Ба дида нақши рӯйи ту...

Бародари ман Шодибой Маҳмудҷонов агар ҳаёт мебуданд, 1 сентябр ҳафтодро пур мекарданд...

Ҳамдигарро «шумо» мегуфтем. Дар тарафҳои мо аксар акову додарҳо якдигарро «ту» мегӯянд. Дар баъзе хонадон бародарро «шумо»-гӯйии додар, аз рӯйи эҳтиром, як ҳолати одист. Додарро «шумо»-гӯйии бародар-чӣ?

Ёд дорам, яке аз ҷӯраҳои бародарам аз деҳаи ҳамсоя, ки ба хонаамон меҳмон буд, аз якдигарро «шумо»-гӯйии ману бародарам тааҷҷуби худро пинҳон надошта: «Шодибой, додарро «шумо»-гӯйии акоро фақат дар шумо мебинам»,– гуфта буд бо табассум.

...Дар ҳафтсолагиам аз дастам дошта, Шумо маро ба синфи як бурда будед. «Шумо», ки мегуфтед, дар кӯча, дар мактаб, дар ҳама ҷо, дар баробари бачаҳо калонсолон ва ҳатто муаллимон маро «ту» намегуфтанд.

Маросими қабул ба сафи пионерӣ дар мактабамон тантананок сурат гирифт. Баъди «ваъдаи пионерӣ» чанд нафар мактаббачагони фаъол аз синфҳои болоӣ ба гардани мо, сеюмхонҳо, галстук бастанд. Галстуки маро Шумо баста будед, бародарҷон...

Он вақтҳо, ба назарам, номуросоӣ дар байни бачаҳо, хурдтараконро ранҷдиҳии калонтарҳо бештар ба вуқӯъ меомад. Бачае ҳад надошт ба ман наздик шавад: «Акояш ҳаст!»

Баъди ба камол расидан – ҷой гирифтан аз сафи калонсолҳо низ ман дар симои Шумо ҳамон як ҳимоятгарро медидам: натарсида гап мезадам, нафаҳмида кор мекардам.

Маро ба институт Шумо бурдед, ҳуҷҷатҳоро худатон супурдед. ЛГПИ мегуфтанд ҳозира Донишгоҳи Хуҷанд ба номи Ғафуровро. Шуъбаи забон ва адабиёти тоҷик, ки худатон таҳсил карда будед.

Донишам аз адабиёт бад набуд, лекин дар таҳлили ҷумлаҳо аз синтаксис душворӣ мекашидам. Ин аснои имтиҳонсупориам аз забон ва адабиёт (даҳонӣ) боз як бор ҳис гашт. Ҷавобҳоям аз адабиёт доираи ҳаёт ва фаъолияти Умари Хайём имтиҳонгирандагонро қонеъ гардонд. Лекин фанни забон...

Ҷумларо ба тахта навиштам. Бояд таҳлил кард. Сустии худро, ки медонам, дилам ваҳм мекашад. Ҳеч дар хаёл надоштам «фариштаи наҷотбахш» мушкилам осон месозад – дар паси дари нимвои аудитория суробе пайдо гашт. Он Шумо будед!

Дар даст бӯр, як ба тахта менигарам, як ба дар. Бо ишора мефаҳмондед. Пичирроси Шумо ба гӯши имтиҳонгирандагон медаромад. Медонистанд, ки дар паси дар Шумо, худро ба нофаҳмӣ мезаданд.

Баъди ба саҳни институт баромадан бо ҳайрат пурсидам: «Ако, чӣ хел даромадед? Посбонҳо рухсат доданд?»

Аълохон будед. Сардори курс. Баробари ҳамдарсҳо устодон ҳурмат мекарданд.

Вақте имтиҳони навбатии қабулро аз фанни таърих месупурдам, Шумо дар деҳа будед. Ба саволҳо ҷавоб додам. «Ако, ҳамааш хуб!» гуфтам хаёлан ба Шумо. Сабук ба ошёнаи якум фуромада, аз воридгоҳ ба берун баромадам. Баногоҳ «Муҳаммадҷон, чӣ хел?» – гӯён чанд духтар сӯям шитофт. Чаҳор нафар ҳамкурси шаҳрии Шумо! Хурсандиам даҳчанд гашт. Дар байни ҳамсабақон чӣ қадар эътибор доштанатон дигарбора ба назар расид. Баъди хатми донишкада ҳам оқибат гум нашуда буд!

Ҳанӯз солҳое, ки мактабро тамом накарда будам, маро ба Хуҷанд мебурдед. Давр мезанондед. Ба ҳамдарсҳо ва дигар ёру ошноҳо шинос мекардед. Дар донишҷӯйӣ ба кӯтоҳие роҳ гузорам, ба хотири он, ки «додари Шодӣ»-ам, устодон гузашт мекарданд.

Баъди гирифтани диплом дар мактаб кор кардан, яъне бо дарс таъмин шудан, бинобар бисёрии муаллимон, мушкилоти зиёд дошт. Дар ин масъала ҳам маро гуфта хеле овора шудед...

Ҳамсинфҳои Шумо, айни замон, ба чашмам бисёр азиз. Баъзан шӯхиомӯз мегуфтам «ако, ману Шумо ҳамсинф!»

Хурдсолӣ ба ёд меомад. Хонаамон ба мактаб наздик. Ба синни мактабӣ нарасидаам, лекин як поям дар дабистон. Хурдтаракон давутоз мекунем, аснои дарс ба тирезаҳо часпида, ба машғулот халал мерасонем. Ҷанг мекунанд, таъзирамонро медиҳанд, лекин тавба намекунем.

Рӯзе воқеаи аҷиб рӯй дод. Баъди зада шудани занги даромад, вақте аз тиреза ба дарун менигаристам, духтаре тозон омад, аз қафоям маҳкам дошт, хостам худро халос кунам, зӯрам нарасид. Он духтар маро озод бардошт ва ба доду фиғонам эътибор накарда, рост ба дар, ба дарун бурд, ба синфхона даровард, ба замин гузошт, вале то нагурезам, сар намедод. Аз тарс дарақ-дарақ меларзидам, мегиристам. Бачаҳо (чорумхонҳо) механдиданд. Чашмам ба Шумо афтод, ако, ки табассум мекардед. Муаллим – хеши худамон (амакбачаи падарам Зайниддин Низомов). Он кас гуфтанд:

– Муҳаммадҷон мактабро нағз мебинад. Мехоҳад дарс хонад! Хайр, камаш монд, баъди як-ду моҳ таътил, сонӣ таҳсил сар шуда, ба синфи як меояд. Худам мехононам.

Саҳл ба худам омадам. Аммо ҳаяҷону ҳарос ҳанӯз маро меларзонд.

Муаллим ба ман нигаристанд:

– Як соатак бошад ҳам хон!

Сонӣ ба он духтар ишора сохтанду вай аз дастам дошта, ба партаи қафо, ки холӣ буд – бурд, шинонд, худаш аз паҳлӯям ҷой гирифт. Дарси хониш будааст. Кадом як ҳикояи шавқовар. Дар болои парта нишастан низ завқ дошт. Ҳампартаам ҷафстар мешуд, ҳатто даст ба китфам мегузошт, акнун аз вай намеҳаросидам. Ҳатто бо меҳр ба рӯяш менигаристам.

Як соат дарси бо ҳамсинфҳои Шумо «хондаамро» асло фаромӯш намекунам, ако! «Як соатак бошад ҳам хон!»-гӯйии муаллими раҳматиамон Зайниддин Низомовро низ. «Ҳампарта»-и онвақтаи ман Тӯтинисо Олтиева ҳам ҳоло ҳафтодсола.

Бале, соли 2025 ба ҳамкурсу ҳамсинфонатон, ки дар қайди ҳаётанд (умрашон дароз шавад), соли махсус. Ҳамаашонро ба синни муборак – 70-солагӣ муборакбод мекунам. Лекин Шумо, нестед, ако.

Ҳамкурсони сӯхиатон Абдувоҳид Шарофов ва Собир Ҷӯраев низ дар байни мо нестанд.

Дидаам пури об...

Чиҳое чархи гардун кард, эй Худо, кард,

Ки аз ҳам гӯшту нохунро ҷудо кард...

Бародарҷони ман, дарди шумо сахт

Адо карду адо карду адо кард.

 

Маро кам буд оё дарди модар,

Ҷигарсӯзии ман аз дарди хоҳар?

Дили обу адои додари зор

Шумо ҳам даргиронед, эй бародар?

 

Наеду нур нопайдост гӯё,

На рӯз, ин зулмати шабҳост гӯё.

Чу кӯҳ андӯҳҳоям, эй бародар,

Равон аз дидаам дарёст гӯё!

 

Чу ман дармонда бошад ё набошад?

Сиришкафшонда бошад ё набошад?

Чу ман дарду аламро, эй бародар,

«Бародархонда» бошад ё набошад?

 

Куҷоед, эй бародарҷон, куҷоед?

Ҳазору сад ҳазор афсӯс, н-оед...

Бародарҷон, намеоед чун рӯз,

Шабе бар хобҳоям кай дароед?

 

Ятим акнун маро хонад ятимӣ,

Чи рӯзи сахт, рӯзи бад ятимӣ!

Падар бигзашт, модар рафт кайҳо,

Вале баъди шумо омад ятимӣ...

 

Бародарҷон, дили гирёнам имрӯз,

Бародарҷон, дили бирёнам имрӯз.

Шумо рафтед, аз дил рехт оҳар –

Бародарҷон, дили урёнам имрӯз.

Ш. Муҳаммад.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: