Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор...

Ҳоло дар вилояти Самарқанд беш аз 1200 мактаби таҳсилоти ҳамагонии миёна, 44 мактаби хусусӣ, 20 мактаби тахассусӣ ва як мактаби Президентӣ фаъолият доранд, ки дар ин муассисаҳо беш аз 60 ҳазору 500 нафар устодони соҳибтаҷриба ба 770 ҳазор нафар талабагон таълиму тарбият медиҳанд.

Агар чаҳор сол қабл аз ин ҳамагӣ панҷ нафар муаллимон наздик ба ҳазор доллар маош мегирифтанд, имрӯзҳо 250 нафар омӯзгорон беш аз 12 миллиониро ташкил медиҳад.

Боиси хушнудист, ки дар соли равон қариб ду ҳазор нафар хатмкардагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии миёна медали тилло гирифта, ба донишгоҳҳои на танҳо Ӯзбекистон, инчунин хориҷӣ дохил шудаанд.

Хатмкунандаи мактаби махсуси ба номи Муҳаммад Хоразмӣ Иброҳим Нарзуллоев якбора аз 19 мактаби олии хориҷӣ грант гирифт. Беш аз 15 нафар талабагон дар олимпиадаи ҷаҳонии фаннӣ ширкат варзиданд. Ба хонандаи синфи 9-уми мактаби рақами 48-уми ноҳияи Каттақӯрғон Давронбек Дониёров дар Ҳиндустон аз фанни математика шоҳсуфаи фахрӣ насибаш гашт.

– Комёбиҳо назаррас, вале муаммоҳои сарбаста низ арзи вуҷуд доранд, – гуфт иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев дар форуми навбатии устодону мураббиён, ки зери шиори «Омӯзгори бомаҳорат – такягоҳи миллат» дар қасри ҷавонони шаҳри Самарқанд гузашт, – афсӯс, дар 86 мактаби вилоят дараҷаи таълиму тарбият ниҳоят паст аст.

Роҳбари вилоят инчунин ба масъалаҳои ҳалталаби самти беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ таваққуф кард.

Сарвари садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят Музаффар Ҳамдамов оид ба ҷамъбасти соли хониши гузашта ҳисобот дод ва роҷеъ ба вазифаҳои соли хониши нав ҳарф зад.

Дар поёни чорабинӣ ба як гурӯҳ омӯзгорони пешқадам ва навовар ташаккурнома ва туҳфаҳои хотирнишон супорида шуд.

– Шахсан ман аз он ифтихор дорам, ки шогирдам дар озмун доир ба забони тоҷикӣ ғолиб дониста шуда, ба мактаби олии Самарқанд дохил гардид, – иброз дошт омӯзгори тоифаи олӣ аз мактаби миёнаи рақами 43-юми ноҳияи Самарқанд Саноат Аҳадова, – имрӯз дар форум А. Бобоев дар назди моён вазифаҳои пурмасъулият гузошт, ки яке аз онҳо таълиму тарбияи насли наврас барои Ӯзбекистони Нав аст.

– Саноат дуруст мегӯяд, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд сарвари таълимгоҳи рақами 21-уми шаҳри Самарқанд Саҳоба Раҷабова, – охир бо сиёсати оқилона ва дурандешонаи сарвари давлатамон ба мо, омӯзгорон имтиёзҳо фароҳам оварда шуд. Маоши муаллимон афзуд. Ба ғамхорӣ муносиб меҳнат кардан ҳам қарзу ҳам фарз аст. Имрӯзҳо бисёр масъалаҳои ҳалталаби самти таълиму тарбият аз муаллимон ва мураббиён вобаста мебошад. Шоир барҳақ фармудааст:

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Зоҳир Ҳасанзода,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: