Дар ноҳияи Қӯштеппаи вилояти Фарғона корхонаи замонавии истеҳсоли маҳсулоти бофандагӣ ва нассоҷӣ ба фаъолият оғоз кард.
Баргузории маросими ифтитоҳи он дар остонаи ҷашни бузургтарин ва азизтарин – 34-умин солгарди истиқлолият сурат гирифт ва боиси шодиву хурсандии мардуми зиёд гардид.
Корхонаи мазкур аз ҷониби ҶММ «Innovative Apparel» сохта шуда, ҳоло навбати аввали ин корхона ба кор даромадааст. Он дар ивази 15 миллион доллар сармояи мустақими ҳукумати Шри-Ланка бунёд ёфтааст. Маҳсулоти корхона ба кишварҳои Эрон, АМА, Таиланд, Покистон, Қирғизистон ва Русия содир мешавад.
Дар маросими ифтитоҳи корхона ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров ҷамъомадагонро ба муносибати 34-умин солгарди истиқлолияти давлатии мамлакат табрик кард.
– Соҳибкори имрӯза нерӯи пешбарандаи тараққӣ ёфтани мамлакат, бунёдгузори корхонаҳои азим мебошад, ки барои рушди иқтисодиёти кишвари азизи мо саҳми бузург мегузорад, – гуфт ҳокими вилоят. – Соҳибкорон ғайр аз он ки ба бунёди иқтидорҳои истеҳсолӣ ноил мешаванд, ҳамзамон барои бо ҷойи кор таъмин намудани мардуми зиёд саҳми арзанда мегузоранд. Натиҷаи меҳнати онҳо барои афзоиши содироти маҳсулот мусоидат менамояд.
Дар ноҳияи Қӯштеппа бунёд шудани чунин як корхонаи муосири ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳонӣ далели муҳим буда, дар ин самт нақши соҳибкори маҳаллӣ Музаффар Раззоқов арзанда мебошад. Ифтитоҳи чунин корхонаҳо иқтисодиёти ноҳияро ба куллӣ тағйир дода, дар фаровонии ҳаёти мардум нақши муҳим мебозанд.
– Имрӯз корхонаи мо беш аз 500 нафар занону духтаронро бо ҷойи кор таъмин кардааст. Онҳо паси мошинҳои дӯзандагӣ нишастаанд ва ба корҳои дӯхту дарзмоли либосҳои гуногун машғуланд. Баъди пурра мавриди истифода қарор гирифтани лоиҳа шумораи коргарон ба 3 ҳазору 500 нафар хоҳад расид, – мегӯяд Музаффар Раззоқов.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.