5 сентябр Президент Шавкат Мирзиёев бо тақдимот оид ба чорабиниҳои густариши хизматҳои давлатӣ дар низоми адлия шинос шуд.
Дар ҳашт соли охир барои ба таври нав ташкил намудани фаъолияти адлия тақрибан 70 қонун ва қарорҳо қабул гардиданд. Бо мақсади ба аҳолӣ наздиктар кардани низом, беш аз 20 ваколати иловагӣ тақдим карда шуд. Дар минтақаҳо 202-то Маркази хидматҳои давлатӣ қад афрохтанд. Ҳоло зиёда аз 500 намуди хидмати давлатӣ дар асоси тамоюли “дарчаи ягона” пешниҳод мешаванд. Маълумоте, ки пештар соатҳо, рӯзҳо интизор мешудем, ҳоло дар 5-10 дақиқа дастрас мегардад.
Бо вуҷуди ин, дар ин самт корҳои зиёде ҳастанд, ки бояд иҷро шаванд. Дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ нагардидани ҳамкории электронӣ байни идораҳои давлатӣ боиси монеаҳои бюрократӣ мегардад. Беш аз 200 намуди хидматҳо то ҳол бо усулҳои кӯҳна расонида мешаванд. Имконияти истифодаи мустақилона аз хидматҳо дар минтақаҳои дурдаст маҳдуд аст.
Аз ин рӯ, дар тақдимот пешниҳодҳо оид ба бештар ва осонтар намудани хидматҳои давлатӣ баррасӣ гардиданд.
Тибқи нақша, дар се соли оянда шумораи хидматҳои давлатӣ ба 900 хоҳад расид. Ҳамасола 80 намуди хидмат дар асоси тамоюли “3 қадам” содда карда мешавад. Дар ҷойҳои серодам ва маҳаллаҳои дурдаст 1 100 дастгоҳ(киоск)-и интерактивӣ насб мегардад.
Талаби 30 намуди ҳуҷҷат аз шаҳрвандон бекор карда мешавад. Бахусус, минбаъд дар мақомоти САҲШ натиҷаҳои ташхиси тиббии шахсони никоҳшаванда ва дар шуъбаҳои мудофиа ҳуҷҷат дар бораи тағйирёбии маҳалли зисти афроди даъватшаванда ба хизмати ҳарбӣ дигар талаб карда намешавад, ин маълумотҳо ба таври онлайн аз системаҳои иттилоотӣ гирифта мешаванд.
Имрӯз нотариусҳо ба шаҳрвандон зиёда аз 80 намуди хидматҳоро мерасонанд. Аммо ҳиссаи хизматрасониҳои онлайн хеле кам аст – 11 фоиз.
Роҳбари давлат тавассути рақамисозӣ зарурати афзун намудани имконотро барои шаҳрвандон таъкид кард. Дар солҳои 2025-2027 зина ба зина ба шакли онлайн гузаронидани 20 амали нотариалӣ муқаррар гардид.
Инчунин, ҳангоми истифода аз хидматҳои нотариалӣ дархости тақдими нусхаи аслии ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бекор шуда, тартиби тавассути “FACE-ID” муайян кардани шахсият роҳандозӣ мегардад.
Дар Маркази экспертизаи судии ҷумҳурӣ ба номи Хадича Сулаймонова 64 намуди хидматҳои экспертиза гузаронида мешавад. Аммо дар минтақаҳо ҳатто нисфи ин хидматҳо вуҷуд надорад.
Аз ин рӯ, зарурати таҳияи равишҳои нав дар соҳаи экспертиза, беҳсозии пойгоҳи моддиву техникии марказҳои минтақавии экспертиза таъкид гардида, вазифаи дар онҳо ба таври илова аз 15 ба 25 намуд афзун намудани хели экспертизҳо гузошта шуд.
Ҳангоми роҳандозии намудҳои нави экспертиза аз технологияҳои рақамӣ ва барномаҳое, ки омилҳои инсонӣ вуҷуд надорад, васеъ истифода бурда мешавад. Мубодилаи ҳуҷҷатҳо дар байни мақомоти ҷустуҷӯ, тафтишот ва муассисаҳои экспертиза пурра ба шакли электронӣ гузаронида мешавад. Хизматҳои нав ба мисли моделсозии 3D-и ҷойи садамаи нақлиётӣ, экспертизаи видеотехникӣ ва фототехникӣ татбиқ мегарданд.
Пешниҳодҳо оид ба густариши фаъолияти экспертизаи ғайридавлатии судӣ, иҷозат барои ҳамчун коршиноси судӣ кушодани бюрои алоҳида ва корбарии озодона, таъсиси Палатаи экспертҳои судии Ӯзбекистон пазируфта шуданд.
Баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии мардум низ муҳим аст. Бо ин мақсад, дар асоси “Тарғиботи ақлнок”, ҳадафмандона, тавассути низомҳои электронӣ тақдими маълумотҳо дар бораи ҳуҷҷатҳои нав ба шаҳрвандон ва соҳибкорон роҳандозӣ мешавад. Саҳифаи интернетии “Adliya TV” боз гардида, мутахассисон навиди қонунгузориро бо забони содда шарҳ медиҳанд.
Барои иҷрои саривақтӣ ва босифати ислоҳот, зарурати боз ҳам афзун намудани ташаббускорӣ, ҷавобгарӣ, масъулият ва ваколати мутасаддиёни соҳа таъкид гардид. Аз ин рӯ, ба мақомоти назди вазорату идораҳое, ки сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи худ амалӣ мекунанд, ваколати қабули ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии идоравӣ дода мешавад.
Тартиб ва муҳлати қабули чунин ҳуҷҷатҳо ва бақайдгирии давлатии онҳо содда гардонда мешавад. Дар натиҷа, муҳлати миёнаи қабули ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии идоравӣ ду баробар кӯтоҳ мегардад.
Дар анҷоми муаррифӣ фармон ва қарорҳо оид ба татбиқи ин пешниҳодҳо имзо гардиданд.