Узви дастаи мунтахаби Ӯзбекистон оид ба гимнастикаи бадеӣ, ғолиби мусобиқаҳои бонуфузи байналхалқӣ Таҳмина Икромова соҳиби унвони «Варзишгари хидматнишондодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» шуд.
Бо Фармони Сарвари давлатамон ба муносибати 34-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон як гурӯҳ самарқандиён низ соҳиби унвону мукофотҳо шуданд.
Аъзои дастаи яккачини Ӯзбекистон оид ба гимнастикаи бадеӣ, ғолиби мусобиқаҳои бонуфузи байналхалқӣ Таҳмина Икромова низ соҳиби унвони «Варзишгари хидматнишондодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» шуд, ки аз чунин навид хосатан таъби устоди ӯ – Елена Аслонова болида гашт.
– Шогирдам Таҳмина аз панҷсолагӣ бо гимнастикаи бадеӣ машғул аст, – иброз дошт Елена Юревна, – лекин роҳи ӯ ба чунин шоҳсуфаи баланд осон набуд. Машқҳои тӯлонӣ, интизоми қатъӣ, меҳнати фидоиёна ва пурмашаққат самараи худро дод. Фаромӯш набояд кард, ки дар зебогӣ ва дилфиребии гимнастикаи бадеӣ меҳнати фидоиёна ниҳон аст. Таҳмина дар 7-солагӣ дар мусобиқоти байналхалқии Маскав соҳиби медали тилло, дар Амрико, Куриёи Ҷанубӣ, Таиланд, Туркия ва дигар кишварҳои ҷаҳон комёбиҳои назаррасро ба даст овард.
Дар чемпионати Осиё аз соли 2021 то имрӯз 11 медали тилло ва 4 нуқра гирифта, дар Ҷоми ҷаҳон боз 4 медали тилло ва ду биринҷӣ ба даст овард.
Иштироки ӯ дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ҷолиби диққат аст. Гарчанде ба шоҳсуфаи баланд баромада натавонист, вале аз байни 10 нафар беҳтарин варзишгари ҷаҳон ҷой гирифт, ки боиси хушнудист.
Ҳоло Таҳмина дар шаҳри Тошканд ба чемпионати ҷаҳон ва бозиҳои олимпӣ тайёрии пухта мебинад.
Баҳодури Зоҳир.
Вилояти Самарқанд.