Бунёди корхонаи нав дар Нурато

Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон ба бунёди корхонаи нав старт дода шуд. Корхона дар ҳудуди маҳаллаи «Оқмачит»-и ноҳияи Нурато бо номи «Азнавкоркарди гранит» аз ҷониби ҶММ «An Rui Stone» бунёд мешавад. Барои сохтмони он 100 миллион доллар сармоя ҷудо карда шудааст.

Нурато шаҳрест кӯҳану ҳамешаҷавон, ки дар солҳои истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ тарҳ ва намои нав пайдо карда истодааст. Маҷмӯаи таърихии Чашма ва дигар ёдгориҳои аз гузаштагон ба мерос монда тармим гардида, ба худ ҳусну таровати нав гирифтаанд. Дар атрофи Чашма боғҳои нав бунёд ёфта, биноҳои бисёрошёна қад афрохтаанд. Ҳар рӯз садҳо нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ин ҷо ташриф меоваранд. Аз оби зулоли шифобахши Чашма, ки сад дардро даво аст, нӯши ҷон намуда, аз ҳавои тозаи он лаззат ва аз тамошои ёдгориҳои таърихӣ баҳра мебардоранд.

Солҳои истиқлолият ҳунари суннатии сӯзанидӯзӣ аз нав эҳё гардид, ки аллакай ҳазорҳо нафар бонувони хонанишин ба шуғли доимӣ фаро гирифта шудаанд. Маҳсулоти ин ҳунари зебои аз гузаштагон ба мерос монда, ки то истиқлол ба фаромӯшӣ рафта буд, имрӯз дар бисёр давлатҳои хориҷӣ шӯҳрати Нураторо хеле боло бурдааст. Хориҷиён ба маҳсулоти ин навъи ҳунар таваҷҷуҳи зиёд доранд.

Замини Нурато дорои захираҳои бойи ашёи хом мебошад. Ин ҳолат таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷиву дохилиро бештар ҷалб намудааст. Аллакай бо сармояи хориҷӣ чандин заводу корхонаҳои хориҷӣ аз қабили истеҳсоли тилло, коркарди сангҳои мармар ва гранит, истеҳсоли базалт ба истифода дода шудаанд. Тариқи сармояи дохилӣ заводи бузурги «Пистали», ки ба истеҳсоли тилло тахассусонида шудааст, дар ҳудуди Қизилча бунёд гардида, ба истифода дода шудааст. Дар ин заводу корхонаҳо ҳазорҳо нафар бо кори доимӣ таъмин гаридаанд.

Дар ин раванд сармоягузорони Чин пешдастӣ доранд. Бо сармояи онҳо дар ҳудуди ноҳия корхонаҳои истеҳсоли тилло ва базалт, азнавкоркарди гранит бунёд гардида, фаъолият доранд. Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон ба бунёди корхонаи нав старт дода шуд. Корхона дар ҳудуди маҳаллаи «Оқмачит»-и ноҳияи Нурато бо номи «Азнавкоркарди гранит» аз ҷониби ҶММ «An Rui Stone» бунёд мешавад. Барои сохтмони он 100 миллион доллар сармоя ҷудо карда шудааст.

Дар маросими гузоштани санги аввали бунёди завод ҷонишини ҳокими вилоят С. Мирзоев иштирок намуд. Завод бо истифодаи техникаву технологияи замонавӣ бунёд гардида, азнавкоркарди гранит ба роҳ монда мешавад. Мақсад таъмини талаботи бозори дохилӣ ва хориҷ аз кишвар бо маҳсулоти хушсифати сохтмонӣ мебошад. Албатта, дар бунёди завод аз меҳнати аҳолии маҳаллӣ васеъ ва самаранок истифода бурда мешавад, яъне чандин нафар бо кори муваққатӣ таъмин мегарданд. Ҳангоми пурра ба кор даромадани завод 150 нафар аҳолии маҳаллӣ бо кори доимӣ фаро гирифта мешавад. Ташаббуси мазкур ба рушди инфрасохтори саноат дар ҳудуд, ҷалби сармояи хориҷӣ ва боз ҳам ривоҷ додани ҳамкорӣ бо давлатҳои берунӣ кӯмак мерасонад. Ин ҳама ба манфиат, ба фаровонии зиндагонии мардум нигаронида шудааст.

Ӯзбакбойи Раҳмон,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Навоӣ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: