Корбасти рӯзнома дар дарси забони тоҷикӣ

Хонандаеро, ки дар партаи мактаб нишаста ба гуфтаҳои устод эътибор медиҳад, бояд эҳтиром кард. Зеро ӯ ҳарфҳои муаллимро дуруст медонаду дар лавҳи хотираш нигоҳ медорад.

Аз ин лиҳоз омӯзгор бояд ба дарс бештару беҳтар омода гардад. Бинобар ҳамин хостем як қадами ҷадидро дар роҳи омӯзиши мавзӯи «Жанрҳои рӯзноманигорӣ», ки дар китоби дарсии синфи 6 (Таваккал Чориев, Ғайрат Раҳимқулов, Тошканд – 2022) пешниҳод шудааст, дида бароем. Мавзӯи номбаршуда рӯзмарра буда, корбасти газетаҳои тоҷикии кишвар мутобиқи он аст. Алалхусус, огоҳ будан аз нашрияҳои тоҷикии кишвар, донистани мақола ва тарзи навишти он, дарки таърихи рӯзнома, нақши рӯзнома дар ҳаёти ҷомеа, таҳлили ҷумла аз мақола, маълумот оиди касби рӯзноманигорӣ, фарқ карда тавонистани жанрҳои публитсистӣ ва амсоли инҳо мебошад. Масалан, ҳангоми омӯзонидани мавзӯи «Жанрҳои рӯзноманигорӣ» чунин роҳро тай кардан бартарӣ дорад: оғози қисми ташкилии дарс, ба гурӯҳҳо тақсим кардани хонандагон, ба вобастагии мавзӯъҳо эътибори ҷиддӣ зоҳир кардан, баёни мавзӯи нав.

Дар ин раванд риштаи суханро аз дарси гузашта ба имрӯза пайваст намуда, оғоз кардан муҳим аст. Баъдан мавзӯи «Жанрҳои рӯзноманигорӣ»-ро ба ҳукми хонандагон эълон карда, аз дирӯз ва имрӯзи рӯзнома мухтасар маълумот баён менамоем. Ин лаҳза фикри Садриддин Айнӣ «Қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад»-ро таҳлил менамоем ва рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Садои Сӯх»,  «Овози Самарқанд» ва «Ховар»-ро, ки нашрияҳои тоҷикии Ватанамон мебошанд, ба дасти гурӯҳҳо медиҳем. Аъзои гурӯҳҳо аз рӯзнома панҷтогӣ ҷумлаи содаро муайян менамоянд ва он ҷумларо аз ҷиҳати мазмун ва грамматика таҳлил менамоянд. Кадом гурӯҳ бе кӯмаки муаллим беҳтар таҳлил намояду мулоҳиза гӯяд, ба ҳамон гурӯҳ баҳои аъло гузошта мешавад. Сипас, фаъолияти эҷодии гурӯҳҳоро месанҷем, ки шарти он дар саҳифаи 80-уми китоби дарсии синфи 6 дарҷ гардидааст. Эътибори аҳли синфро ба он нигаронида, ба пурсиши «Матнро хонед ва фикру мулоҳизаҳои хешро баён намоед»  посухро интизор мешавем. Аз варақчаи саволӣ истифода кардан мумкин, ки онро пешакӣ омода карда, корбаст менамоем.

Саволи 1. Шакли дурустро муайян кунед: а) Камол ба рӯзномаи Овози тоҷик обуна шуд. б) Камол ба рӯзномаи «Овози тоҷик» обуна шуд.

Саволи 2. Жанрҳои рӯзноманигориро муайян кунед: а) очерк, хабар. б) гиреҳбандӣ, авҷ. Ҳамин тавр саволҳоро идома медиҳем.

Ғайр аз ин, дар таркиби мавзӯи «Жанрҳои рӯзноманигорӣ» омӯзиши зарбулмасал ва хелҳои он пешкаш шудааст, ки омӯзиши инро низ ба рӯзнома вобаста карда омӯхтан мумкин. Яъне дар мавзӯи мақола ва ё дар таркиби матни мақолаҳо журналистон аз зарбулмасалҳо истифода мекунанд, ки мо ҳам бояд намуди он ва мавриди истифодаашро донем. Масалан, зарбулмасалҳо дар мавзӯъҳои гуногун, хусусан, дар бораи меҳнат: «Тилло дар оташ, одам дар меҳнат маълум мешавад», табақаи иҷтимоӣ: «Замона аз они зӯр, тамошо аз они кӯр», оиди ахлоқ: «Аз дилозор, Худо безор» ва ғайра маълумот овардан ва дарки он ҷоиз аст.

Дар бахши мустаҳкамкунии дарс оиди лавҳа, очерк, таҳқиқи журналистӣ, тақриз, хабар ва репортаж маълумот дода, аз рӯзнома кадом матн ба кадоме аз инҳо мансуб буданашро дақиқ нишон додан фоидаовар аст.

Ҳадаф аз корбасти рӯзнома дар дарси забони тоҷикӣ дар чист? Ба ин савол чунин ҷавобҳоро овардан мумкин. Алҳол баъзе хонандагон аз нашри рӯзномаҳои тоҷикӣ бехабаранд, ки шоҳидаш шудаем. Рӯзнома – ғизои маънавият буданашро дарк намекунанд. Рӯзнома дониши лингвистиро вусъат мебахшад, ки ҳар як донишомӯз бояд мутолиа кунад. Рӯзмаррагии ин роҳ ҳам дар он аст, ки мутаассифона аксаран хонандагон аз интернет номатлуб истифода карда, газета намехонанд. Ин боиси заифшавӣ дар навишт ва нутқи даҳонии озод аст. Ба таври умум гӯем, алоқамандии мактабу матбуотро гиромӣ дошта, баробари машғулиятҳои мактабӣ ба мутолиаи рӯзнома шуғл варзидан салоҳияти модели 4 К-ро, ки дар мадди аввали таълими кунунӣ аст, таҳким мебахшад. Маҷмӯи методи таълимии 4К  аз ҳамкорӣ, муошират, танқидӣ ва эҷодӣ иборат аст.

Ҳотамалӣ Раҳматов,

омӯзгор аз ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: