– мегӯяд Фарҳод Ализодаи 88-сола набераи нахустин котиби масъули рӯзномаи «Овози тоҷик» Саидризо Ализода.
– Чанде пеш саргарми мутолиаи дастхатҳои бобоям будам, ки тақ-тақи дарвоза шуд, – ба суҳбат оғоз бахшид Фарҳод Ализода. – Наберагон хабар оварданд, ки меҳмоне аз Афғонистон омадааст ва ният дорад бо осорхонаи Саидризо Ализода шинос шавад.
Камина меҳмонро қабул кардам, шинос шудем. Маълум гашт, ки ӯ Аҳмад Азизӣ аз шаҳри Ғазнаи Афғонистон будаасту дар Олмон таҳсил гирифта, дар риштаи фалсафа доктори фанҳост ва муҳимаш ба фарҳангу тамаддуни мо дилбастагӣ доштааст.
– Се-чаҳор сол қабл аз ин дар растаи китобфурӯшии зодгоҳ нигоҳам ба асари қадимаи «Муросолот» афтод, – гуфт Аҳмад Азизӣ. – Муаллифи он Саидризо Ализода аз Самарқанд ва дар паҳлӯи он китоби дигари ӯ «Таърихи дунё» ба забони форсӣ-тоҷикӣ низ буд. Баъди мутолиаи онҳо ба муаллиф мароқ пайдо карда, аз китобхонаҳои Ҳиндустон, Покистон, Эрон, Олмон ва дигар кишварҳои ҷаҳон хеле маводи ҷолиби диққатро ба даст овардам. Тааҷҷубовар буд, ки Саидризо Ализода барои ривоҷу равнақи матбуот, мактабу маориф хидмати шоиста карда, бо тамғаи «душмани халқ» дар маҳбаси Русия ҷон ба Ҳақ супурдааст.
Ҳурмату эҳтироми ман нисбати ин марди донишманду равшанфикр афзуд ва доир ба ҳаёт ва фаъолияти ӯ асари тарҷумаҳолӣ навиштаам, ки рӯзҳои наздик ба забони англисӣ дар Берлин чоп хоҳад шуд. Дар шабакаи иҷтимоии форсӣ ба муносибати 100-солагии рӯзномаи «Овози тоҷик» чанд маводи ҷолиби диққат чоп шуданд, тавассути онҳо донистам, ки турбати ӯро аз Русия ёфта, дар Самарқанд ба хок супурдаанд.
– Дуруст, – тасдиқ кардам ман. – Ман аз соли 1959 ба омӯзишу ҷустуҷӯйи қисмати талхи бобоям машғул ҳастам. Соли 1977 аз қабристони маҳбаси шаҳри Владимир манзили охирини ӯро пайдо кардам ва хокашро ба Самарқанд оварда, дар қабристони Панҷоб, дар шафати қабри модаркалонам гузоштем.
Ба меҳмон нақл кардам, ки соли 1937, ҳангоми Саидризо Ализодаро аз Самарқанд ба Сибир бадарға кардан модарам – Шарофатбегим кӯдаки парпечро аз паси панҷара ба ӯ нишон додаанд ва бобоям сарамро навозиш карда, гуфтаанд, ки духтарам, набераамро эҳтиёт кун, иншооллоҳ, Фарҳодҷон ба камол расида, вориси муносиби сулолаи мо хоҳад шуд.
Шукри Парвардигор, ки башорати бобои маърифатпарварам рост баромад.
Рости гап, ба ман дидани ашки мӯйсафеди қариб 90-сола ниҳоят риққатовар буд. Аз ин рӯ, худро ба тамошои осорхонаи Саидризо Ализода банд сохтам.
Бояд гуфт, ки бо ғайрату ташаббуси Фарҳод Ализода дар осорхона беш аз ду ҳазор экспонат ҷамъ оварда шудаанд. Дар ин ҷо, аз ҷумла ҷузвбандҳои маҷаллаи «Шуълаи инқилоб» ва рӯзномаи «Овози тоҷик» ҳам ҳастанд.
Воқеан, олими афғонистонӣ Аҳмад Азизӣ ваъда додааст, ки чанд нусха аз китоби «Таърихи дунё» ва дигар асарҳои Саидризо Ализодаро аз кишварҳои хориҷӣ пайдо карда, ба Самарқанд ирсол хоҳад кард.
– Ман бо бобоям ифтихор дорам, – мегӯяд Фарҳод Ализода, – зеро тавре ки дар Қарори сарвари давлатамон «Дар бораи тайёрӣ ва баргузор кардани ҷашни сию чаҳорумин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қайд шудааст, дар ҷаҳон озодӣ ва истиқлоли миллии ҳама гуна давлат пойдевори муътамади сиёсӣ ва иҷтимоӣ, манбаи нирӯ ва қудрат ба шумор меравад, ки барои дарёфти мақоми сазовори субъекти байналхалқӣ дар ҷаҳон, таъмин намудани ҳаёти осудаву фаровони халқ, манфиатҳои муҳимтарини он хидмат мекунад.
Ман хеле хушҳол ҳастам, ки истиқлоли миллии мо ба шарофати ирода ва қатъияти халқи бебоку адолатхоҳ, фарзандони ҳушёри он, мисли бобоям Саидризо Ализода ва дигарон, барпо гардид.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.