Имсол дар вилояти Самарқанд низ соли нави таҳсил бо шиори «Барои Ватан, барои миллат, барои халқ!» оғоз ёфт.
Бори нахуст 87 ҳазору 380 нафар писаракону духтаракон ба остонаи мактаб қадам гузоштанд.
Дар «Занги аввалин»-и мактаби миёнаи рақами 43-юми шаҳри Самарқанд иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев ширкат варзид ва ҳозиронро бо Рӯзи дониш табрик кард.
– Бузургон фармудаанд, ки «барои халқ баъди нон мактаб зарур!»
Боиси ифтихору хушнудист, ки сарвари давлатамон ба масъалаҳои ҳалталаби таълиму тарбия аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд, – иброз дошт Адиз Бобоев. – Ҳоло дар вилояти мо як ҳазору 274 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ вуҷуд дошта, тамоми онҳо бо асбобҳои аёнӣ ҷиҳозонида шудаанд. Устодони соҳибтаҷриба ба шогирдон дар синфхонаҳои васеъ, хушҳаво, равшан сабақ медиҳанд.
Дар арафаи соли хониши нав дар вилоят қариб даҳ бинои хушсохту замонавӣ қад афрохта, ба истифодабарӣ супурда шуд. Боз ду мактаби нав то охири моҳи сентябри соли равон нахустин талабагонро қабул менамояд.
Сипас роҳбари вилоят ба талабагони синфи якум «Туҳфаи Президент», ки аз 12 намуди дарсӣ иборатанд, супурда, ба булбулакони боғи дониш комёбиҳо таманно намуд.
Инчунин дар мактаби миёнаи рақами 18-уми ноҳияи Самарқанд, ки дар деҳаи хушҳавои Оҳалик ҷойгир аст, соли хониши нав бошукӯҳ оғоз ёфт.
Директори мактаби мазкур Ашӯрбой Шоҳмақсудов ҳозиронро бо Рӯзи дониш табрик гуфта, таъкид намуд, ки аксарияти хатмкунандагон ба мактабҳои олии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон қабул шудаанд.
Таассуфовар аст, ки сол то сол шумораи синфҳои тоҷикӣ кам мешавад. Аз рӯйи маълумотҳои садорати томактабӣ ва мактабии вилоят имсол ба синфҳои тоҷикӣ дар қаламрави вилоят ҳамагӣ 460 нафар қабул шудаанду халос. Дар ноҳияҳои Ургут, Самарқанд, Пастдарғам ва Нуробод як-ду синфи тоҷикӣ ҳаст. Чаро мо аз марди донишманду равшанфикр Ашӯрбой Шоҳмақсудов ибрат намегирем?
Устод Садриддин Айнӣ фармудаанд:
Мактаб ба ту ёд медиҳад илму адаб,
Мактаб зи ту мебарад ғаму ранҷу тааб.
Як нуктаи мухтасар зи мактаб гӯям:
Одам нашавад касе, магар аз мактаб!
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.