Ба пешвози 120-солагии иттифоқҳои касаба, ки соли оянда ҷашн гирифта мешавад, хабарнигори рӯзнома бо раиси Шӯрои федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд Суҳроб Рафиқов ҳамсуҳбат шуд.
– 120-умин солгарди иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон кай таҷлил мегардад?
– Дар диёрамон аввалин ташкилоти иттифоқҳои касабаро коргарони роҳи оҳан ва ходимони алоқа тирамоҳи соли 1905 ташкил кардаанд. Аз ҷумла, ҳамон сол иттифоқи касабаи роҳи оҳани Туркистон ташкил гардида, дар оғози соли 1906-ум 8 ҳазор коргару ходимони роҳҳои оҳани Осиёи Миёна ва Оренбург – Тошкандро муттаҳид мекард.
Ин санад дар натиҷаи омӯзиши илмӣ, таҳлили ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва манбаъҳои аниқ исботи пурраи худро ёфтааст. Яъне дар минтақаамон соли 1905 бори аввал иттифоқҳои касаба ташкил гардидааст ва соли оянда ба ин воқеаи таърихӣ 120 сол пур мешавад.
– Дар бораи муроҷиати шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ низ маълумот медодед.
– Аввало бояд гӯям, ки Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Самарқанд беш аз 600 ҳазор аъзо дорад. Дар давраи гузаштаи соли 2025 аз шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ ба иттифоқҳои касабаи вилоят 93 муроҷиат расидаанд. 27-тои онҳо хаттӣ, 25-тояшон ба воситаи телефон ва 41-то аз тариқи сохтори электронӣ қабул шудаанд.
Аз ин 40-то муроҷиат қонеъ гардонда, ба 48-тояшон эзоҳоти дахлдор дода шуданд, 5 муроҷиат омӯхта мешаванд. Бояд қайд кард, ки дар 5 соли охир 1705 муроҷиати шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ ба рӯйхат гирифта шудаанд, ки 846-тои онҳо қонеъ гардонда, ба 830-тоашон тавзеҳ дода, 27-тои дигар ба идораҳои дахлдор фиристода шудаанд, 2-то муроҷиат бинобар номуайянӣ (аноним) баррасӣ нагардидааст.
Дар асоси чунин муроҷиатҳо ҳуқуқи 322 нафар ходим барқарор карда, 318 миллиону 319 ҳазору 771 сӯмина маблағ рӯёнида шудааст. Мисол, омӯзгори мактаби рақами 15-уми ноҳияи Қӯшработ Умеда Мустафоева муроҷиат кард, ки пули таътили баъди таваллуди фарзандро гирифта натавонистааст. Шӯрои вилоятии иттифоқҳои касаба муроҷиати мазкурро дар доираи ваколати худ омӯхта, ба шаҳрванд 6 миллиону 718 ҳазор сӯм маблағро рӯёнда дод. Ҳамчунин муроҷиати коргари корхонаи хориҷии ҶММ «Турбо Хугинис» Н.Раҷабова роҷеъ ба ғайриқонунӣ аз кор сабукдӯш шуданаш омӯхта, дар натиҷа ӯ ба кор барқарор карда шуд.
– Муҳтарам Суҳроб Абдуғаффорович, ҳоло дар Ӯзбекистони Нав ба фаъолияти озодонаи иттифоқҳои касаба, барои ба иттифоқҳои касаба муттаҳид шудани ходимон шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Бояд алоҳида таъкид кард, ки Ӯзбекистон 24 конвенсия ва 1 ҳуҷҷати Созмони байналмилалии меҳнатро ратификатсия кардааст...
– Федератсияи иттифоқи касабаи Ӯзбекистон узви баробарҳуқуқи Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои касаба аст.
Ҳар сол дар асоси маълумоти идораҳои андоз ва омор рӯйхати корхона ва ташкилоте, ки фаъолият пеш мебаранд, таҳлил карда мешаванд ва барои дар онҳо ташкил намудани ташкилоти ибтидоии иттифоқҳои касаба корҳои мувофиқи мақсад амалӣ мегарданд.
Шӯрои вилоятии иттифоқҳои касаба барои ба узвият ҷалб намудани корхона, ташкилот ва муассисаҳо буклети «Афзалият ва имтиёзҳои аъзои иттифоқҳои касаба»-ро таҳия карда, корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ мебарад.
Дар натиҷа шумораи аъзои иттифоқҳои касаба аз 483471 нафари соли 2020 то ба 684251 нафари соли 2024 (14,5 дарсад) афзуд.
– Модарону хоҳарони мо чӣ имтиёзҳо доранд?
– Бо фармони сарвари давлатамон нисбати бонувон ғамхориҳои беназир зоҳир гардид. Алҳол бо роҳандозии «Дафтари занон», ки қаблан дар амалиёт истифода нашудааст, ба садҳо хонадон даромадани ходимони мо айни ҳақиқат аст.
Бояд эътироф кард, ки «Дафтари занон» ба ҳаёти ҳазорон равшанӣ овард. Қобилияти пинҳонии бисёр занҳо, ки ба чиҳо қодир будани худро надониста зиндагӣ мекарданд, бо шарофати ҳамин дафтар рӯйи об баромад. Иттифоқҳои касаба барои дастгирии пайвастаи занҳо, таъмин сохтани иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ҳамеша саҳм мегирад. То ҳол аз 10 ҳазору 509 нафар зан, ки бо рӯйхати «Дафтари занон» дохил шудаанд, ба 73 ҳазору 322 нафар, ё ки 70,2 дарсади онҳо ёрии амалӣ расонда шуд.
Инчунин, барои пайваста ҳал намудани мушкилоти зан ва духтарон аз 7-уми марти соли 2020 фаъолияти телефони эътимоди Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон – 1211 (call-center) роҳандозӣ гардид.
Баъди оғози фаъолияти ин телефон ба воситаи он дар вилоят 13085 муроҷиати занҳо қабул карда шуд.
Сохтори «Дафтари занон» сол аз сол такмил меёбад. Ҳар як зина вазифаҳои худро дорад. То ҳол дар доираи зинаи шашуми навбатӣ қисми аввали корҳо ба охир расиданд. Акнун чораҳои дастгирии иҷтимоӣ ва иқтисодии амиқ ва нишонадори зан ва духтарони эҳтиёҷмандро таҳия мекунем. То ҳол рӯйхати занҳои ба ёрӣ муҳтоҷро тартиб дода, параметрҳои додани ёрии амалиро муайян кардем.
Боз як ҷиҳати муҳими масъала. Онҳое, ки ба рӯйхати «Дафтари занон» дохил шудаанд, аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ва психологӣ дастгирӣ карда мешаванд. Баробари ҳамин, ба занҳое, ки муҳтоҷи ёрии тиббӣ мебошанд, имконияти табобати статсионарӣ ё амбулаторӣ фароҳам оварда шудааст. Дар ҳолатҳои зарурӣ онҳо бо воситаҳои реабилитатсионӣ таъмин карда мешаванд. Фарзандони чунин занҳо низ аз ёрии тиббӣ баҳраманд мегарданд.
– Суҳроб Абдуғаффорович, таманнои шумо ба муштариёни «Овози тоҷик»?
– Аз фурсат истифода бурда, ба кулли мардуми Ӯзбекистони Нав хонаободӣ, комёбӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам.
Суҳбаторо Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.