Саховат, ҳимматбаландӣ, кӯмак, дастгирӣ арзиши қадимии мардуми мост. Ин фазилати инсондӯстӣ хусусан дар рӯзҳои иду шодиёна бештар зоҳир мегардад.
Боиси хушнудист, ки дар рӯзҳои таҷлили 34-солагии истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо мақсади дастгирии оилаҳои эҳтиёҷманд тӯйҳои суннатӣ ва никоҳи фарзандони онҳо ба амал омад.
Яке аз чунин тадбирҳои сурурбахш бо ташаббуси ҳокимияти ноҳия ва шуъбаи ноҳиявии Иттиҳоди маҳаллаҳо дар ноҳияи Шофиркон баргузор гардид. Дар он тӯйи суннатии 34 нафар бачагони хонадонҳои мӯҳтоҷи дастгирии ҳудуди ноҳия сурат гирифт.
Дар он бо сардории ҳокими ноҳия Амир Файзуллоев, роҳбарон, мутасаддиён ва фаъолони маҳаллаҳо, собиқадорони меҳнат, падару модар ва наздикони оилаҳои соҳибтӯй иштирок карданд.
Ба сухан баромадагон дар бораи сиёсати халқпарварона, инсонпарваронаи сарвари давлат, шароитҳои фароҳамовардашуда баҳри рушдёбии ҷавонон ва наврасон таваққуф намуда, алоқамандони тӯи суннатиро бо рӯзи шодиёнаашон табрик намуданд. Ба бачагони тӯйшаванда аз ҷониби ҳомиён, идораҳои давлатӣ ва соҳибкорон сарулибос, туҳфаҳои арзандаи хотиравӣ, велосипед инъом гардид.
Санъаткорони шуъбаи маданияти ноҳия аҳли давраро бо савту сурудҳои дилнишин шод карданд.
Ин қабил тӯйи суннатию арӯсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бухоро, Ҷондор, Рометан, Ғиждувон, Пешкӯ, Когон ва ғайра ба амал омад.
А. Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.