Ифтитоҳи мактаб ба ифтихори математик ва мутафаккири бузург

Дар шаҳри Бухоро фаъолияти мактаби махсуси ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ, ки пурра ба талаботи замон ҷавобгӯ буда, бо тамоми воситаҳои зарурӣ муҷаҳҳаз аст, оғоз гардид.

Барои сохтмони мактаб 38,8 миллиард сӯм ҷудо карда шуд. Бинои таълимӣ барои 504 ҷой, хобгоҳ барои 222 ҷой, ошхона ва маҷлисгоҳ барои 250 нафар, инчунин толори варзишӣ бунёд ёфтанд. Синфхонаҳои физика, кимё, биология ва робототехника бо таҷҳизоти лабораторӣ муҷаҳҳаз гардонда шуданд. Ин муассиса на танҳо маркази муосири таълимӣ, балки як маъхази маънавӣ хоҳад гардид, ки насли ҷавонро бо мероси илмии олим ва мутафаккири бузург ал-Хоразмӣ ошно месозад.

Дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳ ҳокими вилоят Ботир Зарипов, роҳбарони ташкилотҳои соҳавӣ, намояндагони ҷомеаи васеъ ва воситаҳои ахбори умум ширкат варзиданд. Ҳокими вилоят паёми табрикии Президентро ба хонандагон қироат намуда, аҳамияти мактаби навро дар доираи ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар низоми маорифи кишвари мо амалӣ мегарданд, махсус қайд кард.

Илова бар ин, Б. Зарипов ҳамаи хонандагон ва муаллимонро бо оғози соли нави таҳсил ва 34-умин солгарди истиқлолият табрик намуд.

Меҳмонон бо шароит ва имкониятҳое, ки барои таълим ва тарбияи босифати хонандагон фароҳам оварда шудаанд, аз наздик шинос шуданд.

Зариф КОМИЛОВ,

мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: