«Падарҷон, ман омадам...»

Вақтҳои охир бинобар серкорӣ ва сабабҳои дигар ба ҳамоишҳо (ба ҷуз заруртарин чорабиниҳо) намеравам.

Ба наздикӣ Мактаби бачаҳои «Баркамол авлод»-и назди Вазорати таълими томактабию мактабии ҷумҳурӣ аз силсилаи «Шаби эҷодӣ бо шоир» чорабинӣ ташкил намуд. Шоир яке аз устодони арҷманди мо. Даъватнома омад. Равам ё не, ба як қарор наомадам. Шунидам, ки дар ҳамон рӯз, ҳатто ҳамон соат дар Маркази миллии матбуот маросими муаррифии «Чалғима» ном китоби нави шоири ҷавон Кумуш Абдусаломова баргузор мегардад. Муаллифро надидаам, танҳо аз рӯйи шеърҳояш мешиносам. Нашри маҷмӯаҳои нав ва рӯнамоиҳо як ҳодисаи одист. Лекин дар қалбам хоҳише рӯ зад дар тақдимоти китоби Кумуш иштирок намоям. Андешае нороҳат месохт: туро кӣ даъват кард? Хайр, гуфтам боз ба худ, сари як қадам дароям. Ҳамин тавр, ба ҷое, ки даъват кардаанд, нарафта, бори аввал дар ҳаёти худ дар чорабиние, ки таклиф накардаанд, иштирок намудам...

Ба хотири шеъри Кумуш, ба хотири истеъдоде, ки нодир аст!

Чанд сол пеш маҷаллаи «Ёшлик» як ҳикояи маро чоп кард. Дар он шумора чанд шеъри Кумуш Абдусаломова низ ба табъ расида буд. Ҳикояи худро як бор хонда бошам, намедонам чӣ кашише доштанд қаламиҳои Кумуш, ки онҳоро чанд бор хондам. Дурахши истеъдоди тозае пеши назарам барқ мезад: андешаҳои бикр ва бадард, мазмунҳои обнарасида дар шакли одии шеърӣ, ки эҳсосотро ба таҳрик меоранд. Хусусан «Ахтам девона» ном шеър ба қалбам таъсир кард.

Ахтам девонанинг дидига қойил!

Девона Машрабдан ғазал ӯқийди.

Куни, ҳув толларнинг тагида ӯтар,

Толнинг чивиғидан сават тӯқийди.

...Таниши йӯқмикин бориб айтгани,

Нега юм-юм йиғлар кириб шу ёшга.

Ахтам девонанинг, Ахтам жиннининг

Таниши йӯқ эди... Худодан бошқа!

Сӣ сол трактор рондааст мӯйсафед. Ҳанӯз дар хидмати мардум аст: об кашонад, ҳезум кафонад, рӯяш гарм. Лекин ҷиннӣ мегӯянд, савдоӣ мегӯянд. Ҳуҷҷат пурсанд, лойи чархи тракторашро силакунон мегиряд. Ахтамқули сода ба ҳама шинос, вале ӯ шиносе надорад. Ғайр аз Худо!

Баъдан ҳафтавори «Ӯзбекистон адабиёти ва санъати» боз як силсила шеърҳои Кумушро ба табъ расонд. Чакидаҳое, ки аз як қалб баромада, ба сад қалб менишинанд. «Ота, яна мен келдим» ном шеъраш, алалхусус, хеле таъсирбахш.

Дар суҳбате сухан дар бораи шоирони ҷавони тоҷик рафт, ки вақтҳои охир хеле пеш рафтаанд. Дар саъянд ба ғазал, ки умри понздаҳасра дорад, қабои мазмунҳои нав пӯшонанд. Ман гуфтам тозагӯйиҳо дар назми бародарон, хоссатан дар эҷодиёти шоирони ҷавон, ҳамчунон, ба чашм мерасад. Масалан, як духтар...

Номи духтар гум шуд. Лекин порае аз шеъраш дар хотирам нақш баста будааст. Хондам:

Чирчиқдан чиқиб кетдим,

Чирчиқдан чиқиб кетдим.

Ота, чиққан қиз бӯлиб

Чиғириқдан чиқиб кетдим,

Чиғириқдан чиқиб кетдим...

Дар шеър ҳис ва ҳаяҷони покизаи духтаре ба тасвир омада, ки баъди тӯйи арӯсӣ ба хонаи падар, ба хабаргирии қиблагоҳ омадааст. Дили ӯ менолад: падар, бахти чун моҳ пурра шудан, ба камол расидан, аз хонаи падар бадарға гардидан ин қадар барвақт меомадааст?

Падарҷон, ман омадам,

Дили вайрон, омадам.

Аввал дилакам омад,

Аз паси он омадам,

Ассалому алайкум!

...Тавре чашмдор будам, дар муаррифии китоби наваш, ки дар доираи лоиҳаи «Қанот» ҷомаи табъ ба бар намуда, асосан ҷавонон гирд омада буданд. «Чалғима» ном гирифтани маҷмӯа низ касро ба андеша водор месозад. Яъне саргарм нашав. Раҳгум назан. Муаллиф мегӯяд номи китоб як навъ ҷавобномаест ба «Натарс» ном китоби адиб Ҷавлон Ҷовлиев. Вай баробари ҷавононро ба ҳушёриву бедорӣ даъват сохтан ба худ муроҷиат менамояд дар роҳҳои зиндагӣ раҳгум назан, дар роҳи эҷод ба хато роҳ надеҳ.

Кумуш Абдусаломоваро оҳанрабои достонҳои мардумӣ ба худ мекашад. «Чалғима» дар асл даъвати қаҳрамони яке аз ин гуна достонҳо Ҳилолой ба писари дар гӯр ба дунё овардааш Гӯрӯғлист.

Ба таъкиди шоир Насрулло Эргаш, ҳамоҳангии падидаҳои қаламии Кумуш ба достону сурудҳои мардумӣ баробари ба рӯҳ таскин бахшидан қалбро ба хурӯш меоварад. Мудири шуъбаи Иттиҳоди нависандагон, шоири шинохта Маъмура Зоҳидова, айни замон, халқият, рӯҳи халқпарварона ва то андозае ба ғояҳои достонҳои мардумӣ ҳамсадоии қалби шоираи ҷавонро алоҳида таъкид месозад, мегӯяд пурзӯрии дарди иҷтимоӣ низ муассирии қаламиҳои Кумушро афзудаанд. «Суруди духтар», «Ба дилам», «Сайри гул», «Чӯлпонмомо», «Мактуб ба падарам» барин шеърҳои шоирро метавон аз беҳтарин сурудаҳои рӯз дар адабиёти ҳозираи халқи бародар номид.

Дар китоби «Чалғима» бештар аз 100 шеър ва ҳикояҳои муаллиф ба таври шартнок ба 8 қисм: «Халқона», «Шарқона», «Ғарбона», «Дафтари бачагӣ», «Ҳаштгонаҳо», «Чаҳоргонаҳо», «Суҳбатҳо», «Гуле, ки дар каф шукуфтааст» ҷудо карда шудаанд.

Кумуш Абдусаломова соли 1996 дар ноҳияи Қуйичирчиқи вилояти Тошканд ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон. Давраи магистратурӣ ва докторантурии ин маскани зиёро низ ба итмом расонда, корҳои пажӯҳиширо идома медиҳад. Қалами журналистиаш низ хеле бақувват – бо «Халқ сӯзи», «Маърифат», «Янги Ӯзбекистон», «Ёш куч» барин нашрҳои ҷумҳуриявӣ аз наздик ҳамкорӣ менамояд. Алъон дар Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзкимёсаноат» ба сифати сармутахассиси рушди забони давлатӣ фаъолият мебарад.

Дар поёни маросими рӯнамоии китоб чанд нафар эҷодкорони ҷавон, ки дар озмун-азназаргузаронӣ оиди эҷодиёти Кумуш Абдусаломова ғолиб омадаанд, тақдир шуданд.

Ба фаъолияти серҷабҳаи узви Иттифоқи нависандагон, барандаи Мукофоти давлатии ба номи Зулфия Кумуш Абдусаломова парвозҳои тоза хоҳонем.

Муҳаммад Шодӣ,

узви иттифоқҳои нависандагони Ӯзбекистону Тоҷикистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: