Факултети инноватсионӣ дар бинои нав

Дар арафаи ҷашни 34-умин солгарди Истиқлолият дар Донишгоҳи давлатии Намангон боз як воқеаи фараҳбахшу таърихӣ рӯй дод. Бинои нави факултаи инноватсионии донишгоҳ, ки дар мавзеи Намангони Нав барпо гардида буд, ба истифода дода шуд.

Дар чорабинӣ ҷонишини вазири таълими олӣ, фан ва инноватсия Сарвар Бузрукхонов, ҳокими вилоят Шавкатҷон Абдураззоқов, сенатор Икромхон Наҷмиддинов, вакилони ҷамоатӣ, профессорони донишгоҳ ва талабагони фаъол иштирок намуданд.

Барои сохтмони бинои нав 91,2 млрд. сӯм маблағ харҷ гардид. Бинои нави замонавӣ дорои 2 ҳазор ҷойи нишаст ва толорҳои муҷаҳҳаз, лабораторияҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст мебошад. Ин барои таълими босифат гирифтани талабагон аҳамияти калон дорад.

Донишгоҳи давлатии Намангон яке аз калонтарин муассисаҳои таълими олии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Ҳоло дар ин ҷо 18483 нафар талабагон таҳсил мегиранд. Беш аз 610 нафар профессорону муаллимон барои дониши мукаммал додани донишҷӯён масъуланд. 

Шоҳида Даминова,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: