Нахустин мактаби хусусии Қизилтепа

Ислоҳоти ояндасоз дар кишвар самараи худро дода истодаанд. Ин ҷараён дар соҳаи таълиму тарбия низ хуб ба мушоҳида мерасад.

Соҳибкорони ватанӣ дар бунёди муассисаҳои таълимӣ саҳм мегиранд. Бо ташаббус ва роҳбарии Ойбек Муродов аз ҷониби Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ворисони Бибираҷабая» дар маҳаллаи Сӯфиёни ноҳияи Қизилтепа муассисаи таълими ҳамагонӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуд. Муассиса нахустин мактаби хусусӣ дар ноҳия мебошад.

Ифтитоҳи мактаби навбунёд дар идомаи корҳои ободонӣ ба ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарорасии соли нави таҳсил барои омӯзгорону толибилмон ва сокинони маҳалла туҳфаи арзишманд мебошад.

Бинои ин таълимгоҳ бо назардошти талаботи соҳа, унсурҳои меъмории миллӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бо сифати баланд сохта шуда, синфхона ва дигар коргоҳҳои фаннӣ бо таҷҳизот ва аёнияти дарсӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Аснои шиносоӣ бо шароиту имконоти муассисаи нав ошкор гардид, ки коргоҳҳои фаннии кимиё, биология, физика, ҷуғрофиё, технологияи меҳнат, инчунин синфхонаҳои технологияҳои иттилоотӣ ва лингафонӣ мутобиқ ба талабот сохта шуда, ба ташаккули зеҳну тафаккури толибилмон заминаи мусоид хоҳад гузошт.

Дар ин маскани наву замонавӣ барои инкишофи зеҳни кӯдакон, аз худ кардани донишҳои замонавӣ ва машғул шудани онҳо ба бозиҳои гуногуни шавқовар низ шароити хуб фароҳам оварда шудааст.

Ҳокими ноҳия таъкид намуд, ки бунёди биноҳои нав, ворид намудани технологияи муосир барои омӯзиш ва дигар тадбирҳои андешида дар ҷумҳурӣ ба фаровонии зиндагии мардум, таъмини имрӯзу фардои босаодати насли наврас равона карда шудааст.

– Мактаби мо 240 нафар хонандагонро фаро гирифтааст, ки дар як баст таълиму тарбия мегиранд. Омӯзгорон ва хонандагонро гулчин намудаем, – гуфт зимни суҳбат Ойбек Муродов. – Мактаб ба омӯзиши васеи забонҳои англисӣ ва русӣ тахассусонида шудааст.

Ӯзбакбойи Раҳмон, хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: