Ҷилвон дашти хушманзаре, ки дар канори шимолии вилояти Бухоро бо ҳаммарзии Қизилқум, дар ҳудуди ноҳияи Шофиркон ва қисман Ғиждувон ҷойгир аст. Оиди этимологияи ин калима якчанд тахмин мавҷуд, ки аз ҷиҳати маъно тафриқа доранд.
Аз рӯйи маълумотҳо корҳои азхуд кардани як қисми ин биёбон дар асрҳои миёна оғоз ёфта будааст. Он замон дар саҳрову биёбонҳо бодиянишин ва роҳзанҳо бисёр буданд. Барои эмин нигоҳ доштани корвон ва аҳолии маҳаллӣ аз ҳуҷуми роҳзанҳо аз тарафи аморати Бухоро мансаби сарҳадбонон – ҷил бон ҷорӣ карда шуд, ки онҳо соҳибҳуқуқи назорати корвонҳое буданд, ки ба шаҳри Бухорову Вардонзе меомаданд.
Баъдтар ин истилоҳ ба номи мавзеъ табдил меёбад. Дар замони Шайбониён ҷӯйи Ҷилвон кофта мешавад. Дар натиҷаи тӯфонҳои сахти рег, ки солҳои 1640, 1880 ва 1920-ум ба амал омада буданд, деҳаҳои доманаи Ҷилвон зери рег мемонад. Як қисми аҳолӣ ба ҷойҳои дигар кӯчида мераванд. Ин дар асарҳои Садриддин Айнӣ низ қайд шудааст. Баъд аз ташкил ёфтани ноҳияи Шофиркон корҳои азхуд ва ободгардонии даштҳои Ҷилвон оғоз меёбад, ки ба он Ҳамро Полвони Бухороӣ сарварӣ намудааст.
Дар як манбаи ӯзбекӣ бошад ин маълумот баръакс — ҳамчун макони роҳзанҳо маънидод шудааст, яъне роҳзанҳо барои худашон аз дохили юлғунзорҳои Қизилқум маскане пайдо карда буданд ва бинобар ин «ҷил» маънои роҳзанро дораду «бон» ифодакунандаи номи макон. Бо мурури замон истилоҳи ҷилбон ба ҷилвон табдил ёфтааст.
Дар давоми солҳои 1927-1928 ҷӯйи нави 35 километраи Ҷилвон кофта мешавад, ки аз ҳудуди ноҳияҳои Ғиждувон ва Шофиркон гузашта, дертар дарозии он ба 50 км расидааст. Дар ибтидои асри мо корҳои азхудкунии биёбонҳои Ҷилвон ба охир мерасад. Дар ҷойи он чандин деҳаи нав бунёд шудааст, ки шаш деҳа бо ин ном маъруф аст. Барои фарқ кардани онҳо Ҷилвони якум, Ҷилвони дуюм.... Ҷилвони шашум ном мебаранд.
Тахмини дигар он аст, ки «Ҷилвон» шояд аз калимаи арабишудаи «чупон»-и форсӣ-тоҷикӣ – «шубон» пайдо шуда бошад. Дар ин деҳаҳо чӯпонон ё чорводорони зиёд бештар истиқомат мекарданд, ки дар баъзе гӯишҳо онҳоро шубон низ мегуфтаанд...
Алимурод Темиров,
ноҳияи Шофиркони вилояти Бухоро.