Дилором Назарова моҳи декабри соли 1967 дар деҳаи зебоманзари Гулистони ноҳияи Сариосиё дар оилаи шахси зиёӣ, фарҳангдӯсту маърифатпарвар – Назирбой Назаров ба дунё омадааст.
Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,
Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.
Оре, ҳақ бар ҷониби шоири шаҳир – Сайидои Насафӣ. Дар дунё ҳар як чиз маҳсули кор ва ё ҳунари шахсест. Самараи меҳнати муаллим чист?
Инсон! Маҳз тавассути заҳматҳои омӯзгор инсон таълиму тарбия мегирад, камол меёбад.
Ҳеч кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеч оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеч Мавлоно нашуд муллои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.
Мо ҳоло дар бораи нафаре ҳарф заданием, ки номи ӯро шумо дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ, фейсбуку шабакаҳои иҷтимоӣ зуд-зуд вомехӯред. Аз як тараф худи ӯ дар ин расонаҳои хабарӣ ҳамчун омӯзгори эҷодкор фаъолу сермаҳсул бошад, аз дигар тараф фаъолияти пурсамараш, чорабиниҳои маданиву маърифатие, ки дар мактабаш бо роҳбарии ӯ баргузор мегарданд, ин расонаҳо пайваста ташвиқу тарғиб мекунанд. Шогирдони тарбиякардааш бошад, ифтихору номбардори ӯву мактаб, волидайну халқу Ватан ҳастанд.
Дилором Назарова моҳи декабри соли 1967 дар деҳаи зебоманзари Гулистони ноҳияи Сариосиё дар оилаи шахси зиёӣ, фарҳангдӯсту маърифатпарвар – Назирбой Назаров ба дунё омадааст. Сулолаи Назаровҳоро дар ноҳияву берун аз он ҳама мешиносанд, зеро аз оилаҳои намунавӣ маҳсуб меёбанд. Муҳити созгору маърифатпарвари оила Дилороми донову зиракро, ки дар оила ягона духтар буду дар мактаби рақами 38-уми овозадор таълиму тарбияи ибтидоиро гирифтааст, низ ба роҳи илму маърифат раҳнамун сохт. Баъди хатми мактаби миёна ба шифокор Абдуалӣ Муродуллоев ном ҷавон хонадор шуд. Меҳри илму маърифатомӯзӣ, ки дар дилаш пайваста ҷӯш мезад, ҳам бо кори оилаву рӯзгор, тарбияи фарзанд машғул мешуду ҳам илму дониш андӯхта, маълумоти олӣ гирифт. Ӯ ба туфайли гирифтани сабақи устодони бузург имрӯз худ ба дараҷаи баланди устодӣ расидааст. Чунончи шоир гуфтааст:
Домани устод гиру шод шав,
Муддате хидмат куну устод шав.
– Барои камолоти ҳар як кӯдак, ҳар як шахс пеш аз ҳама устод заҳмат мекашад. Ӯ кӯдакеро, ки дар бораи олами атроф тасаввуроти казоие надорад, тимсоли ягон ҳарфро намешиносад, аз олами одамгарию маърифат дар канор аст, ба вуҷуди ҳассос, ҷаҳонбин ва одамшинос табдил медиҳад, – мегӯяд қаҳрамони мо, омӯзгори соҳибилму ботаҷриба Дилором Назарова. – Ман ҳам он рӯзҳое, ки ба остонаи мактаби рақами 38 қадам гузоштам, беназму бесалиқа ва гумроҳу аз олам бехабар будам. Дар вуҷуди тираи ман устоди арҷманд Ҳикматулло Мирзоев чароғи илму маърифатро фурӯзон намуданд. Ман ҳарфу рақамҳои аввалин, фарқ карда тавонистани дасти чапу ростро аз ин марди ҳалиму хоксор омӯхтам. Баъдтар дар синфҳои болоӣ аз фанни забону адабиёти тоҷик аз марди накӯхислату фарҳангдӯст Исмоил Шарифзода ва шоири хушкаломи воҳаамон – Абдуллоҳи Раҳмон илми адаб омӯхтам.
Муаллима – Дилором Муродуллоева (Назарова) ингуна суханҳои самимиро нисбати мактабу устодонаш баён мекарду дар чашмонаш ашк ҳалқа мезад. Инчунин ёдовар мешуд, ки ҳангоми мактабхонӣ дар озмунҳои фанни забону адабиёти тоҷик фаъолона иштирок менамуд, ки роҳнамояш устоди шодравон – Абдуллоҳи Раҳмон буд. Меҳри ин фанну ин касб ӯро ба шаҳри Душанбе бурд. Дар Донишкадаи омӯзгории ба номи Қандил Ҷӯраев (ҳозира С.Айнӣ) хонда соҳибмаълумот гардид.
Дилором аз соли 1987 инҷониб дар мактаби рақами 12-ум ба наврасон аз фанни забону адабиёти тоҷик дарс мегӯяд. Соҳиби тоифаи олӣ, дорандаи унвони «Аълочии маорифи халқи Ӯзбекистон» ва чандин нишонҳои сарисинагист. Муаллима соли 2000 дар озмуни «Муаллими сол» ва соли 2007 дар озмуни «Муаллими беҳтарини фан» ғолиби мутлақи ноҳия гардида, дар вилоят сазовори ҷойи фахрии 2 гардидааст.
Ӯ аз зумраи устодонест, ки шавқу завқи шогирдонро нисбат ба илму фан бедор карда метавонад. Аз анъанаву усулҳои замонавӣ ва технологияи нав фаровон истифода мебарад. Шогирдонаш аз соли 1996 инҷониб дар озмунҳои фанни забону адабиёти тоҷик дар ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ сазовори ҷойҳои фахрӣ гардидаанд, ки онҳо: Робия Исматова, Дилафрӯз Муродуллоева, Садбарг Исматова, Дилдора Назарова, Дилфуза Муродуллоева, Дилноза Муродуллоева, Муҳиба Одинаева, Маҳҷабин Иброҳимова, Достон Ҷумъаев, Робия Ҳоҷимуродова, Гулрухсор Сафарова, Манижа Муродуллоева, Нозия Ҳакимова, Сабрина Набиева ва дигаронанд.
Дилором Назарова, ки худ омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик ва эҷодкор аст, ба тарғибу ташвиқи забони тоҷикӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ пайваста мекӯшад. Барои дастгирӣ намудани нашрияҳои тоҷикии «Овози тоҷик», «Ховар», «Дурдонаи шарқ», «Сариосиё» ҳамеша талош меварзад, матолиб дарҷ месозад, шогирдону омӯзгорон ва дигаронро низ ба ин талқин мекунад.
– Шояд шавқмандӣ ба забон ва адабиёти тоҷик ба ман низ аз аммаҷонам гузашта бошад, – мегӯяд роҳбари шабакаи телевизионии «Ориён»-и Самарқанд Дилрабо Назарова. – Зеро аз он замоне, ки хурд будам хуб дар хотир дорам, ки ягона аммаам Дилором Назарова, ки он замон духтари қадрас буданд, хеле бисёр китоб ва рӯзномаву маҷалла мутолиа мекарданд. Меҳри илмомӯзиашон он қадар ҳам зиёд буд, ки баъди ба шавҳар баромадан ба маълумоти олӣ соҳиб шуда, яке аз муаллимҳои фаъолу пешқадами ноҳия ва берун аз он гардиданд.
Дар симои инсонҳои комил ҳама хислату фазилатҳои хуби инсонӣ муҷассам. Дилором Назарова бо сурату сирати зебояш аз дигарон фарқ карда меистад. Чеҳраи кушоду доим ба табассум моилаш, қалби поку беолоиш, нарму хоксору ботамкин ва раҳмдилу меҳрубон буданаш ӯро чунин зебо ва фариштахӯ кардааст. Ӯ дар оила зани вафодору ба фарзандон модари мушфиқ, ба шогирдон устоди меҳрубону дар ҷамоа соҳибкасби сазовори эҳтиром. Ӯ омӯзгорест, ки ба туфайли таълиму тарбияи устодон худ ба дараҷаи устодӣ расидааст ва ҳатто шогирдонаш низ имрӯзҳо чун устод эътироф гардидаанд.
Моҳи феврали соли ҷорӣ муаллимон – даъвогарони марҳилаи якуми изофапулии вазири таълим қувваозмоӣ намуданд, ки барои омӯзгорони воҳаи Сурхон ин санҷиш дар шаҳри Тирмиз баргузор гардид. Муаллима Дилором Муродуллоева дар ин санҷиш иштирок намуда, аз 100 имконият 92,5 холро соҳиб гардид. Моҳи май бошад, марҳилаи дуюми ин санҷиш боз дар Тирмизшаҳр (барои омӯзгорони воҳаи Сурхон) баргузор шуд.
Дилором Муродуллоева ёдовар мешавад, ки ҳангоми дар марҳилаи дуюм иштирок карданаш ҳакамҳо ба ӯ «худатонро шинос кунед» мегӯянд. Ӯ худро бо забони модарии хеш ва бо назм муаррифӣ менамояд:
...Ассалом, эй мухлисони ҷодаи аҳли сухан,
Мардуми озодафикри ҷамъ дар ин анҷуман.
Ассалом, эйдоварони сахтгиру ростҷӯ,
Аз Шумо ҷӯям ҳақиқат чун ҳакам бегуфтугӯ.
Мефиристам ман саломи оташини қалби худ,
Ҳасби ҳолам бишнавед акнун кӣ ҳастам дар вуҷуд...
Аз ҷониби ҳакамон ба ӯ боз якчанд савол дода мешавад ва аз ҷониби муаллим ҷавобҳои возеҳу саҳеҳ гуфта шуда, аз 10 имконият соҳиби 8 хол гардида, сазовори изофапулии вазир гардид.
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.