Дар фазо парвоз кардам, гарчи аз рӯйи замин...

Боғи баланд ва деҳоти атрофи он аз мавзеъҳои хушманзараи Самарқанд буда, ҳанӯз аз замонҳои қадим таваҷҷӯҳи ҳокимони вақт ва меҳмонони Сайқали рӯйи заминро ба худ кашидааст.

Мардуми меҳнатқарини ин музофот аз азал бо боғдориву кишоварзӣ шуҳратёр гардидаанд. Бахусус анҷири ширини ин ҷо, ки аз оби чашмаи Оби Раҳмат баҳраманд мегардад, нуфузи зиёд дорад.

Мардум баробари соҳибкору кишоварзӣ соҳиби ҳунарҳои воло ва эҷодкор ҳам ҳастанд. Беҳуда нест, ки шоири маърифатпарвар Абдулғанӣ Ҷавдат дар мадҳи Самарқанд, дар таърифи анҷири Боғи баланд ва соҳибкорони меҳнатқарину меҳмоннавози он ғазалҳои хубу равон гуфтааст.

Дар солҳои аввали баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ Самарқанд васеътар гардида, дар заминҳои Боғи баланд ва атрофи он, ки аз он хати роҳи оҳан мегузарад, чандин корхонаи хурду калони саноатӣ, анборҳои гуногуни масолеҳи бинокорӣ, сӯзишворӣ ва ғайра бунёд шуданд. Аэропорти Самарқанд низ аз дашти Чунгул, воқеъ дар доманаи кӯҳистони Оҳалику Миронқул, ба ҳамин мавзеъ кӯчонида шуд. Дар натиҷа бисёре аз мардуми ин минтақа пайваста бо боғдорию кишоварзӣ ба корҳои саноату сохтмон, хидматрасонӣ дар аэропорт ҷалб гардиданд. Ба як маънӣ дар Боғи баланд ва атрофи он синфи нави коргару хидматчӣ ба майдон омад.

Аз ҷумла зану шавҳар Аҳмадҷон ва Шарифа Рӯзимуродовҳо, ки замоне дар зодгоҳи худ – деҳаи Чоршанбе, ки ба Чунгул наздик аст, мезистанд, дар аэропорти навбунёд чун коргар-хидматчии одӣ кор сар карданд. Онҳо баъди ба Боғи баланд кӯчидани аэропорт ба ин деҳа кӯч бастанд ва ҳамчун ходими аэропорт ба нафақа баромада, дар ҳамин деҳа то поёни умр зиндагӣ ба сар бурданд. Ҳоло фарзандону набераҳо чароғи хонадонро фурӯзон медоранд.

Шаҳриёр 15 сентябри соли 1958 дар ана ҳамин оилаи серфарзанд баъди як духтару се писар ба дунё омад, пас аз вай боз се писару як духтар таваллуд шуданд. Шаҳриёр бо як ифтихори хоса мегӯяд, ки фарзанди миёнаи хонавода аст. Аксар фарзандони ин оила, аз ҷумла Шаҳриёр таълими миёнаро дар мактаби таҳсили ҳамагонии рақами 10-уми ноҳияи Самарқанд, воқеъ дар Боғи баланд гирифта, баъди анҷоми мактабҳои олӣ ба ҳаёти бузург қадам гузоштанд, бисёрии онҳо дар аэропорти Самарқанд дар вазифаҳои гуногун хидмат кардаанд. Ҳоло баъзе фарзандони онҳо низ дар он ҷо кору хидмат мекунанд.

Шаҳриёр солҳои 1965-1975 дар мактаби номбурда таҳсил карда, соҳиби маълумоти миёна шуд. Баъди хатми мактаб соли 1976 дар аэропорт чун коргари одӣ ба хидмат пардохт. Бинобар шавқу ҳаваси ба таҳсил доштааш соли 1977 ба шуъбаи шабонаи бахши забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шуда, онро соли 1983 бо дипломи аъло хатм намуд. Баъдан аз соли 1983 то соли 1986 дар Донишгоҳи техникии идоракунии авиатсияи шаҳрвандии Ленинград таълим гирифт.

Солҳои 1988-1990 дар Академияи авиатсияи Ленинград таҳсил намуд. Дар аэропортҳои Самарқанд ва Тошканд дар вазифаҳои масъул кор кард.

– Моҳи октябри соли 1992 маро ба Эрон сафарбар намуданд. Дар он ҷо низ кори Ширкати авиатсиониро хуб ба роҳ мондем, – мегӯяд Рӯзимуродов.

Баъди ин Шаҳриёр ба вазифаи муовини аввали раиси Ширкати авиатсионии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» таъин гардид.

Шаҳриёр соли 1980 бо шарикдарси худ Олия Солиева издивоҷ намуда, пасу пеш соҳиби шаш духтари нозанину мастура – Гулшан, Шаҳзода, Фарангис, Зарнигор, Беназир ва Диёра шуданд.

Шаҳриёр аз таваллуд шудани фақат духтарон андӯҳгин нест, баръакс баъзан ба ҳамсараш мегӯяд:

Машав ғамгин агар духтар бизодӣ,

Ки аз духтар расад пайваста шодӣ.

Басо духтар, ки соҳибтоҷ гардад.

Ба пешаш сад писар мӯҳтоҷ гардад.

Соли 2002 духтари калонӣ – Гулшан Донишгоҳи дипломатияро хатм кард ва шомили Донишкадаи Нью-Йорк шуд.

Зарнигор бо шавҳараш Ҷаҳонгир ва фарзандашон Султон, Фарангис бо ҳамсараш Исмоил ва се фарзанд, Шаҳзода бо писараш Самандар, Беназир ҳамроҳи Салима ва Умар дар шаҳрҳои гуногун зиндагӣ доранд.

Шаҳриёр ва Олия падару модари хушбахт, соҳиби 10 нафар набера ҳастанд.

Аз ҳолномаи мухтасари Шаҳриёр Рӯзимуродов маълум гардид, ки ӯ ҳамчун як ҷавонмарди соҳибмаърифат ба мақсади таҳсилу такмили дониш ва адои вазифа дар бисёр шаҳрҳои олам шудааст, бо бисёр одамони касбу кори гуногун – аз коргарони одӣ то сарварони давлатҳо ҳамсуҳбат гардидааст.

Ин марди фозил, маърифатпарвар ва фарҳангдӯст аз пайи таъсис додани маркази миллию мадании ҳамватанон дар шаҳри Бруклини Ню-Йорк хидматҳои арзанда кардааст. Бо маслиҳати ӯ мо китобҳои «Самарқандиён дар Амрико» ва «Тазкираи эҷодкорони муҳоҷир»-ро ба нашр тайёр намудем. Бо саъйи ӯ китоби собиқ роҳбари Ӯзбекистон Рафиқ Нишонов «Дарахтон то бӯрон сарзабзанд»-ро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардем. Ин китоб бо дастгирии марди равшанзамир, журналист Раҳимҷон Султонов нашр шуд.

Алҳол худи Шаҳриёр Рӯзимуродов низ бо навиштани китоби хотираҳо машғул аст.

Мавсуф замини Самарқанд, одамони меҳнатқарину эҷодкор ва меҳмоннавоз, соҳибкорону боғбонони Боғи баланд, пайвандону наздикон, дӯстони худро пазмон шуда зуд-зуд ба Самарқанд меояд, бо дӯстон суҳбатҳои фарҳангӣ ташкил менамояд.

Шаҳриёр дар ҳама ҷою ҳама кор маслиҳатгӯю мададгори ҳамагон аст.

Аслиддин ҚАМАРЗОДА,

Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: