Некдил бошу некбин...

Абдуваҳҳоб Воҳидов дар шаҳри Самарқанд дида ба дунё кушодааст. Ба дӯши ӯ тақдир санҷиши гароне гузошт. Азбаски дар оила писари калонӣ буд, баъд аз фавти ногаҳонии падар масъулияти оила ва таълиму тарбияи додарону хоҳарон – Шарофату Шаҳринисо, Ҳусейну Тоҳир ба зиммаи ӯ афтод.

Илму ҳикматро талаб кун, гар тараб ҷӯӣ ҳаме,

То ба шохи илму ҳикмат пуртараб ёбӣ рутаб.

Носири Хусрав

Дуруст гуфтаанд, ки «Ташнагии илму маърифат ҳаргиз серӣ надорад». Нақл мекунанд донишманде дар айёми пиронсолӣ дар ҳалли масъалае дармонд ва ҷавоби онро пайдо карда натавонист. Аммо бо вуҷуди заъфи ҳол ҷидду ҷаҳд намуд ва ҷавоби дурусти масъаларо ба даст овард.

Чунин хислатҳоро мо дар Абдуваҳҳоб Воҳидов, ки ҳоло ҳамчун муаллими калони кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов фаъолият дорад, мушоҳида кардаем. Ин пири барнодил, ки 4-уми сентябри соли равон ба синни мубораки 70 қадам мегузорад, аз ҷумлаи ташнагони илму маърифат мебошад ва дар роҳи ривоҷи соҳаи забоншиносии тоҷик устувор қадам мезанад.

– Бо Абдуваҳҳоб тайи чандин сол аст, ки дар як кабинет машғули фаъолият ҳастем, – мегӯяд профессори кафедра Садрӣ Саъдиев. – Ӯро бинобар сифатҳои неки инсонияш, ба хусус масъулиятшиносию меҳнатдӯстиаш аҳли ҷамоа эҳтиром мекунанд. Ӯ дар арафаи ин ҷашн на танҳо диссертатсияи илмии худро барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа оид ба улуми филологӣ омода намуд, балки онро чанде қабл дар шакли монографияи мукаммали илмӣ тавассути нашриёти донишгоҳ таҳти унвони «Таснифи сохторӣ-грамматикии воҳидҳои фразеологии лаҳҷаи тоҷикони Самарқанд» интишор дод...

Чун аз тарзи ҳаёту фаъолияти муаллим огоҳӣ ёфтем, маълум гардид, ки он ба се ҷанба тақсим мешавад: омӯзгорӣ, ҳамчун раиси Маркази тоҷикону тоҷикзабонони Самарқанд ва шатранҷ.

Маълумот барои андеша

Эй ки пурсӣ, ки беҳтарин кас кист?

Гӯям аз қавли беҳтарини касон.

Беҳтарин кас касе бувад, ки зи халқ

Беш бошад ба халқ нафърасон.

Абдураҳмони Ҷомӣ

Абдуваҳҳоб дар шаҳри Самарқанд дида ба дунё кушодааст. Ба дӯши ӯ тақдир санҷиши гароне гузошт. Азбаски дар оила писари калонӣ буд, баъд аз фавти ногаҳонии падар масъулияти оила ва таълиму тарбияи додарону хоҳарон – Шарофату Шаҳринисо, Ҳусейну Тоҳир ба зиммаи ӯ афтод.

Мактаби миёнаи рақами 16-уми ноҳияи Самарқандро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, фаъолияти кории худро дар Иттиҳодияи техникии хоҷагии қишлоқ ҳамчун харрот оғоз кард. Аз хурдӣ меҳри адабиёт дар дилаш ҷой гирифта буд. Аз ин рӯ, соли 1973 ҳуҷҷатҳои худро ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ супорид. Аз имтиҳонҳои қабул сарбаландона гузашта, донишҷӯй шуд. Чаҳор сол сардори гурӯҳ буд.

Пас аз хатми донишкада ба мактаби рақами 10-ум ба кор омад. Дар ин миён ӯ қарзи ҷавонмардиро адо намуда, ба зодгоҳ баргашт. Дере нагузашта қобилият ва истеъдоди фавқулоддаи ӯро оид ба бозии шатранҷ ба инобат гирифта, ҳамчун услубшинос ба мактаби шатранҷ ва шашкаи назди Садорати таълими халқи вилоят ба кор даъват намуданд.

Соли 1981 барои кор ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд гузашт. Соли 1988 ӯро ба сифати тарҷумон ба Афғонистон фиристоданд, дар он ҷо соле тарҷумони муҷтамаи обёрии Ҷалолобод буд. Аз Афғонистон баргашту фаъолияти омӯзгории худро идома дод.

Бо дуои модари ғамхор

Забон дар даҳон, эй хирадманд, чист?

Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.

Саъдии Шерозӣ

– Воқеае ҳеч аз хотирам намеравад, – ба ёд овард зимни суҳбат Воҳидов. – Ман ҳанӯз хурдсол будам ва ба мактаб ҳам намерафтам. Рӯзе раҳматии модарам аз мағозаи китоб «Луғати русӣ-тоҷики»-ро харида оварданд. – Солҳои мактабхонӣ ин китоб бароям хеле азиз шуда монд. Гӯё бо ин китоб модар тақдири ояндаи маро муайян намуда буданд. Минбаъд шарафи омӯзгорӣ ва пажӯҳишоти илмӣ, сабақомӯзӣ аз устодони бузург ва якҷо кор кардан бо онҳо насибам гардид.

Дар муддати фаъолияти 40-солаи омӯзгории худ Воҳидов чандин дастурҳои таълимӣ, қариб 100 мақолаи илмӣ навишт ва интишор кард. Пас аз истиқлоли мамлакатамон ба тартиб додани барномаҳои таълимии фанҳо эҳтиёҷ пайдо шуд. Навиштани барномаи забони тоҷикӣ барои синфҳои 5-9 ба зиммаи шодравон профессор Раззоқ Ғаффоров, барои синфҳои 1-4 ба ӯҳдаи Абдуваҳҳоб Воҳидов, адабиёти тоҷик ба дӯши профессор Садрӣ Саъдиев ва Аслиддин Қамарзода вогузор гардид ва онҳо сарбаландона ин барномаҳоро ба таври мукаммал омода намуданд. Дар асоси ин барномаҳо навиштани китобҳои дарсӣ тақозо мешуд. Воҳидов ду китоби дарсии мукаммали забони модарӣ барои синфҳои 1 ва 2-ро бо Гулнора Умарова ва Замира Ҳоҷиматова омода намуд. Инчунин, дастуруламалҳои «Шарҳи тафсирии калимаҳои арабӣ ва форсӣ» ва «Ташкили таълими мустақили донишҷӯён аз фанҳои забони арабӣ ва форсӣ»-и ӯ бо ҳаммуаллифӣ чоп шуданд...

Ҷамъомади ғайринавбатии Маркази фарҳангии тоҷикон ва тоҷикзабонони Самарқанд соли 2004 таъҷилан даъват гардид. Масъалаи интихоби раиси нав ба миён омад. Чанд нафар номзад пешбарӣ шуданд. Аммо барои пеш бурдани фаъолияти марказ шахсе лозим буд, ки соҳиби илму дониши мукаммал ва албатта, далеру устувор бошад. Чун Абдуваҳҳоб Воҳидов ин хислатҳои некро дошт, якдилона ӯро раис интихоб карданд. Раис барои беҳбудии таъмини китобҳои дарсӣ дар мактабҳои тоҷикӣ, барномаи телевизион ба забони модарӣ, қабули донишҷӯён ба гурӯҳҳои тоҷикии Донишгоҳи давлатии Самарқанд саъй кард.

Аммо мушкили кам шудани синфҳои тоҷикӣ, набудани гурӯҳҳои тоҷикӣ дар литсею омӯзишгоҳҳои касбиву ҳунарӣ ва мактабҳои олии Самарқанд ӯро ором намегузоштанд. Вай доир ба ин масъалаҳо ба чанд идораҳои дахлдори давлатӣ муроҷиат кард, то масъала ранги дигар гирифт. Нагуфта намонад, ки номбурда барои мустаҳкам кардани дӯстии халқҳои ӯзбеку тоҷик ва фаъолияти пурмаҳсули худ дар ин ҷабҳа соли 2018 ба гирифтани ордени «Дӯстӣ»-и Тоҷикистони бародарӣ мушарраф шуд.

Аввалин довари байналхалқӣ

Ба некӣ шавад чашм равшан туро,

Зи ҳар бад бувад нек ҷавшан туро.

 Абулқосим ФирдавсӢ

Ҷанбаи савуми фаъолияти Воҳидов шатранҷ аст. Соли 1979 баъди ба мактаби шатранҷи назди Садорати таълими халқи вилоят ба кор даъват шудан вай ба ривоҷи ин соҳа камари ҳиммат баст.

Натиҷаи ҳамин кӯшишҳо буд, ки соли 2013 ӯ аввалин довари байналхалқӣ, яъне ФИДЕ дар Самарқанд гардид. Имконияти гузарондани мусобиқаҳои байналхалқӣ дар шаҳри бостонӣ ба вуҷуд омад. Дастпарварони ӯ ба комёбиҳои калон соҳиб гардиданд. Чунончи, шогирдаш Ҷаҳонгир Воҳидов, ки додарзодааш ҳам ҳаст, ҷавонтарин гроссмейстери Осиёи Марказӣ гардид ва ҳоло бинобар рейтинги байналхалқӣ дар ҷумҳурӣ баъд аз Рустам Қосимҷонов дар ҷойи дувум қарор дорад. Хуршед ва Ҷамшед Мустафоевҳо устодони варзиш, чемпионҳои чандинкаратаи ҷумҳурӣ, ғолиб ва ҷоизадорони Олимпиадаи байналхалқианд. Абдуваҳҳоб дар сабқатҳои сезинавии «Умед ниҳоллари», «Баркамол авлод» ва «Универсиада» ҳамчун сардовар, дар мусобиқаҳои байналхалқӣ, аз ҷумла, дар кишварҳои ИМА, Олмон, Англия, Булғория, Эрон, Ҳиндустон ва Тоҷикистону Қирғизистон ба сифати ҷонишини сардовар иштирок кардааст.

– Ман Абдуваҳҳобро 30 сол боз мешиносам, – мегӯяд довари дараҷаи ҷумҳуриявӣ Виктор Измайлов. – Агар шоҳмоти мамлакатамонро механизми томе гӯем, Абдуваҳҳоб, бидуни шубҳа, як узви асосии он аст. Хидматҳои ӯ дар ривоҷу равнақи ин бозии куҳан дар Самарқанд хеле азиманд.

Гиромидошти хотири шоҳмотбоз

Ҳар кӣ дар ӯ сирати некӯ бувад,

Одамӣ аз одамиён ӯ бувад.

Хусрави Деҳлавӣ

Вай аз рӯйи одат ба интернет ворид шуду саҳифаи шоҳмотро кушод. Он рӯзҳо дар Норвегия Олимпиадаи умумиҷаҳонии шатранҷ идома дошт. Дар он вакили самарқандӣ Алишер Анорқулов низ ширкат меҷуст. Хабари нохуши ногаҳон чашм аз олами ҳастӣ пӯшидани ҳамватани худро фаҳмида, ҳуш аз сараш парид. Ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи раиси Федератсияи шоҳмоти вилоят ба Тошканд занг зад. Идораҳои дахлдор марги гроссмейстер Анорқуловро тасдиқ намуданд. Тасаввур кардан душвор нест, ки Абдуваҳҳоб бо чӣ аҳвол ба хонаи марҳум Алишер омад. Ин хабар ҳамчун раъду барқ дар осмони мусаффои шаҳр паҳн шуд. Дере нагузашта доду фиғони хешу пайвандони марҳум ба фалак печид. Абдуваҳҳоб ғамшарики онҳо шуда, барои турбати варзишгарро ба зодгоҳ овардан чанд шабу рӯз мижа таҳ накард. Бо бисёр душвориҳо майитро аз Аврупо ба Самарқанд оварданд.

Абдуваҳҳоб дар маросими дафн ба сухан баромада, доир ба фазилатҳои неки марҳум ҳарф зад.

Чанде баъд бо ташаббуси Воҳидов ба поси хотири шоҳмотбоз мусобиқаи хотиравӣ гузаронида шуд, ки дар он аз шаҳру ноҳияҳо варзишгарони зиёд иштирок карданд. Ба ин васила рӯҳи Алишер шод карда шуд...

Таҷассумгари садоқат ва самимият

Омӯхтан тавон зи яке хеш сад адаб,

Афрӯхтан тавон зи яке шамъ сад чароғ.

Абӯмансури Қатрон

Занг садо дод. Донишҷӯён ба дарси навбатӣ даромаданд. Дар як лаҳза синфхонаро хомӯшӣ фаро гирифт. Устод Воҳидов вориди утоқи калону равшан шуд. Ҳозирон ба ҳурмати муаллим аз ҷой хеста, салом доданд. Ӯ ҷавоби саломро дода, дарсро оғоз кард.

Донишҷӯёни ташнаи илму дониш нафаҳмида монданд, ки вақт чӣ қадар зуд гузашт. Зеро устод ба дарсҳо пухта тайёрӣ дида, онҳоро ба таври ғайриқолабӣ, пурмазмун ва шавқовар мегузаронад. Шогирдон аз сухандониву маънипардозии ӯ ба ҳайрат афтода, бо меҳр сӯяш менигаранд. Ӯ онҳоро бо орзуву омоли зиёд ба гулбоғи адаб ҳидоят менамояд. Устод қабл аз дарс бисёр мутолиа менамояд, меомӯзад ва бо ин меҳру вафо, эҳтироми бепоёни шогирдонро ба даст меорад. Ба ӯ одат шудааст, ки ба ҳар сабақ, ба ҳар дарс бо масъулият муносибат намояд. Зеро «Некдил бошу некбин бош!» шиору зиндагии ӯст.

Ба ҷойи охирсухан

Адаб маҷмӯаи ҳусну ҷамол аст,

Баҳоре дар камоли эътидол аст.

Бадриддини Ҳилолӣ

Муаллим Воҳидовро дар маҳалла низ хурду калон эҳтиром мекунанд, зеро ӯ ҳамеша даст сари сина гузошта, дар маъракаҳои мардум беминнату самимона хидмат мекунад. Устод узви фаъоли гузар аст. Ҳамсараш Гулнора Умарова низ дар коллеҷи педагогика ва хизматрасонии Сиёб чун устоди хуби шогирдон ном баровардааст. Онҳо соҳиби чор фарзанд буда, дар гузар аз оилаҳои намунавӣ маҳсуб меёбанд. Фарзандон Беҳзод, Манучеҳр, Парвиз, Фарангис ҳар кадом дар ҳаёт роҳи мустақили худро доранд ва номбардори хонавода мебошанд, дар соҳаҳои гуногун ба хидмати халқу Ватан камарбастаанд. Набераҳои ширин қуввати дил, мағзи бодоми бобову бибиҷонанд.

Ҷашни 70-солагӣ мубораку фархунда бод, устоди некноми шогирдон!

Ҷуз ин дуот нагӯям, ки Рӯдакӣ гуфтаст:

Ҳазор сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ!

Фозилҷон ШУКУРӢ,

дотсенти Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Рашидов.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: