти вилояти Навоӣ бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ тадбири маънавӣ-маърифатӣ баргузор гардид.
Дар он ходимони ВАО, эҷодкорон, китобхонон, масъулони қисмҳои ҳарбӣ, аскарон, фаъолони маҳаллаҳо ва ҷавонон иштирок намуданд. Вакилони соҳаҳои гуногун суханронӣ намуда, доири комёбӣ ва муваффақиятҳои мардуми Ӯзбекистон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ маълумотҳои дақиқ оварда, шукргузорӣ карданро аз неъматҳои истиқлол, сулҳу суботи кишвар, омода будан ба ҳифз ва рушду нумӯи Ватан, фаровонии зиндагии мардум ва омода будан ба рушду равнақи Ватанро чун фарз ва ӯҳдадории ҳар як шаҳрванд шарҳу эзоҳ доданд.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.